Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои ташаккули тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид.
Ин дастури дурандешонаи Пешвои миллат аҳли ҷомеаро водор месозад, ки баҳри амалӣ гардидани он ҷаҳду талош намоянд. Яке аз омилҳои асосии татбиқи иқдоми зикршуда ташаккули маданияти экологии ҷомеа бо мақсади ҳифзи табиат ба ҳисоб меравад.
Инсон бо табиат зинда аст, зеро он манбаи ҳаёт, сарчашмаи асосии қонеъ гардондани талаботи моддию маънавии ӯ ба ҳисоб меравад. Инсоният дар марҳилаҳои гуногуни фаъолият бо табиат муносибатҳои гуногун барқарор менамояд, ки ҳамчун мавҷуди биологию иҷтимоӣ умр ба сар барад. Баъзан, ин муносибат ва алоқамандиҳо ба тағйироте боис мегарданд, ки ҳаёти инсонро дар хатар мегузоранд. Аз ин рӯ, одамон дар тӯли таърих кӯшиш намудаанд, ки асрори табиат, сабабҳои ба амал омадани ҳодисаҳои табиӣ ва моҳияти онҳоро дарк намоянд.
Дар остонаи ҳазорсолаи сеюм ҷомеаи инсонӣ ба як қатор мушкилоте дучор омадааст, ки яке аз онҳо ба муносибати байни инсону табиат вобастагии зич дошта, масоили экологӣ ном гирифтааст.
Инсоният ҳоло беш аз пеш дарк менамояд, ки вазъи саломатии ӯ ба вазъи муҳити зист, тағйирёбии иқлим бевосита алоқаманд аст. Тақдири ояндаи мавҷудияти инсоният ба ҳифзи муҳити зист вобаста аст. Дар ҳаллу фасли ин масъалаҳо чораву тадбирҳои гуногун андешида мешавад, ки яке аз онҳо ташаккули шуури экологӣ ва дар заминаи он ба вуҷуд овардани маданияти экологӣ мебошад. Мусаллам аст, ки ҳар шакли таърихии тарзи истеҳсолот вобаста ба тараққиёти моддию иҷтимоӣ, тағйирёбии муҳити атроф, маҳорати аз ҷониби одамон дигаргун сохтани табиат рафтори муносиберо нисбат ба табиат ташаккул медиҳад. Раванди таърихии азхудкунии табиат, ташаккулёбии маданияти экологиро ба се давраи асосӣ ҷудо намудан ба мақсад мувофиқ аст.
Якум, давраи антиқӣ — тафаккури асотирӣ ва маданияти антиқӣ, ки инсон худро ҳанӯз аз табиат ҷудо накарда буд;
Дуюм, давраи асрҳои миёна — тафаккури динӣ ба офаридагор алоқаманд будани ҳама гуна зуҳуроти дар табиат рухдиҳанда асоси шуури экологии инсонро ташкил менамуд;
Сеюм, давраи замони нав — тафаккури илмӣ — назариявӣ ва маданияти нав хоси он мебошад.
Дар замони антиқӣ аввалин ақидаҳо доир ба алоқамандии инсон бо табиат ба вуҷуд омадаанд. Ин ақидаҳо дар асотири Юнони қадим, Чини қадим ва Эрони бостонӣ таҷассум гардида, дар давоми ҳазорсолаҳо ба ташаккулёбии маданият таъсир расонидаанд. Шакли аввалини он анимизм (аз калимаи лотинӣ — anima — рӯҳ, тафаккур) мебошад, ки тамоми табиатро ҷондор, дорои рӯҳ, тафаккур меҳисобад.
Дар китоби муқаддаси «Авесто», ки ҳамчун мероси муштараки фарҳангии ҷаҳониён, навиштаҷоти муқаддаси эронитабор мебошад, баробари тарғиби «пиндори нек», «гуфтори нек» ва «рафтори нек», ҳифзу муносибати некро бо табиати атроф мушоҳида менамоем.
Дар асрҳои миёна бошад, тафаккури динӣ ҳукмрон буда, принсипи «парастиши табиат» ҳукмфармоӣ менамуд. Рӯҳониён чунин ақида доранд, ки дар давраи ҳукмронии ҷаҳонбинии динӣ, ҷамъият бо масъалаҳои экологӣ дучор наомада буд, зеро муносибати инсон ба табиат аз рӯи меъёрҳои рафтори динӣ назорат карда мешуд.
