Ҳуҷҷатгузорӣ бо забони давлатӣ хуб ба роҳ монда шудааст

№165-166(3466-3467) 04.12.2015

Чанде пеш маҷлиси навбатии ҳайати комиссияи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиргатол оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти раёсати муовини раиси ноҳия Баргигул Аббосова баргузор шуд.

Аъзои комиссия ҷараёни татбиқи қонунро дар як қатор ташкилоту муассисаҳои ноҳия мутобиқи санҷишҳои пешакӣ баррасӣ намуданд.

Аз натиҷаи санҷишҳо ва муҳокимарониҳои аъзои комиссия маълум гардид, ки коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ ва дигар навиштаҷот дар шуъбаи маориф, Раёсати молия, Идораи нозироти андоз, шуғли аҳолӣ, шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ва ғайра бо забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст.

Зимнан аъзои комиссия зикр карданд, ки ҳоло ҳам дар санадҳои муҳосиботӣ ва ҳуҷҷатнигории ин ташкилотҳо меъёрҳои муқарраршудаи имлои забони тоҷикӣ пурра риоя карда намешаванд.

Аъзои комиссия вазифадор гардиданд, ки то баргузории ҷамъомади навбатӣ сатҳи омӯзиши забони давлатиро дар Коллеҷи омӯзгорӣ, Литсейи касбию техникӣ ва Омӯзишгоҳи тиббии ноҳия мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»