Ҳуқуқи инсон яке аз арзишҳои муҳимтарини тамаддуни ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, риоя ва ё вайрон кардани он ба инкишофи рӯҳӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии фард ва давлату ҷомеа таъсир мерасонад. Вай барои он лозим аст, ки моҳияти инсонии одам нигоҳ дошта шуда, баҳри ӯ зиндагии шоиста таъмин гардад.
Бадалшавии тадриҷии фазои ҷаҳон дар нимаи дуюми садаи бистум нишон дод, ки мақсади оламгирии қудратҳои бузурги дунё, беандешагӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳояш ба сари инсоният фалокатҳои азимеро овард. Бахусус, Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки дар натиҷаи он зиёда аз 60 миллион одам аз беҳтарин арзиш — ҳуқуқ ба ҳаёт маҳрум гардид. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳон ба хулоса омад, ки эҳтироми ҳуқуқи инсонро ба яке аз принсипҳои муҳимтарини фаъолияти давлат, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ табдил дода, аз тариқи ҳуҷҷатҳои муҳимтарини байналмилалӣ эътироф намояд.
Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон Созмони Милали Муттаҳид маркази ҳамкории давлатҳо ҷиҳати эътироф ва ҳифзи ҳуқуқи инсон гардид. Оинномаи СММ, ки 26 июни соли 1945 дар шаҳри Сан-Франсиско қабул ва 24 октябри соли 1945 тасдиқ гардид, эҳтироми ҳуқуқи инсонро дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон қарор дода, онро дар сатҳи меъёрӣ-ҳуқуқӣ кафолат дод. Аз ҷумла, дар моддаи якуми он муҳимтарин нуктаҳои ҳамкории давлатҳои ҷаҳон дар заминаи эҳтироми ҳуқуқи инсон мустаҳкам гардид, ки минбаъд ба яке аз принсипҳои муҳимтарини ҳуқуқи байналмилалӣ табдил ёфт.
Фаъолияти густурдаи СММ-ро дар бахши эътироф ва ҳимояи ҳуқуқи инсон метавон назаррас маънидод намуд, зеро аз лаҳзаҳои аввали ташкилшавӣ эҳтироми ҳуқуқи инсонро дар маркази таваҷҷуҳ қарор дода, санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқиро, ки кафолатдиҳандаи ҳуқуқи инсон мебошанд, ба тасвиб расонд. Чунончӣ, зимни сессияи аввалини СММ (моҳи январи соли 1946) ҳуҷҷати махсус дар бораи ҳуқуқи инсон қабул гардид. Дар аввал он бояд ҳамчун санад қабул мешуд, аммо баъдан ба хулоса омаданд, дар се ҳуҷҷат: эъломия ва ду паймон, ки барои давлатҳои иштирокчӣ хусусияти ҳатмӣ дошта бошад, қабул шавад.
Ҳамин тавр, 10 декабри соли 1948 аз ҷониби СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (ЭУҲБ) тасдиқ гардид. Он аз 30 модда иборат буда, дарбаргирандаи муқаррароти умумӣ оид ба муҳимтарин нуктаҳои ҳуқуқи инсон мебошад, ки барои давлатҳои иштирокчӣ хусусияти тавсиявӣ дорад. Ва он заминаи нахустин дар ҷодаи кафолатнокии ҳуқуқи инсону озодиҳои ӯ мебошад.
Баъдан, дар заминаи ЭУҲБ зиёда аз 100 санади байналмилалӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон қабул шуданд, ки метавон онҳоро махзани муҳимтарини ҳуқуқӣ зимни эътирофу ҳифзи ҳуқуқи инсон номид. Аз ҷумла, Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ, Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, Конвенсия дар бораи манъи табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ва ғайра.
Қобили зикр аст, ки кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон яке аз аломатҳои муҳими давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Онҳо бо ҳам вобастаанд ва яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонад. Бинобар ин, дар шароити барпо намудани давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандии инкишофёфтаву пурқувват эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон яке аз вазифаҳои муҳимтарин аст. Ин ҷанбаро дар мисоли давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебинем ва дар ин замина, вазифаҳои он ба тариқи зер аст:
- ҳимояи иҷтимоӣ ва ёрии байниҳамдигарии шаҳрвандон;
- назорати фаъолияти давлат, аз ҷумла, оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон;
- барқарории арзишҳои инсондӯстӣ ва демократӣ.
Аз вазифаҳои зикршуда бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсонро эътироф карда, худро давлати демокративу ҳуқуқбунёд эълон ва муҳимтарин паҳлуҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар асноди меъёрӣ-ҳуқуқии миллӣ бо дарназардошти манфиатҳои шаҳрвандони кишвар, арзишҳои муҳимтарини қадимаи миллати тоҷик ва менталитети халқ тақвият бахшида, амалӣ гаштани онҳоро кафолат додааст.
Боби дуюми он ба ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шуда, номгӯи васеи ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии инсон ва шаҳрванд эътироф гардидааст. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои баробарӣ ва манъи табъиз, дахолат накардан ба ҳаёти шахсии инсон, ҳуқуқу озодиҳое, ки мақоми ҳуқуқии на танҳо шаҳрвандони мамлакат, балки шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандро низ ташкил медиҳад, ҳифзи категорияи алоҳидаи одамон таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст.
Бояд ёдовар шуд, ки аҳамияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк намуда, бо мақсади гиромидошти он 4 декабри соли 1950 Ассамблеяи генералии СММ резолютсияи 423-ро дар бораи эълон намудани 10 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон қабул намуд ва аз ҳамон сол ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон қайд мешавад.
Намоз АМОНЗОДА,
судяи Суди шаҳри Душанбе
Самандари ҚАЛАНДАР,
корманди дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе