Пешниҳод

Такмили қонунгузории соҳаи соҳибкорӣ ногузир аст

№89 (4509) 20.07.2022

Маълум аст, ки ҳоло доир ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти хоҷагии халқи мамлакат марҳила ба марҳила заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда шудааст, ки онҳо ба танзими муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ равона гардидаанд.

Дар ин замина, яке аз масъа­лаҳои муҳим дар назди давлат ва ҷомеа ба талаботи замони муосир мутобиқ ва ҷавобгӯ намудани  муқаррароти қонунгузорӣ мебошад. Пеш аз ҳама, зарур аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ», ки аз қабули он бисту чор сол пур шудааст, дар таҳрири нав, бо назардошти таҷрибаи ҳосилшудаи давлатӣ вобаста ба хусусигардонии моликияти давлатӣ қабул шавад. Зарурати дигари дар таҳрири нав қабул намудани қонуни мазкур риоя намудани техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мебошад, ки дар муқаррароти он ҳоло ин масъала тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 30 майи соли 2017 пурра ва ҳаматарафа риоя нагардидааст. Ба таври пурра риоя нагардидани техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ низ дар муқаррароти қонунгузорӣ айни замон яке аз мушкилоти асосӣ мебошад. Мувофиқи қисми 1 моддаи 40 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд мутобиқати дохилӣ дошта, аз рӯи мантиқ тартиб дода шавад ва ба техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ҷавобгӯ бошад.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» моддаи алоҳида таҳти унвони «Мафҳумҳои асосӣ», ки дар қонуни мазкур истифода шудаанд, мавҷуд нест. Бояд ҳамчун дигар қонунҳо чунин модда оварда шавад ва дар он мафҳумҳои расмии «моликияти давлатӣ», «хусусигардонии моликияти давлатӣ», «мақсади хусусигардонии моликияти давлатӣ», «музояда», «озмун (тендер)» ва умуман мафҳумҳои калидии қонуни зикршуда муқаррар шаванд. Зарур аст, ки нисбат ба ҳолати ҳуқуқии харидорони моликияти давлатӣ ҳамчун субъекти хусусигардонии моликияти давлатӣ ва нисбат ба ҳолати ҳуқуқии фурӯшандагони моликияти давлатӣ ҳамчун субъекти хусусигардонии моликияти давлатӣ моддаҳои алоҳида, ки ҳоло мавҷуд нестанд, ҷудо шавад. Таҳлили адабиёти таълимӣ собит менамояд, ки хусусигардонии моликияти давлатӣ аз марҳилаҳои муайян иборат аст, вале ин марҳилаҳо дар қонун мушаххас нашудааст, ки дар муқаррароти қонун холигиро ба миён овардааст. Масъалаи дигари ташвишовар ва баҳсталаб дар самти хусусигардонии моликияти давлатӣ, ки ҳалли саривақтиро мехоҳад, тибқи таъинот аз ҷониби харидорони он соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намудани моликияти давлатӣ пас аз хусусигардонӣ аст, чунки таҷриба собит менамояд, ки на ҳама моликияти давлатии хусусигардонидашуда аз ҷониби харидорони он мувофиқи мақсад соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ карда мешаванд. Аз ин рӯ, дар қонунгузорӣ замони коркарди механизми мувофиқи мақсад соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани моликияти давлатӣ фаро расидааст. Дар ин зимн, ҷавобгарии ҳуқуқӣ низ барои тибқи талаботи қонунгузорӣ соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ накардани моликияти давлатии хусусигардонидашуда нисбат ба харидорони моликияти давлатӣ пурзӯртар гардад.

Моддаи 6 Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» «Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хусусигардонӣ» номгузорӣ гардида бошад ҳам, дар матни он нисбат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ибораи «дар ҳудуди салоҳияти худ» муқаррар шудааст, ки номувофиқатии номи модда ба матни он дар мисоли калимаҳои «ваколат» ва «салоҳият» ба назар мерасад. Таҳлили қонунгузории ҷорӣ нишон медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ дорои салоҳият аст. Ваколат бошад, ба мақоми ваколатдори давлатӣ доир ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ хос аст. Зарур аст, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» нахуст дар моддаи алоҳида салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипас дар моддаи алоҳида ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хусусигардонии моликияти давлатӣ, ки то ҳол дар қонун мавҷуд нест, пешбинӣ гардад.

Инчунин, зарур аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи биржаи молӣ ва савдои биржавӣ», ки аз қабули он аллакай 30 сол пур шудааст, ҳар чӣ зудтар дар таҳрири нав, бо назардошти таҷрибаи ҳосилшудаи муносибатҳои ҷамъиятии марбут ба биржа, қабул шавад.

Зарурати дигари дар таҳрири нав омода намудани он риоя намудани техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мебошад. Мисоли равшан то ба ҳол ба моддаҳо, ки мувофиқи қисми 8 моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» яке аз қисмҳои ҳатмии таркибии санади қонунгузорӣ мебошад, ҷудо нагардидани қонуни мазкур аст.

Инчунин, зарур аст, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи биржаи молӣ ва савдои биржавӣ» моддаи алоҳида, ки то ҳол чунин модда дар муқаррароти он мавҷуд нест, таҳти унвони «Мафҳумҳои асосӣ, ки дар қонуни мавриди назар истифода шудаанд» чун дигар қонунҳо оварда шавад ва дар он мафҳумҳои муҳим ва асосии муносибатҳои ҳуқуқии биржа муқаррар гардад. Масъалаи дигари такмилталаб дар қонун истифода намудани калимаҳои забони адабии тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар муқаррароти он мебошад. Мувофиқи моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», матни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ қабул карда мешавад. Он бояд ба риояи услуби расмии забони адабӣ, сода ва равону фаҳмо баён карда шавад, ки тафсири ҳархелаи меъёрҳоро истисно намояд.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи биржаи молӣ ва савдои биржавӣ» калимаҳои «подразделенияҳои», «муоҳидаҳои типпӣ», «секцияҳои» ва «аппарати» истифода гардидаанд, ки онҳоро мутаносибан ба калимаҳои «зерсох­торҳои», «муоҳидаҳои намунавӣ», «бахшҳои» ва «дастгоҳи» иваз намудан мувофиқи мақсад мебошад.

Сиёвуш АБДУРАҲИМОВ,

мудири кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав,

 номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