Терроризм ва экстремизм. Сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии онҳо

№70 (4332) 25.05.2021

Дар охири қарни XX ва ибтидои садаи XXI инсоният ба хатари ҷиддие, мисли терроризм ва экстремизм, рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад. Албатта, онҳое, ки мегӯянд экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм (даҳшатафканӣ) зуҳуроте мебошанд, ки инсониятро дар тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд, беасос нест. Решаҳои онҳо хеле амиқанд. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофаринӣ мехостанд мақсадҳояшонро ба дигарон бор кунанд ва дар ин зимн одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.

Махсусан, ибтидои ҳазораи нави солшуморӣ амалҳои ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ бештар характери сиёсӣ гирифта, доираи фаъолияти террористон васеъ гардид. Бо инкишофи техникаву технологияи муосир шаклу намудҳои нави терроризм ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.

Дар солҳои баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, ибтидои солҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, дар Тоҷикистон ҳам бар асари таъсири омилҳои айнӣ ва ҳам зеҳнӣ мухолифатҳо ва амалҳои ифротӣ зиёд шуда, гурӯҳу созмонҳое ташкил шуданд, ки аз шеваҳои ифротии мубориза истифода мекарданд ва ин ҳама дар ниҳоят ба афзоиши амалҳои террористӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд.

Дар ҷараёни майдоннишиниҳо, ба гаравгон гирифтани вакилони мардумӣ, фишор овардан ба онҳо дар ҷараёни кори парлумон, сӯиқасд ба ҷони кормандони боломақоми давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ғасби биноҳои ҳукуматӣ ва амсоли инҳо як амри муқаррарӣ шуда буд. Дар он марҳилаи пурҳаводис гурӯҳи осебпазир, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама, қишри ҳассоси ҷомеа — ҷавонон маҳсуб меёфтанд, ки ин як фоҷиаи бузург барои миллати тоҷик буд.

Фақат хиради азалии мардум, сиёсати сулҳҷӯёна ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки манфиати миллат ва Ватанро аз ҳама боло дониста, хатари заволи давлатдории тоҷиконро эҳсос намуданд, имкон дод, то дар муддати нисбатан кӯтоҳ дар кишвар сулҳу оромӣ аз нав пойдор ва Истиқлолияти давлатӣ боз ҳам комил гардад.

Айни ҳол, мутобиқи нишондоди оморӣ, ҷавонони синнашон то 30 наздики 70 фисади аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Пас, вақте ки «ҷомеа» мегӯем, асосан ҷавононро дар назар дорем ва вақте ки «мушкилоти ҷавонон» мегӯем, қабл аз ҳама мушкилоти ҷомеаи Тоҷикистон мадди назар аст.

Яке аз мушкилоти умдаи ҳозира тамоюл ва гароиши ҷавонон ва ҳамин гуна, ҷамъияти асосии мамлакат ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоист. Савол ба миён меояд: Чаро сарзамини тоҷикон, ки қадимӣ, дорои мардуме хайрхоҳу фарҳангдӯст ва соҳиби дину оини солим аст, бо ин бало ва зуҳуроти шайтонӣ рӯ ба рӯ шуд?

Адиби оламшумулу бузург Эрнест Хеменгуэй гуфта буд: «Агар дар оянда ҷанге рух диҳад, он ҷанги байни тамаддунҳо хоҳад буд ва шадидтарин ихтилофу ҷангҳо дар сарҳади байни тамаддунҳо ба вуҷуд хоҳад омад». Аз назари геополитикӣ Тоҷикистон кишварест, ки дар Осиёи Марказӣ ва дар марзи азимтарин тамаддунҳои дунё қарор дорад. Табиист, ки ҳар кадом аз давлатҳои абарқудрат саъй хоҳанд кард, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологиро дар давлати навбунёди мо пайгирӣ намоянд. Ҳол он ки аз ҷониби Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ягонаи татбиқи идеяҳои низоми давлатдорӣ, яъне, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, интихоб гардида, ба ҷонибдории он мардуми кишвар раъй додаанд.

