Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯй,
Дар синаҳои мардуми ориф мазори мост.
Савтрезаҳо маҳин-маҳин бо назокати хоса ба само мепечанд. Садои аз жарфи ҷон ва муҳаббати самимии одами хокӣ бурунҷаста ҳамнавои савту садо гардида, ба олами рӯҳоният таскин мебахшад. Бинобар ибораи абармарди дунёи ирфон Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ «Олами рӯҳ ва малакут аз ин садо ва лаҳни хуш пойкубону дастафшон мечарханду мечарханд». Нармӣ ва гармии овози хушаш марҳами дардҳои садсолаи модарон, дилбарон ва дӯстдорони чашминтизор мегардад:
Намеоӣ ба болинам, ки пурсӣ ҳоли зорамро,
Рабурдӣ аз мани бедил ҳама сабру қарорамро.
Чеҳраи зебои шукуфтаи саҳназеб, қомати мавзун ва пайкараи рехтааш ба саҳна зинату тароват мебахшид, аҷабо ин ҳамаро Худованди бахшандаи меҳрубон бо чӣ арзонӣ ба ӯ тақдим намудааст. Юсуфи майдони савту садо ва олами пур аз маонии одамият. Мо, бачагони мактабхон ба лаҳни ширинаш тақлид мекардем. Сурудҳояшро замзама намуда, аз пушти хонаи кампири Тобус бо умеди савғо мегузаштем. Ин зани биҳиштии бо нону намак ба хотири ин таронаҳо ба истиқболамон баромада, моро савғо медод. Мегуфт, ки «Мо дарди ниҳони садсолаи ӯро сурудаем». Охир Барот Яхширо ӯ ба фарзандӣ хондааст. Нону намакашро ба ӯ бахшидааст. Ҳар боре, ки ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон барои сафари ҳунарӣ ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб сафар менамуданд, ҳатман шабашонро дар деҳаи Файзободи колхози шуҳратёри ба номи В. И. Ленини ноҳияи Москва (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) дар хонаи ин зани биҳиштмаъво бо фарзандони ӯ, ки хеле донишманд ва нигини маҳфили аҳли ҳунар буданд, рӯз мекарданд. Шояд аз ҳамин хотир бошад, ки кампири Тобус дар сурати ӯ фарзанди азизи хеш Темурро медид.
Оре, ӯ ҳамдӯшу ҳамнафас ва ҳамсоли Темур буд. Гӯё сурат ва сирати онҳо дар як қолаб рехта шудааст. Ана ҳамин буд, ки хонадони бобои Маҷид ӯро ба фарзандӣ хондаанд. Чӣ ҳам метавон гуфт, ҳунарманди маъруф, ширинадо ва ширингуфтор Барот Яхшиев ҳамин гуна дар синаи ҳазорон ҳазор мардум ҷойи абадии хешро пайдо кардааст.
Ҳунарманде, ки дарди зиндагиро сурудааст. Ҳунарманде, ки беш аз сӣ сол бар ҷароҳатҳои қалби модарон, дилбарон ва духтарон марҳам бахшида, маҳфилҳои мардони меҳнатро рангин намуда, садои хушаш олами маърифати инсониро ранг ва таровати башарӣ бахшидааст:
Зи ҳиҷронат азизи ман ҳамеша чашми тар дорам,
На мактуби ту меояд, на аз ҳолат хабар дорам.
Беш аз чил сол боз ин тарона чароғи қалби ҳазорон-ҳазор мухлис гардидааст ва ҳеҷ сурудае ва оҳанге натавонист, ки ҷойи онро бигирад. Ин тарона ва оҳанг муҷассамаи бузурги ҳунарманди воқеан мардумӣ будани эшон мебошад. Оре, ин тарона дар сабк ва услубу лаҳни малакутии устод Барот Яхшӣ аз ҷониби даҳҳо ҳунарманди кишвар суруда шуда, ном ва эътибору шарафи онҳо зинати сафаҳоти рангини зиндагӣ гардидаанд.
Барот Яхшиев. Маҳз ҳамин ҳунарманди майдони савту садои ошно ва маъниҳои орифонаву ошиқона гомҳои нахустини хешро дар мактаби шаҳбози ҳунари савту садои мардумӣ устод Акашариф Ҷӯраев ҷасурона гузошта, бо дуо ва фотиҳаи ин пири хирад рӯи саҳнаи ҳунар омадааст. Он замон аз майдони диловарони арсаи меҳнат ва шараф, аз дашту пуштаҳои рисқофари Данғара рӯи саҳнаи ҳунар омадани чунин ҳофизи хушадо, ки лаҳни ширинаш бар ҷароҳатҳои қалбҳои мардум марҳам мебахшид, ба ҷуз хобу хаёл чизи дигаре набуд.
Тирамоҳи соли 1954 сафари ҳунарии устод Акашариф Ҷӯраев ба ноҳияи Данғара дунёи нави ҳунарро ба рӯи ӯ боз намуд. Шунидани лаҳни хуши саропо мардумӣ дар чаҳорчӯби мақомҳои халқӣ ӯро водор сохт, ки ин ҷавонмарди бакамолрасидаро ба майдони ҳунар фарзандвор бихонад ва ба коргоҳи саррофии ҳунари савту садои мардумӣ ӯро раҳнамоӣ намояд. Дар тӯли беш аз даҳ соли омӯзиш ва шогирдӣ ӯ пайраҳаи хешро ёфт. Ин пайраҳа ӯро ба шоҳроҳи бузурги ҳунар овард.
Оғози солҳои ҳафтодум ӯ соҳибмактаб гардида буд. Мактаби ӯ пайравони зиёде пайдо намуда, бо номи «Мактаби Барот Яхшиев» миёни мардум маълуму машҳур гардид. Таронаҳои «Вафо хоҳам», «Гирди сарат гардам», «Зи дилам қарор бурдӣ», «Ёр меояд» ва «Деҳқондухтар» аз ҷониби мухлисони сершумораш бо лаҳни хуши ӯ дар маҳфилҳо ҳамеша зинатфизои дунёи ҳунар буданд. Ин ҳама нишони соҳибмактабӣ ва устоди варзидаи ҳунар будани ӯро бо сад забон бар гӯши мардум мерасонид. Ҳаросафканҳои дунёи ҳунар бо рашку ҳасад ба ин мактаб дида медӯхтанд. Ӯ бошад, бо фотиҳаи устодаш Акашариф Ҷӯраев гомҳои қавӣ ва устувори хешро рӯи саҳнаи ҳунар мегузошт. Дар саросари Тоҷикистони азиз охири солҳои ҳафтодум садои хуши ӯро аз тариқи Радиои Тоҷикистон бештар мешуниданд. Сафарҳои ҳунарии устодони ҳунар ба навоҳии пахтакори кишвар, ки қаҳрамонҳои арсаи кору пайкори он замон буданд, ӯро ба мардум ва мардумро бо ӯ хеле ва хеле наздик карда буд. Мардум бо кафкубиву пойкуфтанҳо ба такрор ӯро рӯи саҳна мехонданд. Ин муҳаббати мардум ва самимияти мухлисон ҳасудони ҳунарашро нороҳат месохт. Бо ҳар роҳу восита ва дар ҳар шакл ба ӯ фишор меоварданд. Ва шояд ҳамин буд, ки тӯли сӣ соли рӯи саҳнаи ҳунар будан ҳеҷ навбати ӯ барои гирифтани унвонҳои Ҳунарманди шоиста ва ё хизматнишондода нарасид. Ва касе ҳам аз Вазорати маданият он замон роҳи ӯро барои расидан бар ин мақомҳо боз накард. Ҳайратовар аст, ки ӯ бо Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардида, борҳо ба мақоми Артисти хизматнишондодаи ҷумҳурӣ пешбарӣ шудаву сазовори ин унвон нагардидааст. Чӣ тавр метавон ин ҳамаро риояи адолат номид, ки дар тӯли сӣ соли фаъолияти эҷодӣ Барот Яхшиев натавонист ин унвонро сазовор бигардад. Шояд нафароне ҳанӯз аз рашк соҳибмактаб будани устод Барот Яхшиевро эътироф нанамоянд. Дар урфият гуфтаанд: «Офтобро ба домон пӯшонида намешавад». Охири солҳои ҳафтодуми садаи гузашта даҳҳо ҳунарманд ифтихор аз он доштанд, ки шогирдони мактаби устод Барот Яхшиев мебошанд. Бисёре аз ҳунармандони маҳаллӣ бо лаҳни хуши ӯ пайравӣ намуда, ҳамнишини қалби ҳазорон мухлиси ӯ гардидаанд. Мухлисон ва ошиқон, шефтагони таронаҳои дилангези ӯ аз дили Хуҷанди маърифатпарвар, Рашту Хатлон, Зарафшону Бадахшон ва Ҳисори Шодмон баъди пахши таронаҳояш аз тариқи Радиои Тоҷикистон садҳо номаи арҷу сипосро ба сарредаксияи мусиқии радиои тоҷик мефиристоданд. Ин ҳама нишони баръалои ҳунарманди асил будани устод Барот Яхшиев мебошад.
