Устура ва ҳақиқат дар бораи наврӯз

№35-36 (4455-4456) 19.03.2022

DSC_3967Наврӯзро ҷашни табиат гуфтаанд, зеро он дар робитаи мустақим бо гардиши Замин ба даври Офтоб буда, рӯзи аввали моҳи Фарвардин маҳсуб мешавад ва ба қавли донишмандони пешин, «расидани Офтоб ба нуқтаи аввали Ҳамал ва ибтидои баҳор аст». Болотар аз ин, ҷашни Наврӯз аз муқаддасоти оинӣ бархӯрдор аст. Мутобиқ ба эътиқоди бостонии мардум одоби ин ҷашн бар асоси ангезаи накӯдошт ва посдорӣ аз муҳити зист бино ёфтааст.

Аслан, мафҳуми Наврӯз аз забони суғдӣ гирифта шуда, бо истилоҳи «навсард» ё «нувсард» пайвандӣ дошта, маънои он «соли нав» аст. Ин калима дар забони авастоӣ бо лафзи «сарзе» бо маънои «соли хуршедӣ» омадааст. Ба қавли баъзе аз муҳаққиқон, асли паҳлавии ин калима «нук руҷ» ва ё «нӯг рӯз» будааст.

Дар баёни сабабҳои баргузории ҷашни Наврӯз низ андешаҳои бисёр ба майдони баҳс дохил шудаанд. Ба қавли баъзе аз муаррихон, дар охирин рӯзи соли кабиса Ҷамшед — подшоҳи пешдодӣ баъд аз анҷоми як силсила ислоҳоти иҷтимоӣ бар тахт нишаста, фосилаи байни Дамованд то Бобулро дар як рӯз тай менамояд, ки он рӯз «ҳурмуздрӯз»-и аз фарвардинмоҳ ба шумор мерафт. Дар асоси дастури Ҷамшед ин рӯзи сари сол ҷашн гирифта шуда, ба он «Наврӯз» номгузорӣ мекунанд.

Қобил ба зикр аст, ки дар хусуси Ҷамшед ақидаҳои бисёр дар китоб­ҳои қадимаи ҳиндуҳо ва эрониён мавҷуд буда, мутобиқи онҳо падараш Таҳмурас ном доштааст, ки дар санскрик Ҷамшед бо номи Йама (Jama) ва дар «Авасто» Йима (Jima) омадааст. Лақаби вай дар «Авасто» «хшеата», яъне «дурахшон» хонда шудааст ва батадриҷ «йам» ба «ҷам» ва «хшеата» ба «шед» мубаддал гаштааст. Ба таври қатъӣ ва яқинан метавон гуфт, ки Ҷамшед аз подшоҳони муштараки қавмҳои ҳинду эронӣ буда, замони зиндагӣ ва қудрати вай беш аз ду ҳазор сол аз милод тахмин карда мешавад.

Дар робита ба ин устураи куҳан омадааст, ки чун Аҳриман баракат аз рӯи замин бурда, шамолро аз вазиш монд, то дарахтон хушк шаванд ва наздик буд, ки олами ҳастӣ аз байн равад, Ҷамшед ба амри Ҳурмузд ба ноҳияҳои ҷанубӣ рафта, бо Аҳриман дар ҷанг қарор мегирад. Баъд аз пирӯзии Ҷамшед вазъи иҷтимоии мардум хуб шуда, кишвар ба ҳолати фаровонӣ бармегардад. Ҷамшед дар ин рӯз ба мисли офтоб тулӯъ карда, аз вай нур меборад. Мардум аз тулӯи дувуми хуршед тааҷҷуб карда, бо як садо мегӯянд: «Инак, рӯзи нав», яъне Наврӯз шуд.

Умари Хайём дар ин бора дар «Наврӯзнома» овардааст, ки «сабаби ном ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр буд, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақт ва рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан. Чӣ ҳар сол аз муддат ҳама кам шавад ва чун Ҷамшед он рӯзи аввали мулуки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёми сол ва моҳро ном ниҳад ва таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯзи бомдод офтоб ба аввали дақиқаи Ҳамал омад, мубадони Аҷамро гирд кард ва бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд. Мубадон ҷамъ омаданд ва таърих ниҳоданд ва чунин гуфтанд мубадони Аҷам, ки доноёни рӯзгор буданд, ки Язди таборак дувоздаҳ фаришта офаридааст. Аз он чаҳор фаришта бар осмонҳо гумоштааст, то осмонро ва ҳар чӣ андар ӯ аст, аз аҳриманон нигоҳ дорад».

Аммо Абӯрайҳони Берунӣ таъкид кардааст, ки Наврӯз «нахустин рӯз аз фарвардинмоҳ ва з-ин ҷиҳат «рӯзи нав» ном кардаанд, зеро ки пешонии соли нав аст, он чӣ паси ӯст, аз ин панҷ рӯз ҳама ҷашнҳост»

Дар асоси солшумории куҳан, Фарвардинмоҳ дар ҳар сол чанд соат аз мавқеи аслӣ ақиб афтода, дар муддати 1461 сол боз ба ҳамон маҳал, ки нуқтаи эътидол мебошад, бозмегардад. Аз замоне ки «Гивмарт» ва ё «Каюмарс» ҳисоби соли хуршедиро пайдо кард, то саду бистуякумин соли салтанати Ҷамшед ин рӯз ба охир расид ва фасли сол ба маҳалли нахустинаш бозгашт.

Расму оин ва одоби баргузории ҷашни Наврӯз низ дар бисёр матн­ҳои куҳан бо ривояту далелҳои таърихнигорон хеле дилчаспу зебо баён шуда, аз расми иҷрои он метавон асолати ҳузури ин оинро дар байни гузаштагони тоҷикон дарёфт намуд.

Қобил ба тазаккур аст, ки дар гаҳвораи зуҳури тамаддуни ориёӣ ва наврӯзӣ дар шаҳри Балх (бисткилометраи Мазори Шарифи Афғонис­тон) дар анҷумангоҳи «Навбаҳор» Дирафши Ковиёнӣ барафрохта мешуд. Сарбозон бо парчамҳои ифтихорӣ ва пирӯзиву ғалабаҳо вориди анҷумангоҳи «Навбаҳор» мешуданд ва дар канори Дирафши Ковиёнӣ пойкӯбӣ мекарданд.

Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» овардааст, ки «аз одоби ҷашни Наврӯз ин буд, ки дар саҳни ҳар хона бар ҳафт сутун рақам ғалла мекоштанд ва ҳар як аз онҳо, ки мерӯид, онро далели тараққии он навъ ғалла дар соли нав медонистанд».

Ба ибораи дигар, аҷдоди тоҷикон чанд рӯз қабл аз поёни соли куҳан ба хонатаконӣ ва таҳияи либоси наву сабз кардани ғалладонаҳо, аз қабили гандум, ҷав, нахӯд, биринҷ, кунҷид, лӯбиё ва ғайра машғул мешуд. Амалҳои мазкур тавассути «Авасто» низ дастур шуда буд, зеро мутобиқи он рӯҳу равони мурдагон ва фариштагон (фраваҳрҳо) дар рӯзҳои фарвардинмоҳ ба хонаҳои худ бозмегарданд. Аз ин рӯ, бояд мардум хонаҳоро пок кунанд ва фаршу қолинҳои пок густурда, хӯроку хӯрданиҳои хуштамъу бомазза ва иштиҳоовар ниҳанд ва аз онҳо хӯранд, то рӯҳи мурдагон аз бӯй ва неруи он қувват гиранд.

Мувофиқи расму одоби Наврӯз чунин буд, ки пеш аз фаро расидани соли нав ҳама ба гармоба рафта, сипас, равғани «бон» ба тан мемолиданд ва эътиқод доштанд, ки он барои хосияти доруӣ дош­тан саломат мондани онҳоро дар муддати як сол кафолат медиҳад.

Дар он лаҳзаҳои муқаддас дастархони наврӯзӣ бо дуо боз мешуд. Аломати гусели соли куҳна ҷунбиши барги сабз дар рӯи об ва бо навохтани табла эълон мешуд. Падару модар ба фарзандон ва хид­матгорон туҳфаҳои идона тақдим мекарданд. Аз хӯрокиҳо дар он рӯз палавмоҳӣ, мурғпалав, риштапалав ва ё оши бурида пухта мешуд.

Дар дарбори шоҳон низ ҷашни Наврӯз ба мисли мардуми омма пешвоз гирифта мешуд. Дар ин рӯз либоси дарбориён шакли хоса дошт ва дар маросими Наврӯз бо либоси расмӣ зоҳир мешуданд ва ҳадяҳои гуногунро аз сар то сари мамлакатҳои тобеашон, аз ҷумла Юнон, қабул мекарданд.

Ба қавли Умари Хайём, «оини мулуки Аҷам аз Кайхусрав то рӯзгори Яздигурди шаҳриёр охирин мулуки Аҷам буд, чунон будааст, ки рӯзи Наврӯз нахуст мубадони мубад пеши мулук омада, бо ҷоми заррини пурмай, ангуштарӣ, дираме ва динори хусравонӣ як даста хавиди (ғаллаву сабзаҷот) сабз ва руста, шамшере, тиру камоне, давоту қаламе, аспе, бозе, ғуломе ва хубрӯе ситоиш намудӣ ва ният кардӣ ӯро ба забони порсӣ. Ба иборати ишон ва чун мубадони мубад аз охирин пардохтӣ чошани кардӣ (чашидан) ва ҷом ба малик додӣ ва хавид дар дасти дигараш ниҳодӣ ва динору дирам дар пеши тахти ӯ бинҳодӣ ва бад-ин сон хостӣ, ки рӯзи Наврӯз ва соли нав, ҳар чӣ бузургони аввал дидор бар он афкананд, то соли дигар шодону хуррам бо он чиз дар комронӣ бимонанд».

Зери мафҳуми «хубрӯе» Умари Хайём шахсеро дар назар дорад, ки номи дилписанд дошта, ба некукорӣ маъруф буда, сурату зоҳири хеле зебо ва забони шевову ширин дошт. Вай ба дарбор омада, иҷозати ворид шуданро савол мекард. Подшоҳ аз куҷо будан ва ба куҷо равона шудани ӯро мепурсид ва иҷозати дохил шудан медод. Он шахс посух медод, ки «аз сӯи ду ҷой, ки хайру баракат ва саодат дар он ҷо аст, меоям ва мехоҳам ба ҷое, ки саодат ва баракат вуҷуд дорад, биравам ва касе, ки пирӯз аст, маро ба ин ҷо овардааст. Номи ман Хуҷаста аст бо соли нав омадаам ва барои подшоҳ армуғони саломат паём овардаам».

Ин шахси хушқадам дар фарҳанги қадимаи тоҷикон бо номи «Фирӯз» ва ё «Мири Наврӯз» маъруф буд, ки дар айёми ҷашн ҷомаи сурхи арғувонӣ ба бар мекард ва чеҳраи сиёҳ дошт. Чеҳраи сиёҳ рамзи талхиҳо ва сиёҳиҳои рӯзгор буда, ҷомаи сурх маънои шодӣ ва сурурро ифода мекард. Дар даст доира дошт, ки маънои он «доираи зиндагӣ» буд. Вай армуғони осмониро аз ҳафт Фуруҳар ва ё фариштаи осмонӣ, ки дар айёми Наврӯз ба шеваи рамз мутаҷаллӣ мешуданд, ба подшоҳ ва мардум мерасонд.

Баъд аз шодбошӣ дар назди шоҳ як тангаи нуқра ва ё тиллоро, ки дар атрофи он ҳафт ғаллаворӣ қарор дошт, мегузошт. Донаҳое, ки дар таҳияи нон дохил мешуданд, дар атрофи нонҳо чида шуда буданд. Дар байни ҳафтшин шохае аз зайтун ё анор ҷой дода мешуд. Ҳар як шоха дорои шаддаҳо буда, ҳар кадоми шохаҳо номи яке аз кӯзаҳои холиро доштанд ва он кӯзаҳое буданд, ки «Мири Наврӯз» онҳоро ҳамроҳаш ба дарбор оварда буд.