Давраи сеюм, аз асри XVIII, аз давраи инқилобҳои саноатӣ оғоз гардида, то замони ҳозира идома дорад. Дар ин давра принсипи «фатҳ намудани табиат», ҳар чӣ бештар ба манфиати инсон истифода бурдани он ба амал омада, зиддияти байни ҷамъият ва табиат торафт тезутунд мегардад ва робитаи байни ҷамъият ва табиат шакли умумибашариро қабул менамояд. Бо ифодаи В. И. Вернадский, инсоният ба «қувваи бузурги геологӣ» табдил меёбад. Ҳоло дар назди инсоният ҳифзи муҳити зист ва тамаддун аз таҳдидҳои фалокатовари экологӣ вазифаи муҳимтарин мебошад. Маҳз, ҳамин омилҳо зарурати ташаккулёбии шуури экологиро тақозо менамоянд.
Шуури экологӣ вобаста ба хислат ва аҳамиятнокиаш дар ташаккули маданияти экологӣ яке аз унсури муайянкунанда ба ҳисоб рафта, маҷмӯи ақида, эътиқод ва донишҳоест, ки хислати томи фаъолияти низоми «ҷамъият» ва «табиат» — ро инъикос менамояд.
Шуури экологӣ шакли махсуси шуури ҷамъиятӣ буда, аз рӯи мазмун ва мақсад барои кор карда баромадани стратегияи муштараки пешгирии хавфи экологии биоиҷтимоӣ равона шудааст. Асоси шуури экологиро назарияе ташкил медиҳад, ки тибқи он зарурати пешрафти илму техника эътироф гардида, дар баробари он муҳити мавҷудаи зист аз оқибатҳои зараровари манфӣ солим нигоҳ дошта шавад.
Ақидаҳои экологӣ андеша, идея ва тасаввурот оид ба муносибати байни инсон ва табиат мебошанд, ки дар онҳо раванди таъсири мутақобилаи инсон бо атмосфера, гидросфера, литосфера, олами набототу ҳайвонот таҷассум меёбанд.
Донишҳои экологӣ ҳамчун падидаи махсуси шуури экологӣ баромад намуда, занҷири сарбастаи зуҳуроти антропогениро ифода менамоянд, ки дар асоси онҳо барномаҳои мушаххаси ҳифзи табиат тарҳрезӣ мегарданд.
Мафҳуми маърифати экологӣ аз ҳифзи табиат, истифодаи дурусти сарватҳои гаронбаҳои он, аз нав бавуҷудорию кабудизоркунии мавзею маҳалҳои кишвар, азхудкунию омӯхтани қонунҳои табиат, аз овони кӯдакӣ ташаккулёбии рафтору муносибатҳои ғамхорона ба он бармеоянд.
Қайд кардан лозим аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани маърифату фарҳанги экологии шаҳрвандон ва ҳалли масъалаҳои экологӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, зиёда аз 40 қонун ва барномаи давлатиро дар бораи экология ва сарватҳои табиӣ қабул ва таҳия кардааст.
Мутобиқи «Барномаи давлатии маърифат ва тарбияи экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2000 то соли 2010» дар муассисаи таҳсилоти умумӣ, миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ омӯзиши асосҳои экология ва ҳифзи табиат ба роҳ монда шудааст.
Боиси ифтихор аст, ки сиёсати хирадмандона, ташаббусҳои судманд ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналхалқии оби тоза» эълон намудани соли 2003, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи амалиёт «Об — барои ҳаёт», соли 2013 соли дипломатияи об» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 аз ҷониби зиёда аз 180 давлати ҷаҳон дастгирӣ ёфтанд ва конфронсҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе гузаронида шуданд. Ҳамаи ин тадбирҳо дар ташаккули шуури экологӣ ва маданияти экологии ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.
Дар шароити ҳозира, ки ҷомеаи мо ба давраи дигаргунии қатъии таърихӣ — давраи таҳаввулоти демократӣ қадам ниҳод, тарбияи экологии шахсият, ташаккули инсони дорои тафаккури экологӣ аҳамияти бағоят муҳим пайдо менамояд.
Иштироки бевоситаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаҳои ниҳолшинонӣ ва ба корҳои ободонию созандагӣ, сабзу хуррамгардонии кӯчаю маҳал, хиёбон, манзилҳои зист, беҳдошти муҳити атроф, бунёди боғҳои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан ҳидоят намудани аҳолӣ ва инчунин муроҷиати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахти мамлакат намунаи олии таҷассуми фарҳанги экологӣ ба ҳисоб мераванд.
Ташаккулёбии шуури экологӣ ва дар заминаи он бунёди маданияти экологӣ ҳамчун меъёри ҳаёти ҷамъиятии мутамаддин дар заминаи оила, боғча, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, коллективҳои меҳнатӣ, воситаҳои ахбори омма, иттиҳодияҳои эҷодӣ, муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ ва умури давлатӣ амалӣ мегарданд.
Дарк бояд кард, ки дар табиати носолим солим зистан номумкин аст. Баҳри қонеъ намудани манфиатҳои шубҳаноки инсонӣ набояд ҳайвоноту набототро нобуд созем.
Маҳмадулло ШАРИПОВ,
дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон