Агар хомӯш биншинем, гуноҳ аст

Тақвияти худшиносии миллӣ — омили рушди идеяи миллӣ

№18 (4601) 31.01.2023

Дар шароити кунунӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти комили сиёсию фарҳангӣ ва иқтисодию геополитикӣ ба даст овардааст, доир ба арзишҳои моддӣ ва маънавӣ андеша баён кардан салоҳияти пажӯҳишгарон аст, зеро дар вазъияти пурпечутоби сиёсии ҷаҳони мутамаддин танҳо қишри хирадгарои ҷомеа метавонад дар рушди тафаккури мардум таъсири мусбат расонад.

Сабақи таърих инсониятро роҳнамоӣ мекунад, то ба боргоҳи мақсуд бирасад, вале кам шудааст, ки инсонҳо ба панди таърих гӯш дода бошанд. Ба қавли файласуфи бузурги олмонӣ Ҳегел, «таҷриба ва таърих нишон медиҳад, ки халқҳо ва ҳукуматҳо аз таърих ҳаргиз чизе наомӯхтаанд ва мувофиқи панде, ки аз таърих гирифтаанд, амал накардаанд».

Аз ин ҷост, ки ҳодисаҳои таърихӣ дар марҳилаҳои гуногун дар шаклу навъи дигар такрор мешаванд. Зарурат ва амри воқеӣ муҳаққиқонро водор месозад, ки ҳамеша башариятро аз фоҷиаҳои бузурги иҷтимоию сиёсии замон ҳушдор диҳанд. Ба ин матлаб моҷароҳои пурпечутоби даҳаи охири асри гузашта мисол шуда метавонанд, ки аз як сӯ, пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравиро пеш овард ва аз сӯи дигар, мустақилияти давлати моро бо мушкилтарин ҳолати низоъовар, ки бунёдаш тафриқаҳои ифротии таҳмилӣ буданд, рӯ ба рӯ гардонид. Дар ҷараёни он даргириҳо мураккабтарин вазъи иҷтимоӣ ба миллати тоҷик соя афканд ва хатари нест шудани миллат ва маҳрум шудани он аз тафаккури миллӣ пеш омад, вале бо амри тақдир зимоми давлатдорӣ ба зиммаи шахсияти ватандӯсту давлатсоз ва ваҳдат­офар – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афтод, ки марҳила ба марҳила он даҳаи пур аз низоъ паси сар шуда, барои ин миллати азияткашида дарси ибрат шуд.

Бешак, бо ташаббус ва роҳнамоиҳои бевоситаи ин марди фарзона истиқлолияти комили сиёсӣ ба даст омада, дар заминаи он ваҳдати миллӣ, ки бунёди он аз тафаккури миллӣ маншаъ мегирад, эҳё гардид. Бо назардошти ҳастии тафаккури миллӣ рушду суботи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлату ҷомеа таъмин гардида, суботу амнияти миллӣ истиқрор ёфтааст.

Чун мафҳумҳои зикргардида аз рӯи сохтор мавқеи устувори ­худро мукаммал доранд, ташаккулу тақвият додани ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва тафаккури миллӣ, ки вижагии миллати тоҷик дар доманаи таърих будаанд, муҳим дониста мешавад.

Ҳувияти миллӣ, ки давраи тӯлонии ташаккулёбиро пушти сар намудааст, вобаста ба вазъи сиёсӣ дар шаклу мазмуни гуногун маънидод шуда, омили асосии устуворӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ маҳсуб мешавад.

Мафҳуми он бевосита ба ҳастии шахс марбут буда, на танҳо фарогири мансубият ва фазои фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ аст, балки ба забон, марз ва дар маҷмӯъ ба тамоми арзишҳои миллӣ, давлату миллат мутааллиқ аст. Вобаста ба методҳои илм ҳувият хусусияту нишонаҳои равонии шахс­ро дар бар гирифта, тасаввуроту ҷаҳонбинии онро нисбат ба гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ муайян менамояд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки бархӯрди тамаддунҳоро ба вуҷуд овардааст, таҳкиму рушди давлати миллӣ ва тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ яке аз омилҳои аввалиндараҷа дониста мешавад. Бидуни ҳувияти миллӣ дар вазъи номутаносиби ҷаҳони муосир ва фишорҳои пардапӯшонаи шаклию идеологии давлатҳои абарқудрат тасаввур кардани давлати миллӣ ва эҳсоси ҳастӣ намудани шахси комил, имконнопазир аст. Аз ин рӯ, барои тақвияти ҳувияти миллӣ метавон омилҳоеро ҳамчун асос истифода намуд, ки ҷомеаро аз хатарҳои дохилию берунӣ, аз қабили хурофотпарастӣ, ситезаю низоъҳои оилавӣ, каҷрафторӣ, моҷароҳои қавмиву мазҳабӣ, ифротгароӣ ва дигар падидаҳои харобиовари замони муосир наҷот бахшида, дар ин замина, барои беҳбуд бахшидани ҳолати иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии шаҳрвандон мусоидат намояд.

Баъд аз он ки шахсияти комил ба воситаи худшиносӣ ҷавҳари аслии худро дарк мекунад, ӯро лозим аст, ки мазмуни андешаашро дар тафаккур татбиқ намояд. Барои амалисозии ин раванд дарки таърихӣ ва таҳаввулпазирии он хеле муҳим аст.

Хулоса, ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва идеяи миллиро метавон ҳамчун воситаи таъмини амнияти устувор ва дар амал ҷорӣ намудани сиёсати давлат дар роҳи ҳифзу нигоҳдории мувозинати ҷамъиятӣ ва таъмини ягонагӣ дар замони пур аз тазоду бархӯрди тамаддунҳо донист. Ягона воситаи суботу амнияти иҷтимоӣ ва рушди тафаккури миллӣ муҳиму зарурӣ ва роҳнамои ояндаи босуботи кишвар эътироф намудани иттиҳоди фикрии миллат ва ваҳдати қалбҳо мебошад.

Баҳманёр СУЛАЙМОНӢ,

номзади илмҳои фалсафа,

дотсенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДДЗТ ба номи С. Улуғзода