Дар толори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ» доир гардид.
Қабл аз оғози семинар ҷавонону донишҷӯён аз «Кохи Наврӯз» дидан намуданд. Онҳо аз тамошои толорҳои «Зарандуд», «Гулистон» ва «Ойинабандӣ» як ҷаҳон таассурот бардоштанд. Семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода Махфират Умар, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Сулаймон Пирхонович, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавонон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, техникуму коллеҷҳо ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалию ҷамъиятӣ баргузор гардид.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро иштирокчиёни семинарро бо фарорасии фасли баҳор табрик намуда, зикр кард, ки гурӯҳҳои ифротгаро дар тамоми гӯшаву канори дунё ҷавононро бо ҳар роҳу восита аз наздикону пайвандон ҷудо карда, барои ҷангидан ба давлатҳои гирифтори ҷанг фиристода истодаанд. Мақомоти корҳои дохилӣ баҳри пешгирӣ ва баргардонидани шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, аз давлатҳои гирифтори ҷанг чораҳои дахлдор андешида, кӯшиш менамояд, то ин гуна афрод аз роҳи бад баргашта, дар назди падару модар, оилаву фарзандон зиндагии осоиштаро ба роҳ монанд. Ҳамчунин зикр гардид, ки шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро аҳли сайёраро ба ташвиш овардааст. Алайҳи ин зуҳуроти номатлуб дастаҷамъона ва таври якҷоя мо метавонем муборизаи беамон бурда, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таъмин намоем.
Сипас, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ баромад карда, барои баргузории чунин як семинари бонуфуз ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии кишвар изҳори миннатдорӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки ҷавонон дар ободии мамлакат, пешрафту тараққиёти он нақши бориз доранд. Масоиле, ки имрӯз аҳли башарро ба ташвиш овардааст, ин шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро мебошад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри пешгирӣ кардан ва беҳбуд бахшидан ба авзои кунунӣ бояд, пеш аз ҳама, бо неруву ақли солим бо чунин зуҳуроти номатлуб мубориза барад.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам дар мавзӯи «Арҷгузории ҷавонон ба фарҳанги миллӣ ҳамчун омили муҳими ваҳдат дар Тоҷикистони соҳибистиқлол» баромад карда, оид ба тамаддун, таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ ибрози андеша намуд.
Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатов дар мавзӯи «Пайвастагӣ ба Ватан» суханронӣ намуда, доир ба дӯст доштан ва парастидани Ватани маҳбуб ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангию ахлоқӣ андешаҳояшро баён кард.
Қисмати дуюми семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо оғоз бахшид. Ӯ ба мавзӯи «Роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди равандҳои номатлуби террористию экстремистӣ» дахл намуд. Мавсуф зикр кард, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва бунёдкори ҷомеа бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар ҳама чорабиниҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ иштироки фаъолона менамоянд. Теъдоди зиёди ҷавонон, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар, бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкорӣ намуда, ҳамчун дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии милитсия дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар қонуншиканиҳо фаъолияти хуб нишон медиҳанд. Ин аст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти милитсия ҷавонон дар кушодани ҷиноятҳо кумаки худро мерасонад. Бинобар ин, шумо -ҷавононро лозим аст, ки ба омӯзиши илму дониш рӯ биёред, то соҳиби ақли солим бошед. Он гоҳ гурӯҳи ифротгаро ва тундрав шуморо ба дом афтонда наметавонад.
Баъд устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит- Раҳим Каримов дар мавзӯи «Дини ислом ва ифротгароӣ» баромад кард. Вай гуфт, ки мутаассифона, гурӯҳҳои ғайриқонунӣ аз номи дини мубини ислом ҳарф зада, ба ин дини муқаддас иснод оварда, мардумро фирефтаи худ месозанд. Заҳмату талошҳои Сарвари давлатро дар роҳи ободӣ, оромӣ, муттаҳидӣ ва якдигарфаҳмӣ мо бояд қадр кунем ва мисли ӯ дилсӯзу ҷоннисори Ватан бошем. Агар рӯзҳои мудҳиши соли 1992-ро ба ёд орем, маҳз аз нофаҳмӣ, бегонапарастӣ, хурофотпарастӣ хуни мардуми бегуноҳ рехта шудаву бештари мардум бе ватан гаштанд.
Раҳим Каримов ҳангоми суханронӣ аз ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва вохӯрӣ бо марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд ёдовар шуда, чунин гуфт: «Ҳангоме ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал ба кишвари Афғонистон сафар кард, Аҳмадшоҳи Масъуд гуфт: «Эмомалӣ Раҳмонов ҳоло вақти омадани Шумо набуд, чунки дар Афғонистон ҷанг рафта истодааст». Дар ҷавоб Сарвари давлат чунин посух дод: «Ман намегузорам то нафаре аз мардуми Тоҷикистон берун аз кишвар зиндагӣ намояд ва шаҳди ғарибӣ чашад, ҳатто агар лозим ояд, барои ҳар як фарди тоҷикистонӣ ҷони худро нисор месозам!». Аҳмадшоҳи Масъуд аз ин ҷавоби Сарвари давлат мутаассир гашта гуфт: «Ба давлати Шумо раҳмати Худо омадааст ва чунин неъмати бебаҳоро ҳаргиз аз даст надиҳед». Дар охири суханрониаш Раҳим Каримов оид ба шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ҳарф зад: «Ба он гурӯҳҳое, ки аз номи Ислом ҳарф зада, барои Ислом гуфта, ба ҷиҳод даъват мекунанд, бовар накунед. Даъвати онҳо на ба сӯи Ислом, балки ба сӯи шайтон аст». Ҳамчунин аз оятҳои Қуръони карим чандеро шарҳ дода, зикр кард, ки «Ислом – раҳм аст!».
Мушовири калони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Мансур Бухориев зимни суханронӣ ҳадаф аз баргузории семинари имрӯзаро баланд бардоштани савияи дониш, ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, ташвиқоту тарғиботи ғояҳои миллӣ ва тавсеа бахшидани ҳамкории ҷавонону донишҷӯён бо мақомоти корҳои дохилӣ дар пешгирии гаравидани ҷавонон ба зуҳуроти номатлуб маънидод кард.
-Итминони комил дорам, ки семинари имрӯза ба ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷавонону донишҷӯён ва аҳли ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад, — чунин изҳор дошт Мансур Бухориев.
Дар ҷараёни семинар ҷавонону донишҷӯёни зиёде, аз қабили Сайҳомид Шарипов– донишҷӯйи соли панҷуми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Фазолат Эшонова – донишҷӯйи соли сеюми Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Рашт, Азиза Деҳқонова – донишҷӯйи соли якуми факултети ҳифзи муҳити зисти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғаффуров, Исфандиёр Абдураҳмонов – раиси ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» ва дигарон баромад намуда, аз ҷавонони кишвар даъват ба амал оварданд, ки ба омӯхтани илму ҳунар машғул шуда, аз ҳар гуна равияву гурӯҳҳои ифротгаро ҳазар намоянд, зеро инсон танҳо бо амалҳои нек ва кору пайкор баҳри осоиштагӣ саодатманду комёб мегардад.
Дар хотима муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Абдураҳмон Аламшозода Аламшо бори дигар ба тамоми иштирокчиён барои ширкати фаъолонаашон изҳори миннатдорӣ намуда, ба онҳо барору комёбиҳо таманно намуд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»