Дар илми кишоварзии Тоҷикистон таҳия ва коркардҳои зиёди назариявӣ ба вуқуъ пайвастаанд, ки натиҷаҳои он бештар аҳамияти амалӣ доранд. Ин, пеш аз ҳама аз он вобаста аст, ки роҳандозии самтҳои афзалиятноки таҳқиқот дар соҳаи кишоварзиро шахсият ва олимони барҷаста сарварӣ менамуданд. Яке аз чунин намояндагони илми кишоварзии Тоҷикистон доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, академики Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амир Қарақулов мебошад. Бо номи ӯ на фақат таърих ва назарияи умумии илми кишоварзӣ, балки таҳқиқотҳои азими амалӣ дар соҳаи чорводорӣ алоқаманд аст. Аз ин лиҳоз, силсилаҳои таҳқиқотии ӯ таҳти унвони «Асосҳои илмӣ-амалии мутобиқгардонии зотҳои гови сергӯшт ва қутосҳо дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон» ва «Илми кишоварзӣ ва самтҳои рушду таҳкими он» барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2013 (илмҳои биология, тиб ва кишоварзӣ) пешниҳод шудааст.
Ин корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз чор китоб иборат мебошанд. Инҳо «Говҳои зоти қалмиқӣ дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон» (Душанбе, «Ирфон», 1992), «Қутоспарварии Помир» (Душанбе, «Ирфон», 1993), «Таъмини захираҳои истеҳсоли гӯшти гов дар Тоҷикистон» (Душанбе, «Ирфон», 1996), «Илми кишоварзӣ ва самтҳои рушду таҳкими он», (Душанбе, «Шарқи озод», 2004) мебошанд. Дар ин асарҳо, мақолаҳо доир ба усули корҳои селексионӣ-зотпарварӣ, тадбирҳои технологӣ, масоили пурбаҳо гардонидани чорво, тавсияҳои судманд оид ба ташкилу такмили инфраструктураи соҳаи чорводорӣ, шаклгирии он дар замони муносибатҳои бозорӣ, самти фаъолият ва рушди илми кишоварзӣ дарҷ гардидаанд. Дар маҷмуъ, ин асарҳои олим ҳамчун системаи мукаммали назариёти рушди соҳаи чорводорӣ дар кишвар аҳамияти калон дошта, дар давраи кунунӣ низ ҷиҳати пешбурд ва рушди соҳа барои амалисозии Барномаи таъмини амнияти озуқавории мамлакат мусоидат хоҳанд намуд.
Дар оғози солҳои 90-уми асри ХХ профессор Амир Қарақулов дар кори илмии худ — «Таъмини захираҳои истеҳсоли гӯшти гов дар Тоҷикистон» таъкид намуд, ки барои тезонидани суръати истеҳсолоти захираҳои озуқаворӣ ба зиёд намудани истеҳсолоти маҳсулоти чорводорӣ, пеш аз ҳама ба гӯшт бояд диққати бештар дод, чунки ба вуҷуд омадани камчинии он чун масъалаи ҳалнашаванда дар шароити дарозмуҳлат мегардад (саҳ.53). Дар ин кор ӯ аз нуқтаи назари илмӣ роҳҳо ва имконоти барқарорсозии зотҳои пурмаҳсули гӯштдиҳандаи чорворо дар шароити ноҳияҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок намудааст.
Таҳқиқотҳои гузаронидаи ӯ самаранокии парвариши зотҳои гови сергӯшти ҷаҳониро дар шароити кӯҳсори мамлакат тасдиқ намуданд ва барои ба Тоҷикистон бемамониат ворид намудани саршумори онҳо заминаи боэътимод гузошта шуд.
Ин хулосаҳои илмии муаллиф заминаҳои таърихӣ доранд ва бо таҳқиқоти илмӣ-амалии ӯ дар соҳаи чорводорӣ алоқаманданд. Маҳз бо ташаббуси Амир Қарақулов соли 1978 ба кишвар 200 сар ҷавонаҳои зоти махсусгардонидашудаи гӯштии қалмиқӣ аз вилояти Ростови лаби Дони Федератсияи Россия ворид карда шуданд. Таҷрибаҳои илмӣ-истеҳсолии дар мавзеи «Лахш»-и ноҳияи Ҷиргатол гузаронидашуда самаранокии ин тадбири муфидро пурра тасдиқ намуданд. Натиҷаҳои ин таҳқиқоти амалӣ ба таври мушаххас дар монографияаш -«Говҳои зоти қалмиқӣ дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон» оварда шуда, аз ҷиҳати илмӣ тасдиқ гардид, ки дар синни 18-моҳагӣ вазни миёнаи ҳар кадом ҷавонаи зоти қалмиқии багӯштсупорида нисбат ба ҷавонаҳои гови маҳаллӣ 96,6 килло ва вазни гӯшти онҳо 62,6 килло зиёдтар буданд. Барои истеҳсоли 1,0 кг афзоиши вазни зиндаи ҷавонаҳои зоти қалмиқӣ сарфи хӯрокиҳо 2,5 воҳиди хӯрокӣ кам буда, даромаднокӣ ба 53,4 дар сад баробар шуд, ки нисбат ба говҳои маҳаллӣ 40 фоиз зиёд аст. Парвариши говҳои зоти қалмиқӣ дар шароити кишвари мо хусусиятҳои баланди биологии онҳоро пурра тасдиқ намуд. Маҳз барои ин Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодабарӣ ва ноҳиябандии онро дар минтақаҳои кӯҳии кишвар пешниҳод намуд.
Давоми мантиқии корҳои илмии дар амал татбиқшавандаи профессор Амир Қарақулов дар соҳаи чорводории кӯҳӣ таҳқиқот дар самти инкишофи ин соҳа ба ҳисоб мераванд. Монографияи ӯ «Қутоспарварии Помир» натиҷаи таҷрибаҳои илмӣ-истеҳсолӣ оид ба омӯзиши хусусиятҳои биологии сабзиш, нумуъ ва ташаккулёбии маҳсулоти гӯштии қутосҳои экотипи помирӣ, афзоиш, селексия ва технологияи парвариши онҳоро дар бар гирифтааст. Дар ин монография аввалин маротиба маҷмуи масъалаҳои таъмини рушди соҳа, заминагузории зотпарварӣ ва дурнамои қутоспарварӣ аз нигоҳи илмӣ-амалӣ нишон дода шудаанд. Дар ин таҳқиқоти худ олими шинохта таъкид намудааст, ки дар самти инкишофи қутоспарварӣ мутахассисон ба тавсияҳои дар натиҷаи таҳқиқоти дақиқ ва маҷмуавии илмӣ коркардшуда ниёз доранд, ки барои баланд бардоштани ҳосилнокии саршуморӣ, ташаккули зотҳои писанд саҳмгузор буда метавонанд. Чунин хулосаи муаллиф дар дурбинии он асос ёфтааст, ки дар ҷараёни ислоҳоти бозорӣ ва барқароршавии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ҳиссаи асосии ин намуди чорво дар хоҷагиҳои инфиродӣ тамаркуз ёфта, ба дигар ноҳияҳо паҳн мегардад. Масалан, дар байни солҳои 1991 то 2011 миқдори қутосҳо дар кишвар аз 15076 то 23377 саршумор зиёд гардид, аммо имрӯзҳо аз ҷумлаи онҳо ҳамагӣ 989 саршумор ба корхонаҳои кишоварзӣ, 6473 саршумор ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, 15915 саршумор ба аҳолӣ рост меояд.
Бояд таъкид намуд, ки таҳқиқоти таҷрибавӣ ба типпи қутосҳои тибетӣ шабоҳат доштани қутосҳои экотипи помириро исбот намуда, барои дар минтақаҳои нави экологӣ-ҷуғрофии мамлакат (ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Ховалинг, Балҷувон ва ғайра) мутобиқшавӣ ва парвариш намудани онҳоро имконпазир гардонид. Зарурат ва мубрамияти инкишофи соҳаи қутоспарварӣ дар кишвар эътирофи умум пайдо карда, ки тавассути «Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» амалӣ шуда истодааст.
Собиқаи бисёрсолаи кори илмӣ, таҷрибаи ҳаётӣ ва идоравии академик А.Қарақулов ӯро наметавонист ба дарки зарурати барқароршавӣ ва инкишофи системавии илми кишоварзии Тоҷикистони муосир равона насозад. Асари ӯ «Илми кишоварзӣ ва самтҳои рушду таҳкими он» аз ҳиссиёти бузурги қарзи виҷдонӣ дар назди илми кишоварзӣ саршор аст ва баҳри ҷустуҷӯйи роҳҳои барқарорсозии он дар шароити муосир равона шудааст. Дар китоби мазкур саҳми илми соҳавӣ оид ба масъалаҳои болоравии иқтидори иқтисодию иҷтимоӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат баён гардидаанд.
-Ҳоло ва дар оянда низ,- менависад устод, — вазифаҳои илми кишоварзӣ мураккаб мемонанд ва ҳалли онҳо саъю маҳорати эҷодиро тақозо дорад… Истиқлолияти миллӣ ҳифзу ҳимояти сарватҳо, аз ҷумла навъҳои растанӣ ва чорвои зотиро низ чун дороии миллӣ маънидод менамояд.
Имрӯзҳо Тоҷикистон чун кишвари соҳибистиқлол бисёр конвенсияҳои байналмилалиро эътироф намуда, узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид. Ин илми кишоварзиро уҳдадор ва ҳушдор месозад, ки манфиатҳои кишвар, пеш аз ҳама заҳмати деҳқонон ҳимоя карда шаванд.
Олими шинохтаи тоҷик, профессор Амир Қарақулов дар соҳаи илми кишоварзӣ таҳқиқотҳои зиёде ба анҷом расонидааст. Бешубҳа, заҳматҳои чандинсолааш сазовори ҳар гуна ҷоизаву мукофот мебошанд.
Л.САИДМУРОДОВ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор