Дар замони муосир Тоҷикистон ба низоми ташаккули муносибатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ қадам ниҳода, соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти худро соҳиб гардид ва расман аз ҷониби тамоми давлатҳое, ки дар арсаи байналмилалӣ нақшу нуфуз доранд, эътироф ва шинохта шуд.
Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм мебошад. Терроризм яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш — таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ ва ғайраҳо мегардад.
Қуръони карим дар ин мавзӯъ дар ояти 46-уми сураи Анфол чунин фармудааст: «Ва ба Худову Пайғамбари Ӯ фармонбардорӣ кунед ва бо якдигар низоъ макунед, ки (дар ин сурат) сусту нотавон шавед ва давлату қуввати шумо биравад ва шикебоӣ варзед! Ба дурустӣ, ки Худованд бо шикебоён аст».
Тавре Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Конгресси 10-уми СММ санаи 14-уми апрели соли 2000 зикр намуданд: «Терроризм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷинояткории муташаккилона дар ҷомеа маҳсуб мешавад. Ҳоло ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ комёб гардидааст ва бо роҳи бунёдкории давлати демократии дорои иқтисоди бозорӣ пешрафт карда истодааст, амалиёти террористона содир намудани қувваҳои муайяни душман ба сулҳу оромии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, ки ин ҷараёни бонизоми ислоҳотро халалдор месозад».
Ҳар шахсе аз шумо субҳгоҳон бо тани солим аз хоб бархезад ва бо қути лоямут ва дар зери сояи амну амонӣ ва сулҳу оромӣ бизияд, ҳамчунонест, ки дунё бо тамоми дороияш ба ӯ бахшида шудааст (Имом Бухорӣ ва Имом Тирмизӣ ин ҳадисро ривоят кардаанд).
Маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба Давлату Ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни афроди миллат нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии Ватан канораҷӯйӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ё эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯйиву харобкориро пеша кардаанд. Дар зери шиорҳои сохта, бофтаю хаёлӣ, фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» гашта, ба амалҳои низоъпарастӣ, экстремистӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ мекунанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.
Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст. Дар акси ҳол, надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ — фарҳангии он шахсро (хусусан дар шароити ҷаҳонишавии фарҳангҳо) ба инкори ҳақиқати гузашта, тамаддуни миллӣ, бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.
Зикр кардан зарур аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбия дар ҳамин раванд, дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдиду хатар, зӯроварӣ, нафрату бадбиниро нисбат ба ҳамдигар тарғибу ташвиқ намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифату худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон, боиси (бо роҳи тарғибот ва ташвиқоти бартарии як дин аз дини дигар, як миллат нисбати миллати дигар, бартарии як маҳал нисбати маҳалли дигар ё бартарии як равия аз равияи дигар ва ғайра) шомил намудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротгаро мегарданд.
Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.
Аз ин рӯ, дар шароити ҷаҳонишавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсиву иқтисодӣ ба масъалаи ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ — сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон, диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.
Бинобар ин, мо — шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро на танҳо бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.
А. Сайфуллоев, омӯзгори кафедраи аҳодиси набавии Донишкадаи Исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит