Мақолаҳои рӯзнома дар аксар маврид умри чандрӯза ва гоҳо чандсоата доранд. Агарчӣ танқидию таҳлилӣ бошанд ҳам, баъди муҳокимаву вокуниш фаромӯш мешаванд, вале, дар баробари ин, кам нестанд мақолаҳое, ки то дер гоҳ моҳияти худро нигоҳ медоранд.
Мақолаҳое, ки дар китоби сардори шуъбаи иқтисоди рӯзномаи «ҷумҳурият» Сайвалӣ Азизӣ «Нозанини фариштахӯ» гирд оварда шудаанд, аз ҳамин қабиланд. Сайвалӣ Азизӣ аз зумраи қаламкашони соҳибтаҷриба ва хушсалиқа маҳсуб ёфта, солиёни зиёдест, ки бо матбуот сарукор дорад. Дар таълифи мавзӯъҳои муҳими ҳаёт малакаи хуби эҷодиро молик буда, ҳамеша дар талоши он аст, ки навиштаҳояш дархӯри мушкилоти ҷомеа ва самаровар бошанд.
Китоб дар нашриёти «Шарқи озод» чоп шудааст ва гулчини мақолаҳои дар чанд соли охир навиштаи ӯро, ки ба ҳалли нуқсонҳои ҷомеа, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандорӣ, худшиносии миллӣ, фазилатҳои неки инсонӣ нигаронида шудаанд, дар бар мегирад. Пешгуфтори китоб — «Гавҳар дар ҳама ҷо гавҳар аст» бо қалами шоир ва рӯзноманигори шинохта Абдулқодири Раҳим тааллуқ дошта, дар он ба шахсияти муаллиф ва моҳияти китоб баҳои арзанда дода шудааст.
Бо номи бузурги модар номгузорӣ кардани китоб аз тарафи муаллиф меҳру муҳаббати беандозаи ӯро нисбат ба модарон ифода намудааст. Муаллиф ҷавононро даъват кардааст, ки дар замони пайомадҳои ногувори иқтисодию маънавӣ, торафт авҷ гирифтани кӯшишҳо баҳри гумроҳ сохтан ва ба доираҳои ғаразнок ҷалб намудани онҳо заҳмати модарони худро фаромӯш накунанд ва орзуву умедашонро барбод надиҳанд.
Ба ин монанд, муаллиф дар мақолаҳои худ ба мавзӯъҳои доғи ҷаҳонӣ низ дахл карда, симои коргардонҳои пушти пардаи саҳнаи ҷаҳолату таассубро кушодааст. Аз ҷумла, чун шоҳиди бевоситаи даргириҳо дар Афғонистони ҷангзада мақолаеро ба мушкилоти ин кишвар бахшидааст.
Мақолаи «Кӯдак будан осон нест» — и ӯ бошад, ба мавзӯи хеле муҳими замони муосир — бо ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо бахшида шудааст.
Дар дигар мақолаҳои китоби «Нозанини фариштахӯ» низ мавзӯъҳое ба риштаи таҳлил кашида шудаанд, ки кулли ҷаҳонро ба ташвиш овардаанд ва ҳалли бетаъхири онҳо бурди башарият мебошад.
Мирзо НУРАЛИЕВ, «Садои мардум»