Ҷумъа Қувват: «Ифтихор мекунам, ки даҳ сол ходими рӯзномаи «Садои мардум» будам»

№70 (4176) 13.06.2020

китобҶумъа Қувват 13 июни соли 1950 дар деҳаи Дегайи ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод) дар оилаи омӯзгор ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёнаи №1 ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил ва онро соли 1971 хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиро ба ҳайси хабарнигор дар рӯзномаи «Ҳақиқати Комсомолобод» (алҳол «Нури Нуробод») оғоз намуда, баъди нуҳ соли дар вазифаҳои гуногун кор кардан сармуҳаррир таъин мегардад ва ҳамзамон чанд сол, то ба нафақа баромадан, муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар водии Рашт буд.

Муаллифи китобҳои «Нони гандум», «Орзу», «Чодари сабз», «Дидор», «Сухан гоҳе бигирад ҷои дору», «Пеш аз субҳ», «Корзори сухан», «Ифтихор», «Ваҳдатистон», «Хушаи гесу», «Найистони Ваҳдат», «Нахлистони тавҳид», «Ваҳдатистони Раштонзамин», «Достони об», «Ваҳдатистон», «Абармарди набарди ваҳдат» ва ғайра мебошад, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба табъ расидаанд.

Шеърҳояш аз ҷониби овозхонҳои машҳури мамлакат Одина Ҳошим, Ҷӯрабек Муродов, Нигина Рауфова, Миралӣ Достиев, Ҳаётой Муъминова ва ғайраҳо сароида шудаанд. Асарҳои драмавии ӯ «Иҷоракорони сабзазор», «Пеш аз субҳ» ва «Оқилу Одил» бо тавсияи Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанг аз ҷониби Театри халқии ноҳияи Рашт ба саҳна гузошта шудаанд.

Аз соли 1975 узви Иттифоқи рӯзноманигорон ва аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мебошад.

Аълочии матбуот ва маорифи ҷумҳурист ва бо ордени «Шараф» ва медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шудааст.

- То ҷое огаҳӣ пайдо кардем, шумо аз даврони мактабхонӣ ба кори эҷодӣ оғоз кардаед. Оё аз он айёми рангину зебо метавонед лаҳзаеро ба ёд биоред?

- Аз он рӯзҳо, ки ҳанӯз ба зиндагӣ чандон дуруст сарфаҳм намерафтам, хотираи зиёд дорам ва мехоҳам имкони шуморо ба назар гирифта, яке аз онҳоро ба ёд биёрам. Он даврон муаллимони босавод дар мактабҳо кам набуданд, ки содиқона ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мешуданд. Аз ҷумла, падарам омӯзгор буд ва хондани адабиёти классикиро дӯст медошт ва аҳли оила ба ӯ пайравӣ мекардем. Ҳини дар синфи шашум хондан аввалин шеърҳои шогирдонаамро эҷод кардам, аммо ҷуръат надоштам ба касе онҳоро нишон диҳам. Ҳатто ба падарам. Ростӣ, хиҷолат мекашидам. Гумон мекардам, ки калонсолон эрод мегиранд. Аснои дар синфи ҳафтум хондан ба навиштани мақола аз ҳаёти мактабӣ даст задам. Он солҳо дар водии Рашт танҳо рӯзномаи «Қаротегини советӣ» дар Ғарм (ҳоло ноҳияи Рашт) чоп мешуд ва инъикоскунандаи зиндагиномаи мардум ба ҳисоб мерафт. Мақолаамро ба касе нишон надода, ба нишонии рӯзнома фиристодам. Ҳар шумораеро, ки падарам ба хона меовард, мегирифтаму саҳифа ба саҳифа мехондам. Аниқтараш, мақолаамро меҷустам. Дилам гувоҳӣ медод, ки онро чоп мекунанд. Воқеан, баъди як моҳи интизорӣ чоп шуд. Аз шодӣ ҷои нишаст намеёфтам. Рӯзнома дар даст хонаи хешу табор мерафтам, бо ифтихор мақоларо ба ҳамсинфонам нишон медодам. Гумон мекунам, ки он шодиву нишот то ба ҳол маро тарк накардааст.

Аввалин шеърам соли 1967, ҳине ки ба синни 17 қадам гузоштам, дар рӯзнома чоп шуд. Мавзӯи асосии он сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» буд.

- Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ворид гардидан ба майдони адабиёт осон набуд, хоса, барои ҷавононе, ки дар деҳаҳои дурдаст эҷод мекарданд…

- Он замон, дар ҳақиқат, машғул шудан ба касби душвори қаламкашӣ мушкил буд. Лекин на барои ҳама. Ҷавононе, ки соҳибистеъдод буданд бемамоният қадам ба дунёи бузурги адабиёт мегузоштанд. Устодон ниҳоят сахтгир буданд. Як шеърро чанд нафар мехонданду ҳусну қубҳашро мегуфтанд ва маслиҳатҳои муфид низ медоданд. Аммо агар шеър дорои мазмуну мундариҷа намебуд, ба чопаш иҷозат намешуд. Он солҳо дар телевизони кишвар барномаи адабие мустақим пахш мегардид ва дар он эҷоди қаламкашони ҷавон мавриди баррасӣ қарор мегирифт. Ба он шоири маъруф, зиндаёд Боқӣ Раҳимзода роҳбарӣ мекард. Ман ҳам ба он узв будам. Ва вақте бори аввал шеър хондам, Боқӣ Раҳимзода ба матни он баҳои баланд ва тавсия дод, ки бештар омӯзам. Ин ва дигар пандҳои падаронаи ӯ ба дилам шуълаи умедро фурӯзон гардонд. Сипас, ба омӯхтани асарҳои гузаштагон ва шоирони машҳури даврон ҷиддӣ шурӯъ кардам.

Дар мавриди чопи китоб ҳам, ба қавле, «касро аз пилишки сӯзан мегузарониданд», то ҳавасакиҳо ба доираи адабӣ ворид нагарданд. Хуб ёд дорам, вақте китоби нахустинамро баррасӣ карданд, Боқӣ Раҳимзода аз толор баромада, ҷониби ман нигарист ва табассумкунон гуфт: «Ҷумъа Қувват имрӯз Ғайрат Қувват шуд». Аз ҳарфҳои вай чизе нафаҳмидам. Баъдтар, дигарҳо маро табрик карданд ва хабар доданд, ки китобам ба чоп тавсия шуд.

Устод Боқӣ Раҳимзода марди аҷиб буд. Бо лутф сухан гуфтанро дӯст медошт. Боре гуфт, ки «Дар шаҳри Ганҷа меҳмон шудам. Шаб хоб дидам, ки ҳаким Низомӣ ба наздам омадааст. Ӯро зиёрат кардам ва доманашро ба даст гирифтаму илтиҷо кардам, ки ба ман дасти мадад дароз кунад. Дуо диҳад, ки дар қатори бузургон ҷой бигирам. Ӯ дар ҷавоб чизе нагуфт. Чун бедор шудам, домони хешро маҳкам дошта будам…»

Вай бо нақли ин хоб гуфтан мехост, ки эҷодкор набояд ба умеди касе бошад, балки миёнро мустаҳкам баста, аз бузургон бештар биомӯзад. Заҳматкаш бошад, то ба қуллаи баланди орзуҳо расида тавонад. Яъне, ба ҷои чанг задан ба домони дигарон аз домони худ бигираду бо нангу номус заҳмат бикашад.

- Алоқамандони адабиёт хуб огоҳанд, ки шеъри «Нони гандум» дар муаррифии бештари шумо дар миёни хосу ом мусоидат кард. Мавзӯи онро чӣ гуна пайдо кардед?

- Сабаби тавлиди «Нони гандум» аслан масъалаи ба қадри нон расидан аст. Ман аз нон ҳимоя кардан мехостам. Чунки солҳои ҳафтодуми асри гузашта, ки даврони сериву пурӣ буд, бисёре аз одамон ба қадри нон намерасиданд. Онро ба таги по мепартофтанд ё ба гову мол медоданд. Партовгоҳҳо низ баъзан пур аз бурдаи нон гардида буданд. Ман аз забони калонсолон дар бораи солҳои гуруснагӣ ва азоби кашидаи мардум қиссаҳои зиёд шунида будам. Онҳо пайваста таъкид мекарданд, ки нонро беҳурматӣ кардан гуноҳ аст. Ба қадри неъматҳои бузург, аз ҷумла нон расидан ҳатмист. Модарам низ бо андуҳ қисса мекард, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардум аз гуруснагӣ решаи алаф мехӯрданд. Нон ёфтан кори мушкил буд… Панду андарзҳои шунида ва мушоҳидаҳо маро водор кард, ки дар ин мавзӯъ шеър эҷод намоям. Ва онро дар маҳфили қаламкашони ҷавон хондам. Устод Боқӣ Раҳимзода ба ваҷд омад. Табъаш болида гардид. Шеър ба ӯ хеле писанд омад. Ҳамон шом маҳфилро раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода низ тамошо кардаанд… Рӯзи дигар Боқӣ Раҳимзода маро ба дафтари кориаш даъват кард ва он шеърро пеши назарам мувофиқи хоҳиши худ таҳрир кард ва шодравон Лоиқ Шералиро даъват намуда, гуфт, ки супориш шудааст ва навишта бояд фавран дар шумораи навбатии маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп карда шавад. Ва «Нони гандум» дар шумораи якуми соли 1970 ба табъ расид. Он замон ман 20 сол доштам. Баъдан, силсилаи шеърҳои нони гандумро навиштам, ки бо ҳамон ном китоби аввалинам чоп шуд. Инчунин, «Нони гандум»-ро ба китоби дарсӣ дохил карданд ва хушбахтона, то ҳол онро толибилмон мехонанду бовар дорам, ки дар тарбияи маънавии онҳо таъсири мусбат мерасонад.

Бо истифода аз имконият мехоҳам дар бораи шоирон Боқӣ Раҳимзода ва Мӯъмин Қаноат ёдовар шавам. Дар ҳақиқат, ҳар ду соҳиби дили бузург буданд ва дар тарбияи ҷавонони эҷодкор саҳми арзанда доштанд. Он солҳо адибони тоҷик Боқӣ Раҳимзодаро ҳайкали некию хайр меномиданд. Мегуфтанд, ки агар дар дунё як одами бедушман бошад, Боқист, чунки бо ҳеҷ фарде душманӣ надошт. Ба дастовардҳои ҳамкасбон ҳасад намебурд, балки аз комёбии онҳо хурсанд мешуд ва зимни суҳбатҳо боифтихор ҳарф мезад. Хоса, дар бораи ҷавонони боистеъдод. Инчунин, ба шаҳру ноҳияҳои дуру наздик сафар мекард, байни ҷавонон беҳтаринҳоро пайдо карда, ба шаҳри Душанбе меовард.

Боқӣ Раҳимзода ҷавононро барои маслиҳат бештар ба назди Мӯъмин Қаноат мефиристод ва табассуми зебо дар лаб мегуфт: «Аз Мӯъминшо хуб истифода баред. Ӯ беҳтарин маслиҳатгар барои шумост». Ва мо ҷавонони эҷодкор ин насиҳати падаронаи Боқӣ Раҳимзодаро хеле хуб истифода мебурдем.

- Ҳамакнун дар бораи достони «Пеш аз субҳдам», ки аз як давраи муҳими таърихи водии Рашт ҳикоят менамояд ва дар эҷодиёти шумо мавқеи хоса дорад, чанд сухан мегуфтед.

- Боқӣ Раҳимзода бо номи «Қиссаи нотамом» дар бораи шӯриши Усмон достон дорад. Ӯ боре ба ман гуфт: «Ҷумъа, ин қиссаи ман нотамом мондааст». Чун ин суханро чанд бори дигар низ такрор кард, хулоса баровардам, ки мавзӯъро омӯхта, достон нависам.

Бинобар ин, бо мақсади огаҳии бештар пайдо кардан ба деҳаи Янғолиқи ноҳияи Рашт рафтам. Дар он ҷо Усмони Маҳмадамин ба дунё омадааст. Шодравон Эшонҷон (амакбачаи Усмон) дар қайди ҳаёт буд. Маро хеле хуш пазируфт. Қабри Усмонро нишон дод ва аз ҳаёти ӯ, ки 35 сол умр дида, барои наҷоти ҳамдиёрон аз юғи ғуломии манғитиён мубориза бурда, дар ин роҳ ҷонашро фидо намудааст, ёддоштҳояшро ҳикоя кард.

Баъдан, ба омӯзиши асарҳои таърихӣ машғул шудам. Бахусус, асари машҳури нависандаи ҷавонмарг Али Хуши Найистонӣ «Шӯриши Усмон» бароям кумаки бештар кард. Қисса кӯтоҳ, нусхаи аввали достонро дар ҳаҷми 400 мисраъ омода кардам ва баъди маслиҳатҳои муфид бори дигар ба таҳрир машғул шудам. Ниҳоят, «Пеш аз субҳдам» дар ҳаҷми 800 мисраъ ба итмом расид. Устод Мӯъмин Қаноат онро хонду изҳори қаноатмандӣ намуд ва гуфт, ки «агар ту ин достонро наменавиштӣ, худам нияти навиштан доштам. Усмон, дар ҳақиқат, яке аз қаҳрамонони ҳақиқии миллати мост. Баъди ҳазор соли интизориҳо вай тавонист дар як гӯшаи аморати Бухоро давлати миллӣ таъсис бидиҳад. Дуруст, ки умри ин ҳукумат хеле кӯтоҳ буд. Ҳамагӣ якуним ҳафта пойдорӣ карда тавонист».

Соли равон аз шӯриши Усмон сад сол пур шуд. Ин ҷавонмарди диловар муддате дар Фарғона ба мардикорӣ машғул шуда, дар ҳамон ҷо бо болшевикони рус ошноӣ пайдо мекунад. Суҳбатҳои пайвастаи онҳо ба Усмони озодидӯст бетаъсир намемонанд. Соли 1919 ба ватан бармегардад. Дар он давра зулму ситами манғитиён болои мардуми кӯҳистон авҷ гирифта буд. Баъди Инқилоби Бухоро вазъ боз бад шуд ва Усмон ҳамроҳи дӯстон мардуми Қаротегинро ба мубориза даъват менамоянд.

- Аз таърихи Рашт чанд очерк ҳам навиштаед. Яке аз онҳо «Шаҳчинори сар ба гардун дар диёри сабзгун» ном дорад. Дар он саҳифаҳои кӯршудаи таърихи ин гӯшаи диёрро рӯшан кардаед.

- Он очерк аз чанд боб иборат аст ва ман танҳо якеашро ёдовар мешавам. Боби «Фелдмаршал Қаноатшоҳ»-ро. Чуноне аз навиштаҳои ҳамзамонони ӯ бармеояд, Қаноатшоҳ яке аз симоҳои намоёни асри нуздаҳ буд. Ӯ муддате сарлашкар буд ва то ба маснади вазири аъзами хонигарии Ҳуқанд расидааст. Унвони аталлиқ-генералӣ дошт, аммо ӯро русҳо фелдмаршал мегуфтанд. Онҳо ба Санкт-Петербург нома фиристода, навиштаанд, ки «Агар шумо ба мо кумак нафиристед, дар муқобили лашкари фелдмаршал Қаноатшоҳи қаротегинӣ истодагарӣ карда наметавонем». Ин нома дар он рӯзҳое навишта шуд, ки Қаноатшоҳ бо лашкари ҷаррораш дар ҳудуди Қазоқистони кунунӣ ба муқобили лашкари подшоҳи рус меҷангид.

Бародари Қаноатшоҳ ҳашт сол ҳокими Тошканд будааст. Қаноатшоҳ ифтихори миллӣ дошт. Ҳатто дар ҳузури хони Ҳуқанд аз тоҷик буданаш ифтихор дошта, дар бораи гузаштагони бузурги хеш сухан мекард. Ӯ ҳамеша аз тоҷикони мардикоре, ки ба Ҳуқанд мерафтанд, пуштибонӣ мекард.

- Солҳои охир шумо бештар ба мавзӯи ваҳдат рӯй овардед. Интихоб чӣ гуна ба миён омад?

- Соли 1994 Сарвари давлат ба водии Рашт сафар доштанд ва ба ноҳияи Нуробод ҳам омаданд. Ҳамон рӯз ман дар мавзӯи ваҳдат шеър навишта, зимни вохӯриашон бо фаъолону зиёиёни ноҳия хондам. Шеър ба Сарвари давлат писанд омад. Ин буд, ки дар бораи сулҳу ваҳдат ва дӯстиву бародарӣ панду андарзи зиёд гуфтанд. Маҳз ҳамон суханронии пурмуҳтавои Пешвои миллат маро водор намуд, ки мавзӯъро дунболагирӣ намоям. Ва достони «Абармарди набарди Ваҳдат»-ро қуллаи баландтарини силсилаи шеърҳои дар мавзӯи ваҳдат навиштаам медонам.