Банда, ки бо аксари ҳунармандони шинохтаи кишвар иртиботи фарҳангӣ доштам, ёд дорам, ки боре дар яке аз нишастҳои фарҳангӣ устоди шинохтаи шашмақом, ҳунарманди мардумӣ Маъруфхӯҷа Баҳодуров дар мавриди ҳунари эҷодии устод Барот Яхшиев чунин гуфта буд: «Дар ҳунари мақомхонӣ аз ҳунармандони мардуми кӯҳистон ман ҳеҷ касро тӯли панҷоҳ соли охир пеш аз Барот Яхшиев гузошта наметавонам. Охири солҳои ҳафтодум садои хуши ӯро ҳангоми иҷрои таронаи «Қалъабандӣ» шунида будам. Ростӣ, ин таронаро аз забони хеле аз устодони бузург шунидаам. Аммо он гуна, ки аз забони Барот Яхшиев шунидам, аз касе нашнида будам. Ин тарзи хониш, яъне бо сабки нав, бо лаҳни нав, бо савтҳои хуши мардумӣ бори аввал маро гӯшу ҳуш намуда буд. Беш аз понздаҳ сол боз ин таронаро бо такрор гӯш мекунам ва аз дилам садое бармехезад, ки чаро мо ба қадри ӯ нарасидем». Ашк дар чашмони устоди шодравон Маъруфхӯҷа Баҳодуров ҳалқа зад. Гиря гулӯгираш кард, ӯ дигар маҷоли ҳарф задан надошт. Нигоҳи пуршарори маъниофараш чизе гуфтан мехост… Ва барои таскини дилаш гуфтам, ки мактаби ҳунарии устод Барот Яхшиев дар синаи ҳазорон ҳазор ошиқону шефтагони садояш умри абадӣ дорад ва ин мактаб аз нав эҳё мегардад. Ин ҷо ҳақ ба ҷониби шоири шаҳири зиндаёди тоҷик Ғоиб Сафарзода мебошад, ки гуфтааст:
Аз дида, ки рафт, баъд афсӯс хӯрем,
Дар синаи хеш захми ҷонсӯз хӯрем.
Танҳо тирамоҳ ёди Наврӯз кунем,
Танҳо шаби тор мо ғами рӯз хӯрем.
Хотироти аҳли ҳунар дар мавриди ҳунари волои устод Барот Яхшиев хеле зиёд аст, вале садҳо афсӯс, ки тӯли беш аз сӣ соли охир касе аз масъулони фарҳанги кишвар аз рӯи муҳаббат ва самимияту садоқати инсонӣ китоби нохондаи ҳунари ӯро боз накардаанд. Аммо, он чӣ ки шоистаи аҷру эҳтироми зиёди мухлисони ин ҳунарманди маъниофар ва дардошно гардидааст, ин аст, ки баъди беш аз бист соли фаромӯшӣ Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2011 ва 2012 барномаҳоеро дар мавриди фаъолияти эҷодии ин устоди шинохта мавриди дидану шунидани мардуми кишвар намуда буд. Баъди ин барномаҳо умед бар он буд, ки омӯзиши ҳунари устоди шодравон, ҳофизи дардошнои миллат Барот Яхшиев оғоз гардида. Аммо…
Мактаби ҳунарии ӯ аз чашмаҳои зулолу нуқрафоми устодон Акашариф Ҷӯраев, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов ва Маъруфхӯҷа Баҳодуров шодоб гардида, дар шакл ва услуби нави мақомҳои мардумӣ бар қалбҳои ҳазорон ҳазор мухлисону сомеони ҳақиқиаш нақши абадии хешро гузоштааст. Садои форам ва савти хуши воқеан мардумиаш чаманистони қалбҳои пуршӯрро таровату накҳати тозае мебахшад ва дар чаманистони ҳунар нақши абадии хешро мегузорад.
Оре, савту садои хуши устоди ширинкалом Барот Яхшиев ҳанӯз пушти панҷараҳои хазинаи тиллоии Кумитаи телевизион ва радио назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон маҳфуз мебошад. Имрӯз фурсати он расидааст, ки гарду ғубор аз рӯи номи шарафманду шарафёри ин ҳунарманди асил биафшонем ва соҳибмактабии ӯро эътироф намуда, ҳунари волоияшро қадрдонӣ намоем.
Ҷумъахони Темурзода, шаҳри Душанбе