Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, воқеан, яке аз саҳифаҳои заррин дар таърихи миллати тоҷик аст. Ба шарофати ба даст овардани ваҳдати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳилаи нави рушд ворид шуд.
Пас аз панҷ соли ҷанги шаҳрвандӣ ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон воқеаи фараҳбахши таърихӣ ва дастоварди бузург барои ҷомеаи кишвар буд. Мардуми мамлакатро зарур буд бо роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бартараф намуда, ҷониби созандагиву бунёдкориҳо қадам гузоранд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр карданд, «Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем».
Ва халқи кишвар дар атрофи Сарвари давлат муттаҳид гардид. Вале барои расидан ба зиндагии комилан осоиштаву ором солҳои зиёд лозим буданд. Дар ин бора муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: «Даҳсолаҳо лозим мешаванд, то захму ҷароҳатҳои он фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».
Сулҳу оромӣ пойдор гардид. Марҳилаи басо сангину душвор паси сар карда шуд.
Ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат дар марҳилаи нав дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 чунин муайян шуданд: «… мақсади асосии сиёсати иқтисоди миллии давлати Тоҷикистон ба роҳ мондани рушди устувори иқтисодӣ буда, ҳамаи нақшаҳои мо асосан дар доираи се ҳадафи стратегӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ тарҳрезӣ гардидаанд ва тадриҷан амалӣ карда мешаванд».
Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кор саноатикунонии босуръати кишвар соли 2018 ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шуд.
Ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ ҳадафҳои дигари кишвар ва давлати тоҷикон мебошанд.
Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон оғози амалҳо маҳсуб ёфта, пас аз барқарор гардидани сулҳу субот дар ҷумҳурӣ рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ таъмин шуда, дар мамлакат зиёда аз 1068 корхонаи муштарак бунёд ва ба фаъолият шурӯъ намуд.
Ваҳдати миллӣ ва фаъолияти қишрҳои ҷомеа ба он боис гардид, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ суръати миёнаи солонаи рушди босуботи иқтисодии кишвар ба 7,5 фоиз баробар шуда, даромади буҷети давлатӣ аз 252 млн. сомонӣ то 28 млрд. сомонӣ афзоиш ёфт. Ҳамчунин, даромади аҳолӣ 75 ва пасандозҳо беш аз 85 баробар зиёд гардиданд. Сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат қариб 3 баробар коҳиш ёфта, аз 83 фоизи соли 1999 то 26,1 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд. Дар ин давра аҳолии мамлакат аз 5,5 млн. то 10 млн. нафар, яъне 1,8 баробар афзоиш ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум куллан беҳтар гардид. Дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75,1 сол боло рафт. Беш аз 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар, 219 километр роҳи оҳан сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамчунин, 17 санади авф имзо гардида, барои бунёди манзили истиқоматӣ ба 1,4 млн. оила, яъне ба зиёда аз 7 млн. нафар шаҳрванд 129 ҳазор гектар замин ҷудо карда шуд. Теъдоди корхонаҳои саноатӣ ба 2360 адад расид. Қариб 192 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ташкил ёфт. То ҳол маош тақрибан 87 баробар, нафақа 80 баробар, даромади пулии аҳолӣ 75 баробар афзоиш ёфтааст.
Суръати рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон алҳол низ рӯ ба афзоиш аст. Дар назар аст, ки то соли 2030 бо истифода аз имконоту захираҳои мавҷуда маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ то се баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ беш аз ду баробар коҳиш дода шавад. Ҳиссаи аҳолии дорои даромади миёна бошад, аз 22 то 50 фоиз бояд зиёд гардад. Пешбинӣ мегардад, ки то соли 2030 фазои сармоягузории Тоҷикистон беҳтар шуда, ҳиссаи сармояи хусусӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 5 баробар меафзояд.
Тибқи «Барномаи рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ», ба инкишофи соҳаҳои пахтакорӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, боғдорию сабзавоткорӣ ва занбӯриасалпарварӣ бештар диққат дода шудааст. Зеро қисми бештари аҳолии ҷумҳурӣ (73 фоиз) дар деҳот зиндагӣ мекунанд.
Дар натиҷаи тадбирҳои ҷиҳати саноатикунонии босуръати кишвар андешидаи Ҳукумат ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ се баробар зиёд гардидааст ва таъмини инкишофи ҳаматарафаи соҳаи аграрӣ яке аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. То ҳол 190 ҳазор гектар заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ бароварда шуда, майдони заминҳои наздиҳавлигӣ 138 ҳазор гектар, аз ҷумла аз ҳисоби заминҳои обӣ 52 ҳазор гектар зиёд шуд.
Ин дастовардҳо танҳо ба шарофати барқарор гардидани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ муяссар гардидаанд. Аз ин рӯ, тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ҳар яки мо бояд як нуктаи бисёр муҳимро дар хотир дошта бошем, ки шарти муҳимтарини хушбахтии инсон – зиндагӣ дар Ватани орому осуда ва ободу зебо мебошад».
Алмосшо ШОЕВ,
ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии Кӯлоб (ДТМИК),
Ҳабибулло НОЗИМОВ,
устоди ДТМИК,
Сафар Эркаев,
дотсенти ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров