Ташаббуси навбатии Пешвои миллат – баифоқаорандаи вазъи экологии сайёра

№17 (4600) 27.01.2023

Мусоҳиба бо директори Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдулҳамид Қаюмов

82448007_2932888553401940_4877066790607257600_n- Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тағйирёбии иқлим дар сайёра бетараф набуда, аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ оид ба ҳалли масоили экологӣ пешниҳодоти мушаххас баён менамояд. Чанде пеш ташаббуси панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид бо иттифоқи оро қабул гардид. Дар доираи он ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд чӣ барномаҳоро роҳандозӣ намояд?

- То ин вақт пиряхҳо дар 50 сол як маротиба омӯхта мешуданд. Масалан, солҳои 1883, 1932-1933, 1956-1957 ва 2007-2008. Барои он ки омӯзиши пир­яхҳо маблағ ва заҳмати зиёдро талаб мекунад. Солҳои 2007 ва 2008 зиёда аз 6 ҳазор олиму коршинос аз 60 давлати ҷаҳон дар давоми ду сол аз қутби шимолӣ то қутби ҷанубӣ пиряхҳоро омӯхтанд. Иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳониро водор менамояд, ки ҳама вақт пиряхҳоро зери назорат гиранд. Ҳангоми омӯзиши пир­яхҳо маълум шуд, ки зиёда аз 1 миллион километри мукааб пирях нобуд шудааст. Имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ маълумот оид ба пиряхҳо аз ҳад зиёд аст, вале аз нисф зиёди маълумот асоси илмӣ надоранд. Инро намояндаи Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ низ қайд карда буд. Пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки мо заминаи илмии худро дошта бошем. Чанд сол пеш пешгӯиҳо дар масъалаи аз байн рафтани пиряхи Гемолой садо дода буд. Лекин омӯзиш нишон дод, ки пиряхи мазкур на соли 2010, балки соли 2020 низ аз байн нарафтааст. Баръакс, баъзе пиряхҳо инкишоф ёфта истодаанд.

- Бориши ғайримуқаррарӣ, тӯфону обхезиҳо, фаромадани ярчу тундбодҳо ва дигар ҳодисаҳои табиӣ, ки солҳои охир дар ҷаҳон ба амал меоянд, нишонаҳои тағйирёбии иқлим мебошанд. Барои пешгирӣ аз чунин офатҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд чӣ тадбир андешад?

- Дар ин раванд таъсири антропогении газҳои гулхонаӣ низ саҳм доранд. Имрӯзҳо зиёд шудани газҳои гулхонаӣ ва гармшавии глобалиро эҳсос карда истодаем. Барои ҳамин, вақте ки тағйирёбии иқлим мегӯем, нишондодҳои иқлим дар муддати то 30 солро ба назар мегирем. Масалан, 10 рӯз пеш ҳаво гарм буд, имрӯз бориши барф аст. Ин нишондиҳандаи обу ҳаво аст ва мо онро тағйирёбии иқлим гуфта наметавонем.

- Солҳои охир қариб як ҳазор пиряхи хурду бузург дар Тоҷикистон ба нестӣ расид. Бо мақсади пешгирии ин раванд аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шуд. То имрӯз дар ин самт чӣ корҳо ба сомон расиданд?

- Омӯзиши пиряхҳо, кайҳон ва энергияи ядроӣ аз масъалаҳои асосӣ ва фаъолияти коршиносони сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ҳангоме ки ба Антарктида сафар кардам, як киштӣ дар як шабонарӯз 40 ҳазор доллар сарф мекард. Ба ҳолати иқтисодии ҷаҳон нигоҳ накарда, тадқиқот дар Антарктида рафта истодааст. Ҳатто солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ  тадқиқот дар ин қитъа қатъ нашуда буд, зеро дар мавриди надонистани ҳолати пир­яхҳо мо стратегияро дуруст муайян карда наметавонем. Маълумоти мавҷуда куҳна ва нодурустанд, ҳолати воқеии пир­яхҳоро бозгӯӣ карда наметавонанд. Дар як сол як маротиба гӯшаи як пиряхро омӯхтан омӯзиш нест. Мо сис­темаи мониторинги пиряхҳои моҳворагӣ дорем, ки ба воситаи он ҳамаи пиряхҳоро ҳар сол таҳлил мекунем. Соли 1930 ягона стансия дар баландии 4200 метр стансияи ба номи Гарбунов буд, ки дар ҷаҳон баландтарин ба ҳисоб мерафт. Мутаассифона, он ҳоло кор намекунад. Дар 5 соли фаъолият мо панҷто чунин стансия сохтем, ки дар баландии 3500 то 4800 метр қарор дошта, дар ҷаҳон камназиранд.

Аввалин вазифае, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ташкил кардани Маркази омӯзиши пиряхҳо гузош­та шуд, таҳлил кардани ҳолати имрӯзаи пиряхҳост. Дар панҷ сол зиёда аз 50 экспедитсия ташкил кардем, ки ин дастоварди назаррас мебошад.

Дастоварди арзандаи мо тайёр кардани ­феҳристи пиряхҳост. Маълумоти илмие, ки ба Ҳукумат равон мекунем, пас аз тасдиқ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод мешаванд. Мо дар 12 ҷилд феҳрист тайёр кардем ва ҷилди умумии маҷмаавиро чоп мекунем.

- Барои пешгирии тағйирёбии иқлим дар сайёра чӣ бояд кард?

- Яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз тағйирёбии босуръати иқлим кам кардани газҳои гулхонаӣ мебошад, ки ҳарорати заминро баланд мекунад. Сабаби асосии зиёдшавии чунин газҳо корхонаҳои саноатии бузург дар миқёси сайёра мебошанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 дар Копенгаген баромад карда гуфтаанд, ки ягона омиле, ки ба рушди устувор монеа шуда метавонад, тағйирёбии иқлим ва хатарҳои марбут ба об мебошад. Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷаҳониро барои андешидани тадбирҳои муштарак дар самти кам кардани таъсири тағйирёбии иқлим даъват намуданд.

Зиёд кардани масоҳати ҷангалзорҳо низ метавонад барои ба самти мусбат тағйир ёфтани иқлим мусоидат кунад.

Фархундаи АБДУЛҲАКИМ,

«Садои мардум»