Василаи муҳими муқовимат бо терроризму ифротгароӣ
Рақобатҳои шадиди геополитикӣ ва пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир, ки дар мисоли амалиёти пайвастаи харобиовари низомӣ, вусъати бемамонияти ҷангҳои иттилоотӣ, ҳуҷумҳои фарҳангиву идеологӣ, густариши бесобиқаи фаъолияти даҳшатфикании ташкилоту созмонҳои террористиву ифротгаро инъикос мегардад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ нигарон намудааст. Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба муқовимат алайҳи терроризму ифротгароӣ, тафриқаандозиву бегонапарастӣ, ҷалб ва шомилшавии ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористиву ифротгаро диққати махсус дода, бо мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани зуҳури чунин омилҳои номатлуб чораҳои бетаъхир меандешад. Тоҷикистон аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ эълон дошт, ки дар мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ омода аст бо ҳама кишварҳои ҷаҳон ҳамкориро ба роҳ монад.
Ҳаводиси нимаи дуюми асри ХХ нишон дод, ки вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии баъзе кишварҳои ҷаҳон ноустувор ва масъалаи таъмини минбаъдаи амният нигаронкунанда аст. Илова бар ин, баъд аз барҳам хӯрдани ИҶШС қисми зиёди мухолифати иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа бартараф нагашта, вазъияти бамиёномада барои фарогир гаштани зуҳуроти сепаратизм, экстремизм, радикализм, фундаментализм ва ниҳоят терроризм мусоидат намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳои собиқ шуравӣ ба шумор меравад, ки пас аз байн рафтани идеологияи коммунистӣ дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ фазои идеологиаш то андозае холӣ монд. Созмону гурӯҳҳои ифротии динӣ ва тундгаро бо истифода аз фазои бавуҷудомада тавассути пайвастани дини ислом ба сиёсат хостанд давлати тозаистиқлолро тавассути ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нобуд сохта, ҳадафҳои ғаразноки худро амалӣ намоянд, зеро кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ки аксари мардумаш аз исломи суннатии мазҳаби ҳанафӣ пуштибонӣ мекард, таваҷҷуҳи эмиссарҳои хориҷӣ ва ҳаракату гурӯҳҳои ифротгарои диниро бештар ҷалб намуда буд. Аҳолӣ ва мақомоти давлатӣ он замон ба муқовимат бо мавҷи таблиғоти аз ҷониби ҳаракатҳои ифротгаро амалишуда омода набуданд. Роҳандозии эътиқоди гуногунро, ки ба ташаккул ва густариши ҳаракатҳои тундгаро ва гурӯҳҳои ифротӣ мусоидат кард, ҳеҷ кас интизор набуд.
Аз ҷониби дигар, дар солҳои 90-уми асри ХХ теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвар ба мамлакатҳои мусулмонӣ сафар намуда, дар муассисаҳои динии он кишварҳо маълумоти динӣ гирифтанд. Ҳамзамон, аз ҷониби рекрутерҳо (ҷалбкунадагон)-и ҳаракату созмонҳои мухталифи ифротиву тундгаро ҷалб гардида, ҳангоми ба Ватан баргаштан даст ба тахрибкориву ташвиқоту тарғиботи идеологияи ба ҷомеаи мо бегона заданд. Бархе муҳассилине, ки дар хориҷи кишвар маълумоти динӣ ба даст оварда буданд, дар масҷидҳои кишвар ба ҳайси имомхатиб ва дар дигар вазифаҳо фаъолият намуда, дар пайи ҷалб ва раҳгум занондани шаҳрвандон шуданд. Намояндагони гуногуни қишри ҷомеа, хусусан ҷавонони ноогоҳ ва раҳгумзада, зери таъсири гурӯҳҳои ифротӣ ва тундгаро қарор гирифтанд.
Аъзои фаъоли ин гуна созмону гурӯҳҳо ҳангоми қабул ба сафи ташкилот ва ё ҷараёнҳои динӣ чун қоида ба ҷавононе, ки нав ба омӯзиши асосҳои динӣ шурӯъ намудаанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамуданд. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки дар шуури чунин ҷавонон дар бораи муносибати ноодилона нисбат ба мусулмонон андешаву афкори нодуруст эҷод кунанд ва ба онҳо тафсири таҳрифшудаи догмаҳои исломиро дар бораи зарурати ҳиҷрат ва «ҷиҳод» талқин намоянд. Агар эмиссарҳо дарк намоянд, ки шахси ҷалбшаванда дар аксари масъалаҳои муҳим бо онҳо мавқеи ягона дорад, пас аз чанд санҷиш ҷалбшавандаро барои пайвастан ба сафи созмони террористӣ даъват мекунанд. Аз ин рӯ, терроризму ифротгароӣ, таассуби диниву хуруфотпарастӣ, барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату ҷараёнҳои ифротгаро тамоюлҳои хатарноки ҷаҳони имрӯз эътироф гардида, моро водор месозад, то дар зеҳни ҷавонон ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори баланди ватандорӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиро ҷойгир намуда, нагузорем, ки фирефтаи ақидаҳои бегонапарастӣ, хуруфот ва шомили созмону ҳаракатҳои террористиву ифротгаро гарданд.
Ҳамин зарурат ва андешаи таъмини ояндаи дурахшони ҷавонон буд, ки таваҷҷуҳи хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин қишри осебпазири ҷомеа — ҷавонон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ оғоз гардид. Сарвари давлат 2-юми феврали соли 1993 мулоқоти аввалини худро бо намояндагони ҷавонони кишвар доир намуданд. Минбаъд ба беҳдошти некуаҳволии ҷавонон дар раванди таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва мақоми худро соҳиб шудани онҳо дар ҷомеа, инчунин, ба баланд бардоштани ҳисси ватандориву ватандӯстии ҷавонон диққати махсус додаанд. Аз ҷумла, бо ташаббуси Президенти кишвар аз соли 1997 ҷудо гардидани Квотаи президентӣ, соли 1998 таъсис ёфтани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, аз соли 1998 инҷониб таҷлил гардидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, соли 2008 ташкил шудани Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» намунаи иқдомоти беназири Пешвои миллат ҷиҳати ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба донишу илмомӯзӣ, ҳавасмандгардонии ҷавонони донишманду кордон, баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги волои миллати тоҷик ва тарбияи дурусти кадрҳои ҷавон барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Дар баробари ин, Ҳукумати кишвар як қатор қонунҳо, барномаҳо, консепсияву стратегияҳои давлатиро қабул намудааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», «Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», «Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон» аз ҳамон ҷумлаанд.
Тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон аз ҷузъҳои таркибии ҷараёни тарбия ба ҳисоб рафта, ҷавононро ба роҳи садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ ҳидоят менамояд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмини оромиву осоиштагии ҷомеа аз доштани ҳисси баланди ватандориву меҳанпарастӣ ва худогоҳии миллӣ дарак медиҳад.
Дар ҷавоб ба дастгириҳои мунтазами Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони моро зарур аст бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худ Ватанро дӯст дошта, аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ифтихор намоянд, барои ҳифзи тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамеша омода бошанд.
А. САЛИМОВ,
ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