Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоҳибаи рӯзноманигори «Садои мардум» Шариф Атобуллоевро бо муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров баррасӣ намуда, ба чунин хулоса омад, ки дар он масъалаҳои муҳим ба миён гузошта шудаанд.
Дарвоқеъ, давлатдории тоҷикон таърихи хеле қадим дошта, танҳо бо давлати Сомониён маҳдуд намешавад. Дар китобҳои зиёде, ки ба таърихи халқи тоҷик бахшида шудаанд, аз ҷумла дар асари маъруфи «Тоҷикон»- и Б. Ғафуров, асарҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва ғайра дар бораи давлатҳои қадимии тоҷикон маълумоти муфассал дода шудаанд.
Вале давлати Сомониён барои мардуми тоҷик аз чанд ҷиҳат хеле муҳим буда, ба сиёсати имрӯзаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон созгор аст. Маҳз давлати Сомониён, ки бунёдгузорони он тоҷикон буданд, истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиро ба даст оварда, усулҳои давлатдориро барои асрҳои баъдӣ муайян намуд. Аз ин ҷост, ки ҳарчанд пас аз Сомониён то ибтидои асри ХХ бештар сулолаҳои туркнажод дар сарзамини тоҷикон ҳукмронӣ доштанд (амсоли Ғазнавиён, Қарохониён, Салчуқиён, Шайбониҳо, Аштархониҳо, Манғитиҳо ва ғайра), вале низоми давлатдории тоҷикон ҳамеша побарҷо ва забони расмии давлатҳои мазкур тоҷикӣ буд.
Илова бар ин, забони суғдӣ дар давраи қадим ва забони форсии дарӣ дар асрҳои миёна ҷанбаи байналмилалӣ ҳам доштанд.
Ҳоло дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш ба таҳқиқи мавзӯи «Этногенез ва таърихи этникии халқи тоҷик» машғуланд. Натиҷаи таҳқиқоти мазкур метавонад паҳлуҳои торики ин масъаларо равшан намояд.
Рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ бояд робитаро бо олимону мутахассисони таърихи халқи тоҷик қавитар намуда, дастовардҳои илмиро ба иттилои мардум расонанд. Бинобар ин, ташаббуси рӯзномаи «Садои мардум», ки чунин мусоҳибаву мақолаҳоро нашр менамояд, қобили дастгирӣ ва шоистаи таҳсин аст.
Ф. РАҲИМӢ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон