Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Такмили ихтисос — таконбахши рушди соҳаи маориф

№17 (4757) 05.02.2024

Соҳаи маориф дар сиёсати муваффақонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат, новобаста аз вазъи иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии кишвар, ба ин самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои рушди он шароити мусоидро фароҳам оварда истодаанд.

Дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023, ки дар он тамоми паҳлуҳои давлатдории кишвар мавриди таҳлил қарор гирифт, ба соҳаи маориф диққати махсус зоҳир карда шуд. Аз мазмуни Паём чунин бармеояд, ки дар низоми имрӯзаи сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф ҷойгоҳ ва манзалати хоса дорад. Аз ҷониби Пешвои миллат таъкид шудани он, ки «рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад» бозгӯи он аст, ки Сарвари давлат ояндаи ободу дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол, шароити арзанда ва рӯзгори босаодати мардуми бофарҳанги кишвар, бунёди ҷомеаи солим, насли босаводу худогоҳ ва соҳибмаърифатро, маҳз ба рушди илму маориф дар кишвар тавъам меҳисобанд.

Омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ, боло бурдани сатҳи таълим ва сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, доимо дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон қарор дорад.

Мусаллам аст, ки беҳтар шудани сатҳи таълим ва сифати таҳсилот ба сатҳи донишу малакаи касбӣ ва пайваста ташаккул додани салоҳиятнокии касбии омӯзгорон алоқамандии ногусастанӣ дорад. Дар шароити имрӯза яке аз роҳҳои самарабахши ташаккули дониш ва салоҳиятнокии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мондани такмили ихтисоси онҳо маҳсуб меёбад.

Такмили ихтисоси омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, пеш аз ҳама, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки дар рушди соҳаи маориф ва омода намудани мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат нақши калидӣ дорад, дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор гирифтааст. Дар Паёми навбатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба такмили ихтисоси омӯзгорон таваҷҷуҳ намуда, таъкид карданд, ки «ба масъалаи аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгорон дар ҷомеа… эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад».

Дар шароити имрӯза, ки ислоҳоти соҳаи маориф дар аксар зинаҳои таҳсилот бомаром идома дорад, такмили ихтисоси омӯзгорон яке аз масъалаҳои асосӣ ба шумор меравад. Қайд намудан бамаврид аст, ки натиҷаи назаррас ва самарабахши ҳама гуна ислоҳоту пешравӣ дар ҷомеа, пеш аз ҳама, аз омӯзгори донишманду фарогири донишҳои замонавии соҳавӣ, татбиқкунандаи усулҳои наву фаъоли таълим ва бархӯрдор аз технологияи пешрафта вобастагӣ дорад.

Чунин талабот ба он нигаронда шудааст, ки зимни гузаштан аз такмили ихтисос талаботи ташаккулёфтаро ба худтаълимгирӣ, қобилиятнокиро ба худинкишофдиҳӣ, моилро ба худамалинамоӣ батадриҷ рушд дода, барои боло бурдани донишу малакаи омӯзгор барномаҳои замонавии таълимиро роҳандозӣ намуд.

Имрӯз назари аксари коршиносон бар он аст, ки такмили ихтисос ҳамчун таҳсилоти касбии иловагӣ, бояд ба он нигаронда шавад, ки боиси такмил додан ва бозбинӣ намудани донишҳои мавҷуда ва аз худ намудани малакаҳои касбии умумисоҳавӣ ва соҳавии омӯзгорон гардад.

Муҳимияти гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос аз ҷониби омӯзгорони зинаҳои гуногуни муассисаҳои таълимиро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид намуда, зимни мулоқот дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи дониш 1-уми сентябри соли 2010 иброз дошта буданд: «Мусаллам аст, ки дар шароити рушди бесобиқаи илму дониш тарзу шакли таълим такмил меёбанд. Ин бошад, таъсиси Донишкадаи такмили тахассуси омӯзгорони мактабҳои олиро тақозо менамояд». Ҳамин тавр, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, таҳти № 124 «Дар бораи таъсиси Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ба тасвиб расид.

Боло бурдани сатҳи дониш ва беҳсозии фаъолияти омӯзгори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ нав набуда, на танҳо доштани донишҳои амиқро марбут ба фанни мушаххаси тад­рисмешуда тақозо менамояд, балки замоне расидааст, ки дар самти баланд бардоштани салоҳиятнокии касбии омӯзгор чораҳои мушаххас андешида шавад.

Ёдовар шудан аз суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мувофиқи мақсад мебошад: «Тавассути такмили ихтисос омӯзгор метавонад таҳсилоти заминавии худро таҳким бахшида, фаъолияти хешро ба муҳит ва талаботи нави иқтисодиву иҷтимоӣ мутобиқ созад».

Маҳз, гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос имкон медиҳад, ки дониш, маҳорат ва малакаи касбии омӯзгор бо ҳам васл гардида, ба раванди ворид шудан ба низоми нави таълим ва ҷавобгӯй шудани ӯ ба талаботи замонавии таҳсилот, боло бурдани салоҳиятнокии касбӣ ва ҳамзамон, ба рушди шахсияти омӯзгор мусоидат намояд. Такмили ихтисос имкон медиҳад, ки қобилияти инфиродии омӯзгор ошкор гардад, он муттасил сайқал ёбад ва барои боло бурдани сатҳу сифати таълим ва тарбия истифодаи дурусту натиҷабахши он роҳандозӣ карда шавад. Чунин тарзи корбарӣ ба боло бурдани сифати таълим, омода намудани мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат, рушди соҳаи маориф ва дар умум, пешрафти Тоҷикистони азиз мусоидат менамояд.

Хайрулло МИРЗАМОНЗОДА,

директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,

профессор