1 августи соли ҷорӣ як гурӯҳ хонандагони тоҷик баъди ширкати фаъол дар Олимпиадаи байналмилалии наврасон «InIMC-2017» ба шаҳри Душанбе баргаштанд. Ин Олимпиада аз 25 то 31 июли соли ҷорӣ аз фанни математика дар Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид. Дар он хонандагони муассисаҳои давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» , «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе, литсейи инноватсионии шаҳри Душанбе ва Муассисаи таълимии хусусии Литсей-интернати Тоҷикистону Россия «Ҳотам ва П.В» ширкат варзида, дар миёни довталабони 41 давлати дунё ба гирифтани 6 медали тилло, 5 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд.
Ҳамзамон, як даста аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори мақоми аввал ва 2 дастаи дигар сазовори мақоми сеюм гардиданд.
Дар маҷмӯъ, хонандагони тоҷик аз аввали соли 2017 ба Ватан 119 медал (20 медали тилло, 40 медали нуқра, 59 медали биринҷӣ) оварданд. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» иттилоъ доданд.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»