Ташаккули матбуот ва иртиботи он ба вазъи замон

№ 29.06.2022

Чанде пеш бо ибтикори Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон» («Хонаи китоби Тоҷикистон») дар мавзӯи «Омилҳои ташаккули матбуоти даврии тоҷик дар солҳои 1920-1930» суҳбати гирди миз баргузор шуд.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода изҳор дошт, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароит фароҳам овард, ки соҳаи китобдорӣ низ истисно нест. Муассисаи давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон» маркази ягонаи таъсисдиҳандаи Рақами стандарти байналмилалии китоб, бақайдгирии нашри чопии матбуоти кишвар, библиографияи давлатӣ, омори матбуот, хизматрасонии библиографӣ ва нигоҳдорандаи бойгонии нодири матбуоти  миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Номбурда доир ба рисолати матбуот сухан гуфта, умедворӣ намуд, ки баргузор кардани чунин чорабиниҳо ба рушди беҳтари соҳа мусоидат менамоянд.

Директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон» Сайзароб Нодирзода изҳор дошт, ки олимони муассиса тавонистанд якчанд навгониро дар раванди кор ҷорӣ намоянд. Аз ҷумла, бори нахуст ба сохтори «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйирот ворид намуда, ҷобаҷогузории мавод аз рӯйи талаботи Таснифоти даҳгонаи универсалӣ ба роҳ монда шуд.

Дар чорабинӣ доктори илмҳои филологӣ, профессор Аъзамҷон Азимов, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродӣ, номзади илмҳои филологӣ Мирзоалӣ Ҷӯраев ва муовини директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон» Муҳаммаднабӣ Баёнӣ мутаносибан дар мавзӯъҳои «Замина ва омилҳои ташаккули матбуоти даврӣ дар солҳои сиём», «Раванди ташаккули низоми матбуоти даврӣ дар солҳои 1920-1930 (дар мисоли маҷаллаҳо)», «Нақши матбуот дар ҷалби ҷавонон ба ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат» (дар мисоли рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана») ва «Адабиёти бадеӣ дар рӯзномаи «Бедории тоҷик»-и солҳои 20-ум» маърӯза намуданд.

Зикр шуд, ки матбуоти даврӣ дар ҳар давру замон ҳамчун ойинаи ҷомеа ҳаёт ва фаъолияти мардумро инъикос мекунад, бо таҳаввулоти ҷомеа инкишоф меёбад. Пешрафти матбуоти даврӣ баёнгари тавсеаи  ҷомеаи мутамаддин аст. Қудратҳои сиёсӣ орзую омол ва ақидаҳои мафкуравии худро танҳо ба воситаи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма байни мардум тарғибу ташвиқ намуда, ҳамзамон ниятҳои худро амалӣ мекарданду мекунанд. Аз ин рӯ, дар ҳар давраи таърихӣ таъсис ва ташаккули матбуоти даврӣ бо таъсири вазъи сиёсӣ ва идеологии замон сурат гирифтааст.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»