- Шумо, дар баробари шоирӣ, рӯзноманигори варзидаед. Аз ин рӯ, мехостем дар ин бобат низ чизе бигӯед.

- Рӯзноманигорӣ ҳам касби мураккаб ва ҳам эҷодист. Аз нависандагӣ ва шоирӣ он қадар тафовут надорад. Заҳматталаб аст. Рӯзнома бошад, оинаи рӯзгори мардум аст. Он ҳаёти ҳаррӯзаро инъикос намуда, барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани кору зиндагӣ мадад менамояд. Аз он ифтихор мекунам, ки фаъолияти меҳнатиро бо ҳамин касб оғоз намудам ва умре ин бори вазнинро ба дӯш доштам. Ҳеҷ гоҳ аз душворӣ наҳаросидам. Ҳамин буд, ки 36 сол сармуҳарририи рӯзномаи «Ҳақиқати Комсомолобод» (ҳоло «Нури Нуробод»)-ро ба ман бовар карданд. Дар баробари ин, ба ҳайси мухбири махсуси рӯзномаҳои «Ҷумҳурият» ва «Садои мардум» кор кардам.

- Боре гуфтед, ки рӯзномаи «Садои мардум» ба кор омаданатон қиссаи аҷибе дорад. Чун дар арафаи сиюмин солгарди нашрия қарор дорем, онро нақл мекардед.

- Хуб дар ёд дорам, ки соли 1997 буд. Пайи иҷрои вазифаи хизматӣ ба шаҳри Душанбе омадам ва баъди анҷоми кор дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ сӯи меҳмонхона роҳ пеш гирифтам. Дар назди баромадгоҳ котиби масъули ҳамонвақтаи рӯзномаи «Садои мардум» Хушвақт Назаров ва нафаре аз хабарнигорони рӯзнома маро диданд. Баъди вохӯрӣ Хушвақт Назаров ба ман рӯй оварда, табассуме карду гуфт, ки ҳайати таҳририяи рӯзнома ба қароре омад, ки маро ба ҳайси хабарнигори махсуси рӯзнома дар минтақаи Рашт ба кор қабул кунад. Гуфтам, ки ман сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ ҳастам. Магар қонунҳои амалкунанда иҷозат медиҳанд, ки як нафар ҳамзамон коргари ду корхона бошад? «Ҳеҷ мушкил надорад», — гуфт Хушвақт Назар, дар як вақт иҷрои ду кор барои шумо душвор нест. Бовар дорем, ки аз уҳдааш мебароӣ». Гуфтам, бояд аз вазир иҷозат бигирам, агар розӣ шавад, албатта, назди шумо меоям.

Рӯзи дигар субҳи барвақт ба қабули вазир рафтам. Аз вай маслиҳат пурсидам. Ба ҳарфам гӯш доду гуфт: «Дар шароити ҳозира, агар шумо дар ҳар ду вазифа кор кунед, ба манфиати ҷомеа ҳаст». Ҳамин тариқ, аз назди вазир баромадаму ба идораи рӯзнома рафтам. Аризаамро гирифтанд ва ҳамон рӯз ба кор шурӯъ намудам. Ин минбари баланди обрӯманд бароям имконият фароҳам оварду мақолаҳои зиёд навиштам ва қариб ҳамаи онҳоро дар китоби «Ваҳдатистони Раштонзамин» ҷой додаам.

Шеърҳои ба мавзӯи ваҳдат бахшидаам низ ибтидо дар «Садои мардум» чоп шудаанд. Мақолаҳои дар боби ваҳдат навиштаам ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев дар солҳои 2000-2010 писанд омаданд ва он кас барои ман мошини хизматӣ ҷудо намуд. Ягона хабарнигоре будам, ки мошини хизматӣ доштам ва бе мушкилӣ ба дуртарин деҳаҳо рафта, аз ҳаёти сокинони маҳал мақола менавиштам. Хулоса, ифтихор мекунам, ки даҳ сол ходими рӯзномаи «Садои мардум» будам.

Мусоҳибон

Самариддин АСОЗОДА,

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»