Ба деҳаи Муллоҷон, ки дар мавзеи Мазори Ҳазрати Султон воқеъ аст, менигараму ба ғайр аз сафедии барф чизеро намебинам. Аммо вуҷудам аз ёди Ғоиб Сафарзода саршор мегардад.
Ӯ 77 сол қабл дар ин деҳаи хурдакаки ноҳияи Ховалинг, ду моҳ баъди фавти падари донишмандаш — домулло Сафари Абдуалим чашм ба дунёи ҳастӣ кушод.
Гаҳвораи ман тапид баъд аз падарам,
Модар биниҳод ном Ғоибназарам.
Шукронаи давр, ки нагаштам Ғоиб,
Номи падарам намуд соҳибназарам.
Даврони кӯдакии шоир дар деҳаи зебоманзар гузашта, истеъдоди модарзодиаш ҳамроҳи рӯду чашмаҳои софи кӯҳӣ ҷӯш зада, аввалин шеърҳояш дар ҳамин ҷо эҷод шудааст. Ӯ дар шеъри «Хотираҳои бачагӣ» — аш мегӯяд:
Чашмаи шӯхи зулоли зодгоҳам,
Чашмае, ки нақш мондӣ дар нигоҳам.
Дар канорат борҳо биншастаам ман,
Об хӯрда, ташнагӣ бишкастаам ман.
Софию ҷӯшу тапиданҳот, чашма,
Рафтааст имрӯз аз ёди ман оё?
Ҳеҷ гоҳ!
Шоир Ғоиб Сафарзода аёми кӯдакӣ, ҳаёти деҳа, ҷастухез, хокбозиву хонасозӣ ва асптозиҳояшро чунин тасвир кардааст:
Эй раҳи каҷмокаҷи пурхоки деҳам,
Эй раҳи борику пур аз печу аз хам,
Рӯи ту бисёр кардам хокбозӣ,
Ҷастухезу хонасозӣ, асптозӣ.
Роҳи ту гоҳе фитодам, хестам боз,
Шодмон гаҳ ҷӯраҳоро додам овоз.
То сари роҳи калони зиндагӣ овардани ту,
Рафтааст имрӯз аз ёди ман оё?
Ҳеҷ гоҳ!
Соли 1953 аҳли оилаи Ғоиби наврас ба деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ мекӯчад, ки ӯ 13 — сола буд. Мактаби миёнаи ин деҳаро соли 1957 бо медали нуқра хатм мекунад ва ба Институти омӯзгории шаҳри Душанбе (ҳозира Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) дохил шуда, баъд аз он то охири умр дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ифои вазифа менамояд.
Шеърҳояш мунтазам дар рӯзномаву маҷаллаҳо ба табъ мерасиданду ба забони русӣ ва дигар забонҳои халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ тарҷума мегардиданд. Ӯ низ шеърҳои шоирони рус, арман, беларус, озар, ӯзбек, аз ҷумла шеърҳои Сайёди Наво, Ованес Шероз, Наби Хазрӣ ва дигаронро ба тоҷикӣ гардонида буд. Маҷмӯаи аввалин шеърҳояш соли 1969 бо номи «Корвони орзу» ва баъди чанд моҳи фавташ, соли 1972, маҷмӯаи дуюмаш бо номи «Ошёни офтоб» аз чоп баромадаанд. Осори мунтахабаш бошад, таҳти унвони «Мероси ҷавонӣ» (1978) ва «Ҷавонӣ» (1986) ба табъ расидаанд. Ҳамчунин, соли 2015 мунтахаби ашъораш бо номи «Чашмаи меҳр» дар нашриёти «Шарқи озод» чоп шуд.
Аз соли 1965 узви Иттифоқи журналистон ва аз соли 1971 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Баробари шеъру шоирӣ дар журналистикаи тоҷик низ хизмати арзанда кардааст, зеро фошгӯ буду ҷасорат дошт. 28 феврали соли 1968 мақолааш бо номи «Таровати зиндагӣ дар зебоист» дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ба табъ расид.
Шоир дар мақола пешниҳод карда буд, ки номҳои корхонаву коргоҳҳо, шиору овезаҳо ба забони русӣ неву ба забони тоҷикӣ навишта шаванд. Ҳамин пешниҳоди ӯ боис гашт, ки шоирро ба миллатчигӣ айбдор созанд. Аммо муҳаррири ҳамонвақтаи рӯзнома Ашӯр Ҳалим ба хотири нашикастани қомати шоир «гуноҳ»- ро ба гардан гирифт, ки бо супориши ӯ ин мақола навишта шудааст. Ҳамин тавр, Ашӯр Ҳалимро барои ин «хатои» сиёсиаш аз кор гирифтанд. Орзуҳои дили шоири худогоҳу ватандӯст дар даврони истиқлолият, замоне ҷомаи амал пӯшид, ки ба қавле, «сабзаи гӯраш як ваҷаб» шуд.
Ӯ соли 1972, дар синни 32, дар садамаи автомобилӣ дар ағбаи Шаршар аз дунё гузашт.
Шоир дар шеъри «Тоҷикистон хурд нест» барҳақ фармудааст:
Кишваре, ки Рӯдакиро зод ӯ,
Шеъри оламгир моро дод ӯ.
Кишваре, ки дод бо табъи баланд,
Булбули дар ишқ шайдои Хуҷанд.
Хисрави моро баланд овоз дод,
Шоҳини Кӯлобро парвоз дод…
Кишваре, к-афтода буд аз пой хест,
Тоҷикистони ман аст он, хурд нест!
Амир Сайиди Мункӣ