Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон ва имкониятҳои транзитии он

№22 (4605) 08.02.2023

Тоҷикистон давлати кӯҳсор мебошад, ки 93 фисади ҳудуди онро кӯҳҳои сарбафалак ташкил медиҳанд ва имконияти ба баҳр баромаданро надорад. Дар манзари  геополитикии олам Тоҷикистон дорои мавқеи муҳим буда, бо давлати бузург Хитой дар шарқ ва бо Афғонистон дар ҷануб сарҳади тӯлонӣ дорад.

Ҳанӯз аз нимаи дуюми асри XIX таваҷҷуҳи кишварҳои абарқудрат ба ин минтақа зиёд буд. Бо назардошти чунин омилҳо аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди роҳҳо, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар муайян намуданд.

Дар замони шӯравӣ минтақаҳои кишвар, махсусан ВМКБ ва вилояти Суғд бо пойтахти кишвар танҳо роҳи мавсимӣ доштанд ва шаҳрвандон дар фаслҳои зимистон тавассути Ӯзбекистону Қирғизис­тон ба пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе рафтуомад мекарданд. Ҳамчунин, баъд аз пош хӯрдани Давлати Шӯравӣ нақшаи геополитикии ҷаҳон низ тағйир ёфт ва барои кишвари мо, ки дар замони шӯравӣ аз ҷиҳати мавқеи географӣ давлати сарҳадӣ ба ҳисоб мерафт, яъне дар ҷануб бо Афғонистон ва дар шарқ бо Хитой ҳамсарҳад буд, роҳи байналмилалӣ вуҷуд надошт. Омилҳои мазкур барои давлати тоза­истиқлоли мо дар баробари низои дохилӣ мушкилоти зиёдро пеш меовард. Дар шароити нави муносибатҳои байналмилалӣ ҷумҳурии мо имконияти бузурги транзитӣ, яъне аз қаламрави кишвар гузаш­тани долонҳои байналмилалиро дорад. Дар тӯли се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ бунёд гардиданд ва кор дар қитъаҳои алоҳида босуръат идома дорад.

Қадамҳои нахустин дар ин самт бунёди роҳи оҳани Бохтар — Кӯлоб ва роҳи автомобилгарди қитъаи Шоҳон — Зиғари роҳи байналмилалии Душанбе — Кӯлоб — Қалъаи Хумб — Хоруғ — Кулма мебошанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ аксари роҳи автомобилгард ва роҳи оҳан таҷдид гардиданд. Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми декабри соли 2021, ки ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, Роҳбари давлат нишондиҳандаҳои самти мазкурро муфассал таҳлил намуда, чунин қайд намуданд:  «Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт татбиқи 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии зиёда аз 11 миллиард сомонӣ идома дорад, ки барои ба кишвари дорои шароити муосири транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат мекунад. Дар панҷ соли оянда, яъне солҳои 2022-2026 боз сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Гулистон — Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ — Қубодиён — Шаҳритус, Данғара — Гулистон — Кӯлоб, Рӯшон — Хоруғ — Кулма, Хуҷанд — Конибодом ва Хуҷанд — Ашт оғоз мегардад. Дар давоми солҳои 2022 — 2026 зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингард, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидди тарма бунёд карда мешаванд, ки қисми зиёди онҳо дорои сатҳи байналмилалӣ мебошанд».

Бо ташаббуси Пешвои миллат дар кишвар лоиҳаҳои бузург, аз ҷумла роҳҳои байналмилалии Душанбе — Бӯс­тон — Чаноқ, Душанбе — Айнӣ — Панҷакент, Душанбе — Бохтар — Панҷи Поён — сарҳади Афғонистон, Душанбе — Кӯлоб — Қалъаи Хумб — Хоруғ — Кулма — сарҳади Чин, ба анҷом расиданд. Ба истифода додани қитъаҳои Душанбе — Данғара бо нақбҳои «Хатлон» ва «Озодӣ», «Дарвоз», оғози корҳои сохт­монӣ дар қитъаи Қалъаи Хумб — сарҳади Рӯшон ва корҳои лоиҳакашӣ дар қитъаи Рӯшон- деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон ва ғайра аз ҳамон ҷумлаанд.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рӯзҳои нахустини Истиқлолияти давлатӣ дар маркази диққати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар ин давра, баробари рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ сохта ба истифода додани роҳҳои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ба  беҳтар гаштани ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшид.

Тавре зикр намудем, роҳи байналмилалии Душанбе — Кӯлоб — Қалъаи Хумб — Хоруғ — Кулма — сарҳади Хитой маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила таҷдид гардид. Қитъаи Шоҳон-Зиғар дар ноҳияи Дарвоз, ки мавзеи вазнинтарини он бо номи «Девдара» маълум буд, ба «Гулдара» табдил дода шуд. Имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар қитъаи Қалъаи Хумб — сарҳади Рӯшон идома дорад. Ин қитъаи роҳ 109 километрро ташкил дода, бо таҷдиди он 16 километр кӯтоҳ мегардад. Маб­лағи лоиҳа қариб 2,5 миллиард сомониро ташкил дода, дар ин масир корҳои тахту ҳамворкунӣ, васеъкунии роҳ, гузоштани 330 қубури обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ бо дарозии 3 ҳазору 328 метр, бунёди 5 долон бо дарозии 601 метр, ду нақб ва 15 пули мошингузар бо дарозии 633 метр ва дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ шудааст. Лоиҳакашӣ дар қитъаи Рӯшон — Вашези ноҳияи Шуғнон оғоз гардида, каме пас корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ оғоз меёбанд. Тибқи нақша, то соли 2026 роҳи байналмиллалии Душанбе — Кӯлоб — Қалъаи Хумб — Хоруғ — Кулма пурра азнавсозӣ мегардад.

Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат зикр намуданд: «Бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар 5 соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд карда шуданд. Ҳоло дар соҳа боз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Дар се соли оянда 6 лоиҳа ба маблағи 7,4 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 317 километр роҳи байналмилалии мошингард, 32 пул, 5 нақб бо дарозии 11,2 километр ва 7 долон ба истифода дода мешавад.

Корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар зарфи чор соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо дар байни 138 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50-умро устувор нигоҳ дорад».

Хулоса, дар давоми соҳибистиқлолӣ бо назардошти имкониятҳои бузурги транзитии кишвар Пешвои миллат стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакатро таҳия ва татбиқ намуданд, ки натиҷаҳояш ба ҳама маълум аст.

Комилбек АМИД,

ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев