Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ,
Даркушоӣ кунӣ,на дарбандӣ.
Ошноӣ бо зиндагиномаи Садоратхон Шарифова, ки дар деҳаи дурдасти Ҳисораки ноҳияи Рашт зиндагӣ мекунад, барои мо дурустии ин андарзро равшан кард. Ин зани соҳибистеъдод ва меҳнатдӯст тавонистааст, ки бо меҳнати ҳалол байни сокинони деҳоти «Ҳоит»- у «Ясман» ва берун аз он соҳиби обрӯ ва эҳтиром гардад.
Мавсуф ҳанӯз аз овони наврасӣ ба касби дӯзандагӣ шавқи зиёд дошт. Соатҳое, ки модараш барои вай ё барои духтаракони ҳамсоя курта медӯхт, паҳлуи ӯ нишаста, ба кори модар менигарист. Бо мурури солҳо модар гоҳ-гоҳ ба ӯ иҷозат медод, ки ба ҳайси шогирд ба дӯхтудӯз машғул шавад. Ҳамин тариқ, ӯ ҳанӯз даврони мактабхонӣ ин касбро аз худ кард ва барои ҳамсинфон ва хешу табор курта медӯхт.
Садоратхон соли 1972 дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Он солҳо дар водии Ясман ҳамагӣ ду деҳа обод буд. Заминларзаи соли 1949 водии Ясманро вайрон карда буд ва зиндамондаҳо ба дигар гӯшаи кишвар кӯч баста буданд.
Баъди хатми мактаби таҳсилоти умумии асосии деҳаи Ҳисорак барои идомаи таҳсил ҳамроҳи ҳамсинфонаш ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №22-и деҳаи Ҳоит рафтанд. Орзу дошт, ки мактаби миёнаро хатм менамояду барои таҳсил ба шаҳр меравад. Нобасомониҳои кишвар ба ӯ ва бисёр нафарон имкон надоданд, ки пайи орзуҳо бол бикушоянд. Дар деҳа монд ва баъди муддате оиладор шуд.
Соли 2006 курси кӯтоҳмуддати дӯзандагиро хатм намуд. Ташкилкунандагони ин курсҳо истеъдод ва ҳунари ӯро диданду хоҳиш карданд, ки ҳамроҳашон дар касбомӯзии занон ёрӣ диҳад. Маркази омӯзишии «Модул»-и Маркази таълими калонсолон дар деҳаи Ҳоит курсҳои нав кушод. Занони ҷавону духтарони хонанишин, ки нияти касбомӯзӣ доштанд, ба курсҳои кӯтоҳмуддат фаро гирифта шуданд. Давоми се моҳи таҳсил шогирдон пурра барномаро аз худ карданд ва баъди санҷиш соҳиби сертификат шуданд. Бо пофишории Садоратхон Шарифова дар деҳаи Ҳисорак низ курс ташкил карда шуд. Аз деҳаҳои дигари деҳоти «Ясман» хоҳишмандон омаданд. Дар як муддати кӯтоҳ даҳҳо нафар соҳиби касб гардиданд. Маркази таълими калонсолон ба шогирдон ройгон таълим медод. Ин як ғамхории Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати мардуми камбизоат буд.
Соли 2014 бо ташаббус ва дастгирии раиси Ҷамоати деҳоти «Ҳоит» Ҳикматулло Мирзоев КВД «Бону-2014» ташкил шуд. Аз Садоратхон Шарифова хоҳиш карданд, ки сарварии сехи дӯзандагиро ба зимма гирад.
Имрӯз дар сехи дӯзандагӣ барои дӯзандаҳо тамоми шароит фароҳам аст. Музди меҳнатро аз ҳисоби даромади сех мегиранд. Рӯйкаши бистар барои қисмҳои ҳарбӣ, хилъат барои кормандони соҳаи тиб, сарулибоси мактабӣ ва ғайраро дар асоси шартнома медӯзанд. Ҳамчунин сокинони ду деҳот — «Ҳоит»- у «Ясман» низ барои дӯхтани сару либос ба онҳо муроҷиат менамоянд. Дар асоси шартнома бо шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт барои 1200 нафар хонанда либосҳои мактабӣ тайёр карданд.
Садоратхон Шарифова барои ҷоннок кардани корхона нақшаҳои зиёде дорад. Кӯшиш ва заҳматҳояш обрӯ ва эътибори ин зани кӯҳистониро боло бурданд. Хизматҳои софдилонаи ӯро Ҳукумати ҷумҳурӣ қадр кард. Соли 2015 соҳиби гранти Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид. Аз ин қадрдонӣ сараш ба осмон расид. Ин дастгирӣ ба вай имконият фароҳам меорад, ки ормонҳои дар дилдоштаашро амалӣ намояд.
Садоратхон Шарифова модар аст ва ду фарзандаш — Соҳибқирону Соҳибназарро бо меҳру муҳаббат тарбия менамояд. Аз он шукрона мекунад, ки дар кишвараш сулҳу оромӣ ҳукмфармост, миллати ӯ ба маънои вожаи ваҳдат сарфаҳм рафт ва дигар ба доми фиреби касе намеафтад. Шукрона мекунад, ки Худованд барои миллати ӯ Сарвари боақлу ботадбирро насиб гардондааст.
- Итминон дорам, ки касбомӯзии занону духтарон имконият фароҳам меорад, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишварамон боз ҳам поин равад ва занону духтарон барои рушду нумӯи Тоҷикистони азиз дар радифи мардон саҳм гузоранд,- мегӯяд Садоратхон Шарифова.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум».