4 августи соли равон зиёда аз 70 хонандаи болаёқат аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бо мақсади иштирок дар олимпиадаи байналми-лалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ ба пойтахти кишвари Ан-глия Лондон сафар карданд.
-Ба ин озмун аз вилояти Суғд 30 нафар роҳхат гирифтанд, ки 11 хонандаи «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд, ме-бошад, — гуфт зимни сӯҳбат ба мо директори муассиса Сурайёхон Неъматзода. Дар ҷамъбаст аз рӯи 4 бахш миёни хонандагони синфҳои болоӣ Фирӯза Абдуллоева — хонандаи синфи 10 соҳиби Ҷому Шоҳҷоизаи олимпиадаи мазкур гардид.
Дар ин олимпиада намояндагони Тоҷикистон ҷойи аввал, Озар-бойҷон ҷойи дувум ва кишварҳои Камбоҷаву Бангладеш ҷойи ишғол карданд.
М.МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»
Воситаҳои ахбори оммаи имрӯза ба минбари таҳлилу баррасии фарогири мушкилоти рӯз табдил ёфтаанд. Онҳо ба масъалаву мавзӯъҳое даст мезананд, ки бояд аз ҷониби сохтору мақомоти гуногуни давлатӣ дар доираи ваколатҳояшон ҳал карда шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон