Паёмҳои Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳоеанд, ки дастовардҳои миллиро роҷеъ ба иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат, илму фарҳанг, маориф ва таъмини амнияти кишвар таҳлилу баррасӣ намуда, дурнамои рушди ҷомеаро муайян месозанд. Хусусан, Паёми Пешвои миллат, ки 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, бо дарназардошти бунёдкориҳо бахшида ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, шебу фарози сӣ соли охири мамлакат ва муҳимтарин ҷанбаъҳои ҳаёти ҷомеаро инъикос намуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдрас намудани душвориҳои даҳ соли аввали Истиқлолияти давлатӣ зикр карданд, ки он замон бо дасти нафарони алоҳидаи худхоҳу манфиатҷӯ ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ доман зада, мавҷудияти давлати нав ба истиқлолрасида таҳти хатар қарор дошт. Дар он шароити ҳассос баргузории иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар таърихи навини кишвар гардиши куллӣ буд, ки зина ба зина мушкилоти умдаи давлатдорӣ ҳаллу фасл шуда аркони фалаҷгардидаи давлатдорӣ дубора барқарор гашт. Раванди барқарор намудани сулҳ ва расидан ба ризояти миллӣ, баргардонидани гурезаҳо, таъсиси Артиши миллӣ, қабули Конститутсия, ки заминаи ҳуқуқии рушди давлатдориро фароҳам овард, аз муҳимтарин иқдомҳо буданд, ки дар он даврони душвор амалӣ шуданд. Президенти кишвар таъкид намуданд, ки дар Конститутсияи кишвар инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф ва халқ чун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимият эълон гардид. Инчунин, зикр карданд, ки бо дарназардошти ҷанбаи башардӯстии Конститутсия чор маротиба дар замони соҳибистиқлолӣ қонун оид ба афви шаҳрвандон ва қонунигардонии молу мулкашон ва 17 маротиба қонун дар бораи афв қабул ва нисбат ба 170 000 нафар татбиқ гардид.
Воқеан, пас аз расидан ба ризояти миллӣ, Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст.
Боиси қаноатмандист, ки Паём роҳҳои таъмини рушди устувори иқтисодии мамлакатро аз ҷиҳати назариявӣ асоснок намуда, шароити амалӣ кардани онҳоро аз лиҳози мантиқӣ бо истинод ба усул ва таҷрибаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ, бо дарназардошти хусусиятҳои сифатӣ ва миқдории макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ кардаанд.
Нуктаи муҳими боварибахш дар Паёми Сарвари давлат асоснок кардани нақшаҳои афзалиятноки иқтисодӣ мебошад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, таъкид шуд, ки дар натиҷаи амалӣ кардани вазифаҳои дар ҳуҷҷатҳои стратегии мамлакат пешбинишуда рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ тайи солҳои минбаъда ҳадди ақал бояд дар сатҳи 7-8 фоиз баланд бардошта шавад.
Мавриди омӯзиш қарор додани суръати афзоиши аҳолии кишвар, таъмини ниёзҳои мардум, дар баробари ин, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволӣ ва рушди таъмини иҷтимоии мамлакат низ аз мавзӯъҳои рӯзмарраи фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ дониста шуд.
Ба воқеият табдил ёфтани нақшаҳои бузурге, ки Пешвои миллат дар бораи онҳо ҳарф заданд, бешубҳа, метавонад сатҳ ва сифати зиндагии мардуми Тоҷикистонро ба куллӣ тағйир диҳад ва обрӯи давлатро дар сатҳи минтақаву ҷаҳон баланд бардорад.
Яке аз масъалаҳои муҳими дигаре, ки дар Паём ба он ишора шуд, давра ба давра беҳтар кардани вазъи зиндагии мардум ва батадриҷ қонеъ намудани ниёзҳои аҳли ҷомеа, рушди соҳаҳои саноату хоҷагии қишлоқ тавассути афзудани истеҳсоли молу маҳсулоти ватанӣ, ҳамчунин, кам кардани ҳаҷми воридот буд. Яъне чун ҳамеша, меҳвари асосии Паёми Сарвари давлат давра ба давра боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум дониста шуд. Дар ин зимн хотирнишон карда шуд, ки дар натиҷаи тақсими замин як миллиону чорсад ҳазор оила барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ имкон пайдо намуданд ва ба ҳисоби миёна беш аз 8 миллиону 8 ҳазор сокини кишвар шароити манзилиашонро беҳтар сохтанд.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати татбиқи стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар ҳама фасли сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин ба кишвари транзитӣ табдил додани он, 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд.
Дар шароите ки талаботи аҳолӣ сол ба сол ба неруи барқ меафзояд, қонеъ кардани ин навъ талабот барномарезиҳои мушаххаси давлатиро тақозо менамояд. Хушбахтона, сохтмон, тармиму таҷдид ва навсозии неругоҳҳои барқи обӣ боиси бо қувваи барқи ватанӣ таъмин гардидани аҳолии мамлакат гардидааст. Ҳамчунин, дар масъалаи таъмин кардани корхонаҳои саноатӣ бо неруи барқ мушкил ҷой надорад. Аммо мушкили асосӣ талафоти неруи барқ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мебошад. Президенти кишвар масъалаи стратегии расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ дар даврони соҳибистиқлолиро мавриди баррасӣ қарор дода, қайд карданд, ки дар ин давра 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар навсозӣ гардид. Тайи ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 мегаватт иқтидори энергетикии иловагӣ бунёд ёфт. Дар натиҷа соли 2011 дар таърихи навини Тоҷикистон системаи ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд оварда шуд ва устувории фаъолияти соҳа таъмин гардид.
Пешвои миллат ба масъалаи саноатикунонии мамлакат низ эътибори хоса доданд. Таъмини рушди устувори иқтисодӣ, аз ҷумла сохтани корхонаҳои саноатӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, бунёди шароити беҳтари инфрасохторӣ дар ин соҳаҳо аз вазифаҳои муҳими давлатӣ дониста шуд. Гузашта аз ин, Сарвари давлат таъкид карданд, ки пайгирӣ кардани ҳадафи чаҳоруми стратегии давлат — саноатикунонӣ ба ҳадафи стратегии давлати миллӣ дар чанд соли ахир табдил ёфтааст. Аз ин ҷост, ки барои ба кишвари саноатӣ ё ба истилоҳ, индустриалӣ табдил додани Тоҷикистон аз кормандони сохторҳои давлатӣ, хусусан блоки иқтисодии Ҳукумат масъулият, касбият, фаросат, фазилат, донишу маҳорат ва ҳимматро тақозо мекунад. Дар ин зимн, силсилаи тадбирҳое, ки тайи чанд соли ахир дар самти сохтмони корхонаю иншооти саноатӣ дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ анҷом мегиранд, ҳадафи стратегии давлатро, ки дар «Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030» инъикос ёфтааст, таҳаққуқ мебахшанд. Танҳо барои рушди соҳаи саноати кишвар беш аз 35 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид.
Сарвари давлат илму маорифро пойдевори низоми давлатдории дунявӣ хонданд. Ба ин далел, тазаккур доданд, ки давлат ва миллат бидуни илму маориф ҳеҷ аст ва ҳузури фаъоли маорифчиёну зиёиён, ки муаррифигари давлат ва миллатанд, дар умури сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ амри бебаҳс мебошад. Мутаассифона, сатҳи донишу маърифат ва ҷаҳонбинии хонандагон ва муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ ҳанӯз ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Аз ин рӯ, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки раҳбарияти маорифи кишварро зарур аст, сатҳу сифати таълимро дар ҳама зинаи таҳсилоти муассисаҳои таълимӣ баланд бардорад. Ҷалби наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеию илмӣ ва таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои табиию риёзӣ, ки тақозои давр ва ҷаҳони муосир аст, таъмин намоянд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат аз ҳисоби ҳама сарчашмаи маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардидааст.
Сарвари давлат зимни баррасии масъалаи сиёсати хориҷӣ таъкид намуданд, ки Тоҷикистон аз ибтидои соҳибистиқлолӣ «Сиёсати дарҳои боз» — ро пеша намуда, ба кишварҳои ҷаҳон дар доираи манфиатҳои миллӣ муносибат менамояд. Дар ин замина таъкид гардид, ки таҳлил ва бозшиносии равандҳои муосири сиёсӣ имкон фароҳам меоварад, ки ҷомеа ва давлат аз хатарҳои минтақавӣ ва глобалӣ эмин бошанд.
Ҳамин тариқ, Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурнамои рушди давлатдорӣ буда, дар он нақшаҳои муҳимтарини сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат ба таври дақиқу аниқ муайян шудаанд. Бинобар ин, дастурҳое, ки аз он бармеоянд, бояд ҳамаҷониба мавриди амал қарор дода шаванд.
Илҳом АМОНЗОДА,
узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон