Дасти кумак дароз кардан дар арафаи иду ҷашнҳо аз амалҳои инсондӯстонае мебошад, ки савобу самараи зиёдеро дар пай дорад. Аз ин ҷост, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пайваста шахсони саховатпешаву дороро барои анҷом додани амалҳои хайр ташвиқ менамояд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки Роҳбари давлат дар саргаҳи ин ибтикорот қарор дошта, пайваста ба ниёзмандон дасти кумак дароз менамояд.
Дар рӯзҳои ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли нави хониш марди саховатпеша Исмоил Шафиев ба хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7-и ба номи Усмонқул Шокирови деҳаи Похути ноҳияи Айнӣ 300 баста сару либос тақдим кард. Роҳбарияти муассисаи таълимии мазкур барои ин амали хайр ба Исмоил Шафиев миннатдорӣ баён намуданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»