«Мири Наврӯз» хӯрданиҳоро аз суфраи ҳафтшин мехӯрд ва сипас барои саломатӣ ва иззати шоҳ дуо мекард. Дар бисёре аз матнҳои куҳан аз «Мири Наврӯз» номбар шуда, ӯро шахси мазҳакабоз ва масхарабоз низ номидаанд. Ҳангоми наздики шоҳ омадан вайро ҳатман ба тахт мешинонданд ва дар айёми Наврӯз вай ба салтанати чандрӯза мерасид. Ба ибораи дигар, шоҳ дар рӯзҳои наврӯзӣ қудрати давлатдориро ба дасти «Мири Наврӯз» месупорид.

«Мири Наврӯз» ба як даст худ­ро бод медод ва дар дасти дигар бози сафед ва дар бар шамшер мегирифт. Ин намоиши бозгашти «Мири Наврӯз» аз набард ва шикаст додани душманон буд. Мардум ӯро бо таблу карнай истиқбол мекард.

Мутобиқи эътиқодоти бостонӣ, «Мири Наврӯз» то поёни «сездаҳ бадар», ки рӯзи охирин ҷашни Наврӯз аст, дар шаҳру деҳот гашта, ҳукумат мекард ва камбудиҳои мавҷударо ба саҳнаи мазҳакаи наврӯзӣ мекашонд. Вай роҳбарон ва кормандони давлатиро ба адлу инсоф ва покиву садоқат даъват менамуд. «Мири Нав­рӯз» ба ҳар хонае, ки мехост, ворид мешуд, зеро дари мардуми ориёӣ ҳамеша барои меҳмон боз буд. Ба ҳар хонае, ки мерафт, бояд соҳиби хона ба ӯ ҳадя медод ва ба таноби дасташ туҳфае овезон мекард.

Он айём агар духтари бахт­баргашта дар хонае мебуд, бо наздик шудани «Мири Наврӯз» ба он хона, духтар дар утоқе пинҳон шуда, гиреҳҳое бар миён мезад. Модари духтар аз хона берун омада, кӯдаки ноболиғеро аз ҳамроҳону корвони «Мири Нав­рӯз» ба дохили хона мебурд, то он гиреҳҳоро кушояд. Ин рамзи кушоиши бахти духтарон буд. Дар он рӯз духтарони бабалоғатрасида, аз Аҳурамаздо талаб мекарданд, ки бахташон сафед ва соҳиби хонадони босаодат гарданд.

Мувофиқи эътиқоди куҳан, аввалин касе, ки дар бомдоди иди Наврӯз бояд ба хонаҳояшон ворид мешуд, марди хушқадам буд. Мутобиқ ба фарҳанги он оин, мардон таъминкунандаи рӯзгори хонавода ва рамзи рӯзиву баракат маҳсуб мешуданд. Пас вуруди онҳо нишонаи он буд, ки то поёни сол рӯзӣ ва хайру баракат дар он хона бошад. Саҳнаи рафтани мард ва дубора бозгаштани вай ба хона низ рамзе аз рафту бозгашти ризқу толеъ ба хонадон аст.

Ҳамчунин, дар оғози рӯзи ҷашн шоҳон дар дарбор аз намояндагони ҳама қишри ҷомеа истиқбол ба амал меоварданд. Дар он рӯз шоҳ ба ҳеҷ кас ҳукм намекард ва фармоне ба ҷуз дар таъмини хостаҳои мардум содир намесохт. Аз бомдоди иди Наврӯз то шомгоҳи дувоздаҳуми фарвардин аъзои оила ба дидори якдигар мерафтанд. Хурдҳо ҳатман аз аҳволи бузургони хона бохабар мешуданд ва калонсолон ба онҳо туҳфаҳо тақдим мекарданд.

Поёни Наврӯз бо ҷашни «Сенздаҳ бадар» ба охир мерасид. Дар он рӯз мардуми шаҳр ба кӯҳу пушта рафта, дар байни гулҳову марғзорҳо истироҳат мекарданд ва он рӯзро бо номи Эзиди Тиштар, яъне «оварандаи борон» ва рӯзи муқаддас номгузорӣ карда буданд. Мардум дар он айём, бахусус аз моҳӣ ва сабзавот, хӯрок омода карда, дар давоми ҳамон рӯз сабзаҷоти суфраи идонаи Нав­рӯзро ба унвони ҳадя ба Аноҳито ба об меандохтанд, то сол аз аввал то охираш дар кишвар сарсабзу хуррам боқӣ монад.

Мувофиқи асотири мардуми эронитабор, дар он рӯзи муқаддас аввалин одамони рӯи замин Машиё ва Машиёна издивоҷ кардаанд, ки онҳо аз нутфаи Каюмарс дар замин рӯида буданд. Дар асоси эътиқодоти куҳан, Аҳурамаздо дар марҳилаи аввалини офариниши навъи башар Каюмарсро офарид. Каюмарс намуна ва истиорае аз нахустин инсон дар рӯи замин мебошад. Дар фарвардиняшти 87 аз китоби «Авасто» омадааст, ки «фараваши (равону рӯҳӣ) Гивмарти ашаванро (порсоро) меситоем. Нахустин касе, ки ба гуфтор ва омӯзиши Аҳурамаздо гӯш фаро дод ва аз ӯ хонаводаи сарзаминҳои эронӣ ва нажоди эрониён падид омад».

Каюмарс сӣ сол дар ҷаҳон гардиш намуда, рӯзгорашро дар миёни кӯҳу дашт сипарӣ мекард. Вай дар рӯи замин подшоҳи гулҳо буд, зеро дар он марҳилаи офариниш дигар ҳеҷ мавҷуд ба ҷуз аз гулҳо офарида нашуда буданд. Пас аз сӣ соли подшоҳӣ бар гулҳо ва табиат ҳангоми марг аз салби вай нутфа хориҷ шуд, ки баъд аз тасфияву поксозӣ тавассути офтоб ва аз газанд олоиш ёфтан дар домани хок ва дар раҳми замин ҷой гирифт. Пас аз чиҳил сол он дар шакли ду гули ишқи дарпечон рӯида, дар рӯзи Меҳррӯзи Меҳрмоҳ ба сурати инсон медароянд ва аз онҳо аввалин ҷуфти марду зан падид меояд, ки мувофиқи устураи оини Меҳргон (митраизм) бо номи Машиё ва Машиёна хонда мешаванд.

Он ду гули ишқи дарпечон ва аввалин инсонҳои рӯи замин баъд аз панҷоҳ сол, яъне дар рӯзи сездаҳуми фарвардинмоҳ ба ҳам издивоҷ мекунанд. Чун дар он замон меҳваре ҳамчун қоидаи издивоҷ набуд, онҳо ду гиёҳро ба рамзи пайванди сабзу муборак миёни хеш гиреҳ дода, онро нишони пайванди заношӯӣ қарор дода буданд.

Аз ҳамон рӯз ин расм ҳамчун оин ба ёдмон аз нахустинсонҳо — Машиё ва Машиёна дар байни мардум боқӣ монд. Ҳамчун рӯзи муқаддас мардум дар 13-уми фарвардинмоҳ ба кӯҳ мерафтанд ва он оинро иҷро мекарданд.

Асли мақсади тамоми ин мероси бузурги фарҳангии наврӯзӣ — парвариши ҳаёт дар домони табиат ва Модар — Замин аст, ки онро мо ворисони ин фарҳанги асли куҳан бояд муқаддас дорем ва тафаккуру ботинро фарҳангӣ созем.

Абдулвоҳид ШАМОЛОВ,

доктори илмҳои фалсафа, профессор