4 сентябр - Рӯзи китоб

Қурбоналӣ Буризода: «Унвони китобдори хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад»

№106 (4056) 03.09.2019

IMG_2780- Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон» (собиқ Палатаи китобҳои ҶШС Тоҷикистон), ки шумо сарварии онро ба уҳда доред, дар рушди соҳа чӣ нақш дорад?

- Ин муассиса Маркази илмии биб­лиографияи давлатӣ, омор, феҳристнигорӣ, фаъолияти маълумотию библиографӣ, иттилооти соҳавӣ, бақайдгирии матбуоти кишвар, биб­лиографияи ҷорӣ ва тарҷеӣ, ноширӣ ва Маркази стандарти байналмилалии китоб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар он олимон, муҳаққиқон, библиографон ва мутахассисони соҳаи китобдорӣ фаъолияти илмӣ, таҳқиқотӣ ва амалӣ мебаранд, ки соле чор маротиба «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» интишор мегардад. Инчунин, Феҳристи библиографии тарҷеии «Китобҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар 5 сол як маротиба ба табъ расида, дар он нусхаҳои ҳатмии нашрияҳои ба Бойгонии Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон интиқолшуда инъикос мегарданд.

Хонаи китоби Тоҷикистон, ки таърихи бою рангин дорад, дар бойгонӣ нусхаҳои ҳатмию нодир ва ягонаи маҳсулоти батабъ­расидаи матбуоти тоҷикро нигоҳдорӣ менамояд. Инчунин, нусхаҳои ягонаи китобҳо аз соли 1922 ва матбуоти даврӣ аз соли 1924 бо хатти арабӣ, лотинӣ, ибрӣ ва кириллӣ гирдоварӣ ва нигоҳдорӣ мешаванд. Ба ғайр аз ин, дар бойгонии миллӣ нусхаи рӯзномаҳо бо ҳуруфи ибри (яҳудӣ), забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар ду баста, ки ба нашри солҳои 1910-1916 ва 1911-1912 мутааллиқанд, ҳифз мегардад. Айни ҳол, бойгонӣ дорои 46243 номгӯй китобу ҷузваи чопи аслӣ мебошад. Қайд кардан бамаврид аст, ки то нимсолаи аввали соли 2019 теъдоди китобу ҷузваҳои ба бойгони воридкардашуда беш аз 800 номгӯйро ташкил медод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 зиёдтар мебошад. Теъдоди умумии бойгонӣ (китобҳо 46243, маҷаллаҳои илмиву оммавӣ 17912 адад, рӯзномаҳо 1006538 адад ва лавҳаҳо 17200 адад) 1094801 ададро ташкил менамояд.

- Тавре ба назар мерасад, дар баъзе китобу ҷузваҳое, ки ба нашр мерасанд тартибу қоидаҳои нашр риоя намешавад. Бигӯед, ки рақами байналмилалии стандартӣ, ки дар онҳо гузошта мешавад, чӣ аҳамият дорад?

- Тавре ки аз унвони муассиса маълум аст, яке аз самтҳои фаъолият додани рақами байналмилалии стандарти китоб ба матбаа ва нашриётҳое, ки бо чопи китобу ҷузва машғуланд ва назорати он мебошад. Ин фаъолият дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон», таҳти рақами № 239 аз 2-юми июли соли 2005 расмӣ гардонида шудааст. Тибқи талаботи моддаи 4-и ин қарор, «роҳбарияти тамоми нашриёт ва чопхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, то 1 октябри соли 2005 ҷиҳати шомил шудан ба Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон ва гирифтани рақами Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб чораҷӯйӣ намуда, минбаъд китоб ва дигар маҳсулоти чопиро бе рақами Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб чоп ва интишор накунанд». Аз ин рӯ, чопи китоб дар кишвар бе гирифтани рақами байналмилалии стандарти китоб манъ шудааст ва касоне, ки талаботи қарори мазкурро риоя наменамоянд ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Маъмурияти муассиса «Дастури истифодаи ISBN» ва «Шаҳодатнома»-и узвиятро барои чопхона ва нашриётҳое, ки ба чопи китобу ҷузва машғуланд омода намудааст ва онҳо метавонанд бе мушкилӣ дастрас кунанд.

Рақами байналмилалии стандарти китоб шаҳодатномаи китоб дар сатҳи ҷаҳонист ва бо он онро метавонанд озодона ба бозор бароранд ва ё ҳангоме ки китоб ғайриқонунӣ аз ҷониби ашхосе бе иҷозати муаллиф ба чоп расад, ҳамчун далели исботкунандаи асар тавассути ин арқом асарро метавонанд ҳифз кунанд. Маълумоти пурратар дар бораи мақсад ва моҳияти истифодаи рақами байналмилалии стандарти китоб ва штрих кодро аз «Дастури истифодаи ISBN» гирифтан мумкин аст.

- Ба фикри шумо дар Рӯзи китоб кадом тадбирҳои самарабахшро анҷом додан лозим аст?

- Ин боз як имкониятест барои китобдорон, ки фаъолиятро беҳтар ва хонандагонро бештар ба китобхонӣ ҷалб намоянд. Дар ин рӯз метавон бо хонандагон ва аҳли ҷомеа вохӯрӣ барпо намуд ва китобхониву манфиати онро ташвиқ кард. Ташкили аксияи «Рӯзи ҳадяи китоб ба китобхона» метавонад захираи китобхонаҳои кишварро ғанӣ гардонад. Инчунин, хуб мебуд тақдими китоб ба якдигар ба ҳукми анъана медаромад. Пешниҳоди дигар он аст, ки агар дар деҳоте, ки китобхона мавҷуд нест, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва саҳми фаъолону аҳолӣ рӯзи «Хониши адабӣ» бо иштироки пиру ҷавон барпо намоянд, хуб мебуд.

Ҳамчунин, пешниҳод менамоям, ки барои беҳтарин кормандони махзанҳои маърифатӣ унвони «Китобдори хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода, дар ин рӯз ба онҳо тақдим карда шавад.

Пешниҳоди дигар он аст, ки кормандони сатҳи гуногуни китобхонаҳоро дар 5 сол як маротиба барои бозомӯзӣ ва дар 3 сол як маротиба барои таҷрибаомӯзӣ берун аз ҷумҳурӣ фиристодан ба мақсад мувофиқ аст.

Зарурати зиёд намудани теъдоди қабули довталабон ба факултаи китобдории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар самтҳои китобдорони китобхонаҳои оммавӣ, мактабӣ, соҳавӣ ва ҷомеашиносӣ низ мутобиқ ба талаботи замон ба миён омадааст. Хуб мешуд, ки факултаҳои соҳавии китобдорӣ дар назди макотиби олии ҳамон соҳа таъсис дода шаванд. Мисол, дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ва ғайра.

Масъулини китобхонаҳо низ бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки дар захира пойгоҳҳои бузурги иттилооти рақамиро бунёд намоянд ва онро дар сомонаҳо ҷой дода, манзури ҳаводорон гардонанд. Дар ин замина хуб мешуд, ки нусхаҳои электронии китобҳои тозанашр ҳамчун нусхаҳои ҳатмӣ ба китобхона ва хоҳишмандон интиқол дода шавад. Барои ин, албатта, тағйироти дахлдорро дар қонун ва қарорҳои марбута ворид кардан лозим аст.

Гузашта аз ин, набояд фаромӯш кард, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи китобдорӣ имконияти фаровон муҳайё намуд. Бо ибтикор ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобдорӣ яке аз самтҳои афзалиятнок эътироф шуд. Барномаҳо таҳия ва рӯйи кор омаданд. «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2008-2015», «Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», «Барномаи тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисоси соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр дар солҳои 2007-2010» ва «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015- 2020» аз ҳамон ҷумлаанд. Хусусан, роҳандозии «Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», ки тавассути он китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ бо компютеру принтер муҷаҳҳаз ва ба шабакаи интернет пайваст шуданд, самараи хуб дод. Илова бар ин, бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашри силсилаи китобҳои «Ахтарони адаб», «Китобхонаи мактаб» ва «Корвони китоб» ҳар сол маблағгузорӣ шуда, шароити таъминоти китобхонаҳоро бо китобҳои тозаэҷод беҳтар намуд.

«Рӯзи китоб» эълон намудани 4-уми сентябр иқдоми дигари Сарвари давлат аст, ки ба ҳукми анъана даромадааст.

Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА,«Садои мардум»