Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Маҷмӯи натиҷаҳои таҳқиқоти бостоншиносӣ дар Тоҷикистон» конфронси байналмилалии илмӣ баргузор шуд.
Конфронс бо ташаббуси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти бостоншиносӣ ва мардумшиносии шуъбаи сибирии Академияи илмҳои Россия, Донишгоҳи давлатии Олтой баргузор шуда, дар он олимону мутахассисони дохилу хориҷи мамлакат, аз ҷумла аз Россия, Беларус, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Эрон, Олмон, Чин, Исроил, ИМА, тариқи ҳузурию маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти АМИТ Қобилҷон Хушвахтзода конфронсро на танҳо барои пешбурди корҳои таҳқиқотӣ, балки ҷиҳати равобити илмии академия, хоса Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии назди АМИТ бо пажӯҳишгоҳҳои соҳавии хориҷӣ муҳим арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки таъриху тамаддуни Тоҷикистон ҷузъи таъриху тамаддуни башарият мебошад. Натиҷаи корҳои ҳафриётии бостоншиносон гувоҳи он аст, ки миллати тоҷик таърихи ғанию куҳан дорад. Конфронси имрӯза имкон фароҳам меорад, ки баъзе асрор ифшо гардад.
Зикр шуд, ки ҳудуди Тоҷикистони имрӯза аз ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ хеле бой буда, шумораи он беш аз се ҳазор (ин рақам ниҳоӣ набуда, бо кашфи ёдгориҳои бостонӣ меафзояд) мебошад. Ҳоло шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии назди АМИТ бо институтҳои археологии кишварҳои хориҷӣ баҳри омӯзиши ёдгориҳо ҳамкории хуб ба роҳ мондааст. Танҳо солҳои 2021-2023 дар ҷумҳурӣ 41 кори археологӣ — экспедитсионӣ гузаронда шуд, ки 23-тои он байналмилалӣ мебошанд.
Дар конфронс натиҷаи корҳои мутахассисоне мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки якҷо бо мутахассисони ватанӣ дар Тоҷикистон корҳои археологӣ анҷом доданд. Коршиносон натиҷаҳои таҳқиқоти бостоншиносӣ дар Тоҷикистонро хуб арзёбӣ намуданд. Зикр шуд, ки дар ин самт солҳои охир натиҷаҳои илмие ба даст омад, ки бисёр паҳлуҳои таърихро равшан намуд. Касима Пост, муҳаққиқ аз Донишгоҳи Тюбингенги Олмон, зимни суханронӣ, аз ҷумла, чунин гуфт: «Аз ҷиҳати таҳқиқоти генетикӣ яке аз қадимтарин бозёфтҳои Осиёи Марказӣ ба Тутқавул — ёдгории асосии маданияти Ҳисор, мансуб ба асри миёна ва аввалҳои давраи мезеолит, ки дар Тоҷикистон ҷойгир мебошад, тааллуқ дорад».
«Бозёфти биринҷии ёдгории Шаҳидон дар Тоҷикистон», «Натиҷаи корҳои ҳафриётӣ дар ёдгориҳои Помири шарқӣ», «Натиҷаҳои ҳафриёт дар Саразм», «Мушкили барқарорсозии бозёфтҳои археологии оҳан дар Институти таърихи Академияи миллии Беларус» аз ҷумлаи мавзуъҳое буданд, ки дар конфронс баррасӣ шуданд.
Ф. ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»