Арзи сипос

Ташкилоти ҷамъиятии «Олимпиадаи махсуси Тоҷикис­тон» созмони ғайритиҷоратӣ буда, ба азнавбарқароркунии вазъи саломатии шахсони имконияташон маҳдуд тавассути варзиш машғул мебошад.

№18 (3968) 14.02.2019

Дар баробари ин, ташкилот ҳар сол чанд чорабинии фарҳангиву варзишии сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ доир менамояд. Яке аз чорабиниҳои муҳими соли гузашта мусобиқаи футболи хурд ва тенниси рӯимизӣ буд, ки моҳи октябри соли 2018 дар доираи чорабиниҳои ба «Ҳафтаи байналмилалии маъюбон» бахшидашуда бо иштироки беш аз 180 варзишгари имконияти маҳдудошта гузаронида шуд. Айни ҳол 8 варзишгари натиҷаи хуби варзишӣ бадастоварда ба Бозиҳои ҷаҳонии зимистона, ки дар шаҳри Гратси Австрия баргузор мегардад, омодагӣ мегиранд. Ин муваффақият ба туфайли дастгириву кумакҳои Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ имконпазир гардид.

Қобили қайд аст, ки Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар гузаронидани чорабиниҳои Ташкилоти ҷамъиятии «Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон» саҳмгузор аст. Дар чорабиниҳои ба «Ҳафтаи байналмилалии маъбон» бахшидашуда низ медалу ҷоиза, дастурхони идона ва туҳфаҳо ба ғолибону иштирокчиён аз ҷониби он  омода гардид. Бинобар ин, Ташкилоти ҷамъиятии «Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон» ба сарвари кумита Абдуллозода Аҳтами Рустам арзи сипос менамояд. Ҳамеша сарбаланд бошед!

Дилбар ШАРИФОВА,

сарвари ТҶ «Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон»