Тавре аз ИЖТ иттилоъ доданд…

№150 (4100) 14.12.2019

Аз  Кумитаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон хабар доданд, ки қабули мақолаҳо барои дарёфти Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ барои соли 2019 оғоз гардид. Тибқи Низомнома озмуни эҷодӣ дар чор бахш — матбуоти даврӣ, телевизион, радио ва пажӯҳиш дар соҳаи ВАО гузаронида мешавад.  Дар он онҳое  иштирок карда метавонанд, ки собиқаи беш аз 5 — солаи узвият дар ИЖТ-ро доранд.

Ба озмун бояд нигоштаҳое, ки аз 1 январи  соли 2019  то 31 декабри соли 2019 дар матбуот, оҷонсиҳои иттилоотӣ, телевизион, радио  ба табъ расидаанд, пешниҳод шаванд. Дар номинатсияи пажӯҳиш дар ВАО китоб ё дастури таълимӣ низ қабул карда мешавад. Муҳлати ниҳоии қабул 20 феврали соли 2020 муқаррар шудааст.

Кумитаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ҳамчунин, барои донишҷӯёни факултет ва бахшҳои журналис­тии донишгоҳҳои ҷумҳурӣ Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи устод Воҳид Асрориро эълон кардааст. Довталабон  метавонанд матолибашонро, ки соли ҷорӣ дар матбуот, оҷонсиҳои иттилоотӣ, телевизион, радио  ба табъ расидаанд,  пешниҳод намоянд.

Ҷоизаҳо ба ғолибон 11 марти соли 2020 дар Рӯзи матбуоти тоҷик супорида мешаванд.

 Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»