Қобили зикр аст, ки паҳншавии ифротгароии заминаи динидошта ва терроризм дар Осиёи Марказӣ ва хусусан дар Тоҷикистон, ба якчанд омил алоқаманд аст:

Якум. Баъди шикасти идеологияи коммунистӣ холигии идеологие пайдо гардид. Ин холигӣ, махсусан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар манотиқе, ки аксари аҳолияш вобастаи анъанаҳои мусулмонӣ буданд, баръало эҳсос мешуд. Ин ҷиҳатро амалан идеологияи исломӣ пур мекард. Ҷомеаҳои мусулмонӣ ангезаҳои таҳрикбахшеро барои инкишоф ва худсобиткунӣ ба ҳайси қувваҳои ҷамъиятии қобили аҳамият пайдо намуданд.

Дуюм. Худшиносии миллии халқҳое, ки акнун давлатдориашонро барқарор намуда буданд, хеле боло рафт. Дар шароити бисёрмиллатии аҳолии чунин кишварҳо, ба мисли Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизис­тон ва Ӯзбекистон омили исломӣ ба нишонаи асосии ҳувияти шаҳрвандӣ мубаддал гардида буд. Барои ҳамин, доираҳои ҳукмрони ин кишварҳо ҳаматарафа раванди эҳёи анъанаҳои исломиро дастгирӣ мекарданд. Дар баъзе аз кишварҳо таъсири рӯҳониёни мусулмон ба дараҷае баланд гардид, ки онҳо на танҳо даъвои ҳокимияти динӣ, балки ҳокимияти сиёсиро низ доштанд.

Сеюм. Ғайр аз мақсадҳои васеъ кардани доираи нуфузи фарҳангӣ доираҳои муайяни кишварҳои мусулмонии хориҷаи дур мақсадҳои мушаххаси иқтисодӣ низ доштанд. Манфиатдор будани доираҳои алоҳидаи соҳибкорони ҷаҳони исломӣ барои дастёбӣ ба захираҳои бойи табиии минтақаҳои Осиёи Марказӣ бо пардаи идеологии ташкили «ҷаҳони ягонаи исломӣ» рӯйпӯш шуда буд.

Чорум. Дар аксари ҷомеаҳои мусулмонии Осиёи Марказӣ меъёрҳои содатарини давлати ҳуқуқбунёд аз истифода баромаданд. Беқонунӣ дар бисёр мавридҳо ҳамчун қоида ва хусусияти муносибати ҷамъиятӣ ба назар мерасид. Дар ин шароит аҳолии мусулмони баъзе аз давлатҳои Осиёи Марказӣ дар зери меъёрҳои исломӣ паноҳ мебурд.

Панҷум. Сиёсишавии ислом ва истифодаи фаъолонаи он аз тарафи доираҳои сиёсии як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ба даст овардани манфиатҳои гурӯҳиашон омили муҳим гардид. Дар баъзе аз ҳолатҳо дини мубини исломро гурӯҳҳои ғаразнок ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва дигар фаъолиятҳое, ки баъзан характери ҷиноӣ касб карда буданд, пайваст намуданд.

Шашум. Аз ҷониби баъзе аз роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дуруст баҳо дода нашудани паҳншавии ифротгароии динӣ, сари вақт наҷустани чораҳо ба муқобили ин раванд ба пуршиддат гаштани вазъият мусоидат намуд. Дар маҷмӯъ, қатъ гардидани тамоюли робитаҳои анъанавӣ дар байни давлатҳои муштаракулманофеъ ба он оварда расонд, ки дар муқобили паҳн гардидани ифротгароии исломӣ роҳбарони ин кишварҳо оҷиз монданд.

Ҳамин тавр, раванди сиёсишавии ислом, ки барои тадриҷан паҳн гардидани ифротгароии динӣ ва терроризм мусоидат менамуд, ба таври шартӣ дар се марҳилаи асосии замонӣ амалӣ гардид: Марҳилаи аввал, асосан давраи аз охири солҳои 80 то аввали солҳои 90 — и қарни ХХ-ро дар бар гирифта, бо эҳёи ҳаматарафаи дини ислом дар ҳудуди кишварҳо тавсиф мегардад.

Марҳилаи дуюм, ки давраи аввали солҳои 90-уми асри ХХ-ро дар бар мегирад, бо пурқувват гардидани омили динӣ ҳамчун натиҷаи низоъҳои мусаллаҳона фарқ мекунад. Калонтарин чунин низоъ дар Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал гардид, ки зоҳиран муборизаи қувваҳои дунявӣ бо гурӯҳҳои ифротии динӣ буд. Дар асл ин ҷанг таҳмилӣ буд, ки шарҳи сабабҳо ва омилҳои он ба таври мухтасар номумкин аст. Марҳилаи сеюм, асосан давраи охири солҳои 90 асри гузашта ва солҳои аввали асри XXI -ро дар бар гирифта, бо пурқувват гаштани гурӯҳҳои диниву мазҳабӣ қазоват мекунад. Гурӯҳҳои гуногуни исломӣ ба бозиҳои сиёсӣ дохил карда шуданд.

Инчунин, омилҳое буданд, ки махсус барои шомилшавии ҷавонони тоҷик ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву тундгаро мусоидат карданд. Аз ҷумла, иҷро нашудани идеяҳои низоми давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аз ҷониби масъулин дар маҳалҳо, надоштани маърифати ибтидоии динӣ, маълумот надоштани оммаи мардум аз моҳияти воқеӣ ва ҳадафҳои сиёсии ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пайваста маблағгузорӣ гардидани гурӯҳҳои иртиҷоӣ аз тарафи муассисони хориҷӣ, мушоҳидаи каҷравию фасоди иҷтимоӣ, аз қабили коррупсия, беадолатӣ дар миёни мардум, дастрасӣ ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, фирефтаи суханҳои бардурӯғи шахсони ифротӣ гаштани мардум ва ҳоказо.

Ҳамин тариқ, аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ вобаста ба пешгирии чунин амалҳои зишту нанговар тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Вале як сохтор ё мақоми давлатӣ наметавонад ба танҳоӣ кулли ҷомеаро тағйир диҳад. Барои он ки мардум хусусан ҷавонон, маърифати созанда дошта бошанд, на маърифати сӯзанда, бояд ҳар як идораву муассиса, ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст даст ба дасти ҳам ниҳем ва дар ҳамбастагӣ онҳоро аз ҷодаи торики гумроҳӣ то шоҳроҳи мунаввари ваҳдат ҳамроҳӣ намоем.

Дар поён дар чанд нукта роҳҳои пешгириро ёдовар шудан бамаврид аст:

- дар бораи мубориза бо ифротгароӣ ва хатари он боз ҳам бисёртар баргузор намудани конфронсу маҷлисҳо бо ҷалби қишрҳои васеи аҳолӣ. Дар ин замина, Ҳукумати Тоҷикистон чорабиниҳои зиёд рӯи даст гирифтааст. Яке аз онҳо ҷашнгирии 1310-солагии Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ва соли 2009-ро эълон намудани Соли бузургдошти ин фақеҳи бузург ва пешвои мазҳаби ҳанафӣ буд, ки хеле бошукӯҳ таҷлил гардид;

- сарчашмаҳои молиявии созмонҳои ифротгаро ва террористӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар муайян ва аз байн бурда шаванд;

- террористон аз сарчашмаҳои ҷалби маблағ, аслиҳа, воситаҳои моддӣ ва ғайра маҳрум карда шаванд;

- марказҳои таъминоти идеологӣ ва дастгирии террористон, марказҳои тарбияи онҳо мушаххас ва аз байн бурда шаванд;

- маҳдуд намудани имконияти истифодаи террористон ва ифротгароён аз ВАО. Маълум аст, ки расонаҳои хабарӣ яке аз воситаҳои дастраси таъсиргузорӣ мебошад, ки террористонро ҳамроҳӣ мекунанд. Онҳо бисёр манфиатдоранд, ки аз ВАО истифода намуда, аз як тараф, имиҷи худро ҳамчун «муборизон барои озодӣ» ташаккул диҳанд ва ғояҳояшонро паҳн намоянд, аз тарафи дигар, аҳамият ва ҳайсияти худро нишон дода, аҳолиро ба тарсу даҳшат биёранд.

- корҳои таблиғотӣ, тарбиявӣ, фаҳмондадиҳӣ, суҳбатҳои инфиродӣ, чопи китобҳо, дастурҳои омӯзишӣ, мақолаҳои таҳлилӣ, тарбияи динию маънавӣ, намоишу барномаҳои телевизиониву радиоӣ, мулоқоту вохӯриҳо бо шаклу усулҳои нав ва ғайраҳо.

Хулоса, ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худамон намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнат ба миллат ва давлатро гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем.

Рухсорамо ФАТТОЕВА,

 омӯзгори ДДСТДТ