Миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз лиҳози сатҳи дониши муҳассилин, заминаи моддӣ-техникӣ, равобити байналмилалӣ, сифати таълиму тарбия ва омилҳои дигар яке аз пешсафон маҳсуб ёфта, дар ин замина обрӯву эътибораш на танҳо дар дохили кишвар, балки хориҷ аз он низ тамоюли афзоишро касб намудааст. Далелҳо гӯёи онанд, ки шурӯъ аз соли 2006 инҷониб, марҳилаи сифатан нави рушди донишгоҳ оғоз гаштаву ин раванд рӯз то рӯз тавсеа ёфта истодааст. Роҳбарияти ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар тамоми самтҳои фаъолият намунаи ибрат аст.
Табиист, ки яке аз омилҳои асосии пешбурди фаъолияти муназзаму босамари муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ин таъмини маводи таълимӣ ва ғанӣ гардонидани фонди китобхона мебошад. солиёни пеш қисмати зиёди адабиёти ба бахши тиб рабтдошта ба забони русӣ нашр мегардид. Барои тақвияти ин гуфтаҳо чунин мисол овардан мумкин аст. Соли 2005 таъминот бо адабиёти таълимӣ дар донишгоҳ ҳамагӣ 28 фоизро ташкил медод. Дар заминаи кӯшишҳои роҳбарияти нави ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ соли 2009 ин нишондиҳанда ба 32 фоиз расонида шуд.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки ба вусъат бахшидани ин раванд зимни мавриди истифода қарор гирифтани бинои асосии донишгоҳ, ки бар асари сӯхтор қариб, ки пурра валангор шуда буд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, супориш доданд, ки дар ояндаи наздик нишондиҳандаи мавриди назар ба сад фоиз расонида шавад. Масъулиятшиносии роҳбарияти донишгоҳ буд, ки дар як муддати кӯтоҳ, аниқтараш соли 2011 супориши мазкур иҷро гардида, айни замон таъминоти адабиёти таълимӣ бо забони давлатӣ сад фоизро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин, бо ибтикори роҳбарияти донишгоҳ номгӯйи зиёди китобҳои дарсиву таълимии соҳаи тиб бо забони давлатӣ, аз қабили «Энсиклопедияи тиббӣ», «Вожаномаи тиббӣ», «Фарҳанги истилоҳоти тиббӣ», фарҳанги «истилоҳоти анатомӣ» ва амсоли онҳо нашр ва дастараси хонандагон гардонида шудаанд. Айни замон фонди умумии китобхонаи донишгоҳ ба 701498 нусха адабиёти гуногунмавзӯъ расида, аз ин теъдод 169153 нусхаашро китобҳои электронӣ ташкил медиҳад.
Иқдоми дигаре, ки санаи дуюми октябри соли равон бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино амалӣ намуд, аксияи умумидонишгоҳӣ оид ба навиштани кори хаттӣ (диктант) мебошад. Бо мақсади ҷавобгӯйи талабот ва шаффоф баргузор шудани ин чорабинӣ бо фармони ректори донишгоҳ комиссия иборат аз даҳ нафар таъсис дода шуд. Аҳдофи асосии баргузории ин чорабиниро масъулин арҷгузории забони давлатӣ, муайян кардани сатҳи донистани забони давлатӣ ва риоя кардани меъёрҳои он аз ҷониби ҳайати профессорону кормандон ва донишҷӯён, инчунин ҳавасманд гардонидани шахсоне, ки аз кори хаттӣ (диктант) холҳои баланд гирифтаанд, арзёбӣ намуданд.
Ҳамин тариқ, дар аксия 750 нафар ширкат намуданд. Зикр бояд кард, ки ҳаҷми кори хаттӣ аз 150 то 180 калима иборат буд. баҳогузорӣ ва эълони ғолибон мувофиқи меъёрҳои рейтингӣ сурат гирифт.
Нукоти зикргардида далели возеҳи онанд, ки таваҷҷуҳ ва арҷгузории роҳбарияти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба забони давлатӣ мақому манзалати онро боло бурдааст.
Далер МЕРГАНОВ,
«Садои мардум»