Фарзандони ту, Тоҷикистон

Тадқиқоте, ки арзандаи Ҷоизаи Нобел аст

№70 (4653) 26.05.2023

Дар шумораи №9 аз 11-уми январи соли 2022-юми рӯзномаи «Садои мардум» мақолаи «Олими тоҷик ба илми нав асос гузошт» ба чоп расида буд. Дар он нисбат ба натиҷаҳои илмии олими тоҷик Тоир Раҷабов ва китоби ӯ «Оид ба тафовутҳо байни одамон, халқҳо ва миллатҳо», ки ба 8 забони Аврупо тарҷума ва чоп шуда буд, сухан мерафт. Мо тасмим гирифтем натиҷаҳои илмии Тоир Раҷабовро дар соҳаи илми физика, ки назаррас арзёбӣ мешаванд, шарҳу тавзеҳ диҳем.

Тавре маълум аст, Ҷоизаи нобелӣ барои натиҷаҳои беҳамто ба муҳаққиқон дода мешавад. Одатан тадқиқоте, ки ба талаботи Ҷоизаи нобелӣ ҷавобгӯ мебошад, дар муассисаҳои илмие, ки заминаи мустаҳками моддӣ — техникӣ ва ходимони варзидаи илмӣ доранд, ба даст оварда мешавад. Таҳлили ҷуғрофии ба Ҷоизаи нобелӣ сарфарозгаштагон дар солҳои гуногун нишон медиҳад, ки аксарияти онҳоро олимони давлатҳои Ғарб – Аврупо ва Амрико ташкил медиҳанд. Ин табиист, зеро тӯли садсолаҳои охир илмҳои табиатшиносӣ дар ин кишварҳо босуръат рушд ёфт.

Имрӯз дар Тоҷикистон сулҳу субот ҳукмфармо ва шароит барои тадқиқоти илмӣ муҳайё мебошанд. Ин ба олимони мо имкон медиҳад, ки пурра ба кори илмӣ машғул шаванд ва натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оранд. Яъне, илми тоҷик ҳам метавонад ба Ҷоизаи нобелӣ даъвогар бошад. Аз ҷумла, дар ҷумҳуриамон дар мавзӯъҳои бунёдии назарияи илми физика тадқиқоти қобили таваҷҷуҳ анҷом ёфтааст.

Тадқиқоти Т. Раҷабов ба назарияи физика, ки дар тӯли садсолаҳо хулосаи ниҳоии илмӣ аз тарафи умум пазируфташуда надоранд, бахшида шудааст. Роҷеъ ба он олимони барҷаста, ба монанди И. Нютон, Н. Бор, М. Фарадей, Л. Лесаж, А. Эйнштейн, П. Дирак ва дигарон пажӯҳиш анҷом доданд. Натиҷаҳои тадқиқоти олими тоҷик Т. Раҷабов дар саҳифаҳои маҷаллаҳои байналмилалии илмии тақризшаванда, ба монанди «Physics Essays» (ду мақола), «International Journal of Geosciences», «Journal of Geoscience and Environment Protection», «Mathematical Statistician and Engineering Applications» ба чоп расида, дар конфронсҳои байналмилалӣ баррасӣ гардидаанд.

Ба ҷанбаҳои бунёдии физика, ки пурра таҳқиқ нашудаанд, ин масъалаҳо иртибот доранд: бунёди назарияи ягонаи майдон, механизми таъсири гравитатсионӣ, пардагирии гравитатсионӣ масъалаи эфири нурбар, табиати қувваи инерсия ва ғайра. Дар самти омӯзиши бунёди назарияи ягонаи майдон асосгузори назарияи нисбият А. Эйнштейн ними ҳаёташро сарф кардааст.

Нисбат ба пардагирии гравитатсионӣ олимон дар давоми як аср кор мебаранд, вале дар айни ҳол маълум нест, ки ин ҳодиса дар табиат вуҷуд дорад ё не? Оид ба табиати қувваи инертсия ва механизми таъсироти гравитатсионӣ низ маълумоте вуҷуд надорад.

Бо пайдо шудани тасаввуроти нави физикӣ — физикаи квантӣ ва назарияҳои нисбият аксарияти олимон инкишофи ояндаи назарияи физикаро бо ин равияҳои физика алоқаманд меҳисобанд. Аммо дар ҳалли баъзе масъалаҳои физикаи нав оҷиз мемонанд. Аввал ин ки физикаи нав ё чӣ хеле мегӯянд, физикаи муосир характери абстрактӣ дорад ва ин истифодаи қобилияти ҷисмонии муҳаққиқро маҳдуд месозад. Физикаи муосир танҳо бо муодилаҳои риёзӣ ва хосиятҳои ҷисмҳо — масса, заряд, спин ва ғайра сарукор дорад, вале андозаҳои зарраҳои элементариро, ки ташкилкунандаи массаи ҷисм мебошад, тамоман ба эътибор намегирад. Физикаи муосир зарраҳои элементариро ҳамчун нуқтаҳои материалӣ арзёбӣ мекунад, ки он андоза надорад. Агар хосияти аввалини ҷисмҳо вуҷуд доштани онҳо бошад, хосияти дуюм миқдор ва андозаи онҳо дар фазо мебошад. Дар табиат ҳодисаҳое ҳастанд, ки бо ҳодисаи пардагирӣ (экранировка) алоқаманд мебошанд. Агар ҷисмро беандоза, ҳамчун нуқтаи материалӣ арзёбӣ кунем, ҳеҷ гоҳ ҳодисаҳои физикии ба пардагирии гравиатсионӣ асосёфтаро маънидод карда наметавонем. Ин ҳолат дар таърихи ташаккули афкори физикӣ ба амал омад. Назарияи классикии физикӣ, ки бо унвони «Лесаж» маъмул буд ва дар давоми аз якуним аср назарияи расмии кинетикии ҷозиба ба ҳисоб мерафт, бо пайдо шудани физикаи нав – назарияи умумии нисбияти Эйнштейн зери суол рафт. Бо ҳамин андеша рондан аз боби механизми таъсироти гравитатсионӣ нораво гашт, зеро «Лесаж» ягона назарияе буд, ки дар боби механизми таъсироти гравитатсионӣ тасаввурот пешниҳод мекард. Ин як намуд мушкилиро дар инкишофи тасаввуроти физикӣ ба амал овард ва олимон пайваста дар атрофи ин масъала андешарониро давом медиҳанд. Яке аз физикони машҳури асри бист, барандаи Ҷоизаи нобелӣ П. Дирак низ дар ин боб андеша ронда, баъд аз таҳлили чуқури давраҳои инкишофи назарияи физика, андешаи худро оид ба инкишофи баъдинаи назарияи физика дар мақолаи «The Evolution of the Physicist’s Picture of Nature» («Эволютсияи сохтори физикии табиат»), ки соли 1963 дар маҷаллаи «Scientific American» чоп шудааст, изҳор намудааст. Ӯ се андеша пешниҳод карда буд: Баргаштан ба аналоги эфири классикӣ; маҳдуд намудани хатҳои қуввагии Фарадей; электронро ҳамчун курачаи андозаи охирнок тавсиф намудан. Андешаҳои П. Дирак пурра ҷузъиёти физикаи классикӣ мебошанд. Дар тӯли 60 соли сипаришуда баъд аз чопи мақолаи Дирак нисбат ба амалӣ намудани андешаҳои ӯ касе мароқ зоҳир накард. Маҳз дар тадқиқоти Тоир Раҷабов ҳар се андешаи П. Дирак амалӣ гардида, натиҷаҳои нав ба даст оварда шуданд.

Натиҷаҳои ҳосилшударо ба ду навъ тақсим кардан мумкин аст: натиҷаҳое, ки ба андешаи мутахассисон дар доираи физикаи классикӣ ба даст оварданашон ғайриимкон буд ва натиҷаҳое, ки якумин бор дар таърихи илми физика ба он муваффақ шудаанд. Ба натиҷаҳои навъи аввал дохил мешаванд:

- ҳосил намудани шакли аналитикии формулаи нурафкании атом – формулаи Балмер бе истифода аз постулатҳо. Дар нигоҳи нимквантӣ аз тарафи Н.Бор бо ёрии постулат ҳосил шудааст;

- ҳосил намудани шакли аналитикии энергияи бандиш (шакли мавҷудааш нимтаҷрибавӣ мебошад).

Ба натиҷаҳои навъи дуюм дохил мешаванд:

- пешниҳоди сохти дискретии майдони физикӣ;

- асоснок шудани мавҷудияти пардагирии гравитатсионӣ;

- табиат ва механизми ягона доштани таъсироти ядроӣ ва гравитатсионӣ;

- пешниҳод шудани формулаи риёзии пардагирии объектҳо;

- асоснок намудани мавҷудияти аналоги эфири классикӣ.

Гарчанде тадқиқотҳои Т. Раҷабов дорои аҳамияти калони илмианд, вале як натиҷа дастоварди асосии ӯ мебошад. Ин асоснок намудани мавҷудияти пардагирии гравитатсионист. Аз тарафи Т. Раҷабов аввалин бор ифодаи риёзии пардагирии физикӣ пешниҳод гардидааст, ки дар асоси он механизм ва табиати ягона доштани таъсироти гравитатсионӣ ва ҳаставӣ нишон дода шудааст. Ин ҳам аҳамияти назариявӣ ва ҳам аҳамияти калони амалӣ дорад. Дар асоси мавҷудияти ҳодисаи пардагирии гравитатсионӣ дар мақолаҳои Т. Раҷабов якчанд ҳодисаҳои табиӣ возеҳ маънидод шуданд. Аз ҷумла, ноҷурӣ дар тағйироти шабонарӯзии қувваи вазнинӣ, пресессияи перигелии сайёраи Миррих ва ҳамсафарҳои сунъии Замин, кам ҳисоб шудани қимати масса ва зиччии сайёраҳо бо зиёд шудани андозаи онҳо, хусусиятҳои ҳодисаҳои мадду ҷазр.

Назарияи пешниҳодкардаи ӯ дар китоби «Рӯйхати умумиҷаҳонии назарияҳои алтернативӣ ва критикӣ» («The Worldwide List of Alternative Theories and Critics» сабт шудааст, ки ин бори аввал дар таърихи илми тоҷик мебошад. Т. Раҷабов аввалин ва ягона олими тоҷик мебошад, ки дар мавзӯъҳои бунёдии илми физика тадқиқот бурдааст ва дар маҷаллаҳои илмии байналмилалӣ мақолаҳои ӯ дар ин самт ба чоп расидаанд.

Мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ ба натиҷаҳои илмии Т. Раҷабов таваҷҷуҳ зоҳир карда, ӯро барои иштирок ба конференсияҳои илмии байналмилалӣ даъват мекунанд. 17-18-уми ноябри соли 2022 ӯ дар конференсияи байналмилалии «2 nd International Conference on Biomaterials and Biomedical Engineering», ки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, иштирок ва маърӯза намуд. Иштирокчиён андешаҳои Т. Раҷабовро хуб пазируфтанд. Олимон Улвия Бунятова аз Донишгоҳи шаҳри Анқара ва олим Канишк Раи аз Ҳиндустон ба натиҷаҳои илмии Т. Раҷабов баҳои баланд доданд. Диққати Бунятоваро нишондоди олими тоҷик доир ба табиати ягона доштани таъсироти гравитатсионӣ ва ҳаставии табиат ҷалб намудааст ва беҳуда нест, ки ин ду таъсирот бо як намуд бузургии физикӣ — масса тавсиф мешаванд.

Дар яке аз тақризҳои маҷаллаи «Physics Essays» қайд шудааст: «… қисми марказии тадқиқотро пешниҳоди вобастагии риёзӣ ташкил менамояд ва он имкон медиҳад, ки таъсири мутақобил ҳам дар микроолам ва ҳам дар макроолам бо як ифодаи риёзӣ тавсиф карда шавад». Ин натиҷаи хеле муҳим мебошад.

Олимони ватанӣ низ андешаҳои хешро перомуни натиҷаҳои илмии Т. Раҷабов изҳор намудаанд. Аз ҷумла, олимони факултети физикаи ДМТ, доктори илм­ҳои физикаю математика, профессори кафедраи физикаи назариявӣ Қ. Комилов, мудири кафедраи физикаи ҳастаӣ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Б. Мақсудов, мудири кафедраи физикаи умумӣ, доктори илмҳои физикаю математика Д. Ақдодов, мудири кафед­раи астрофизика, н.и.ф. М. Сафаров, дар соҳаи химия докторони илми химия, профессорон М. Раҳимова ва М. Каримов мусбат арзёбӣ намуданд. Онҳо дар тақризи худ қайд намуданд, ки пардагирӣ дар назарияи химия мавқеи муҳим дорад ва ба назар гирифтани он барои тавсифи алоқаҳои химиявӣ имкониятҳои иловагиро муҳайё месозад. Оид ба таваҷҷуҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ дар Google бо ишораи «Toir Makhsudovich Radzhabov» маълумот пайдо кардан мумкин аст.

Хулоса, тадқиқоти Т. Раҷабов самти нав дар таърихи инкишофи назарияи илми физика аст, аниқтараш, ин эҳёи физикаи классикӣ мебошад. Физикаи классикӣ, ин физикаи Г.Галилей, И.Нютон, М.Фарадей, Ҷ.Максвелл, А.Кулон ва дигар олимони барҷастаи гузашта буда, дар асоси тасаввуроти аёнӣ ва ҷавобгӯ ба принсипҳои сабабият бунёд шудааст. Мутаассифона, айни замон муҳаққиқон имкониятҳои физикаи классикиро нисбатан маҳдуд медонанд ва инро Т.Раҷабов дар тадқиқоташ нишон додааст.

Натиҷаҳои илмии Т.Раҷабов даъвои тағйироти куллиро дар тасаввуроти физикӣ дорад. Лекин дарк ва қабули нигоҳҳои нав ба осонӣ даст намедиҳад. Таърих гувоҳ аст, ки барои ақидаҳои нав баъзе аз табиатшиносон ҷазо ҳам гирифта буданд. Ҷордано Бруно ба оташ партофта шуда, Галилео Галилейро суд карда буданд. Ақидаҳои нав ба дастгирии моддиву маънавӣ эҳтиёҷ доранд. Дар айни замон барои эътирофи васеъ натиҷаҳои бадастомада бояд дар конфронсу симпозиумҳои илмӣ муаррифӣ шаванд, дар маҷаллаҳои бонуфуз ба чоп расанд. Ин бошад, маблағгузориро талаб мекунад. Дар айни ҳол Т.Раҷабов ба симпозиуми Global Meet on Biomedical Engineering and Systems, ки 1-13-уми декабри соли 2023 дар Лос-Анҷелеси ИМА барпо мегардад, барои иштирок даъват шудааст ва имкон вуҷуд дорад, ки илми тоҷикро дар масъалаҳои бунёдии илми физика дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд..

Дар фарҷом зикри ин нуктаро зарур мешуморем, ки олими заҳматпешаи тоҷик Тоир Раҷабов сазовори Ҷоизаи нобелӣ мебошад. Натиҷаҳои илмии ӯ гувоҳи он аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон пажӯҳишҳои сатҳи ҷаҳонӣ имконпазир мебошанд ва ин самараи дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

А. ШАРИПОВ,

доктори илмҳои техникӣ,

профессор,

Ҳ. М. МАҶИДОВ,

доктори илмҳои техникӣ,

профессор,

Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»