Ба шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ мо тавонистем ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи нав — таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ оғоз намоем.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсози мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки дар ҷумҳурӣ таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва таъмини ояндаи дурахшони давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад. Аз таърих медонем, ки дар марҳалаҳои гуногун, бинобар сабабҳои гуногун унсурҳои таъминкунандаи ваҳдат халалдор шуда, боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудшавии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо гардидаанд. Ба миллати тоҷик борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид карда, давлатҳои эҷодкардааш завол ёфтанд, вале тӯли беш аз ҳазор сол худро аз маҳвшавӣ наҷот дода, то ба истиқлолияти миллию давлатӣ расид.
Баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ин раванд хеле авҷ гирифт. Тавре ёд дорем, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани ҷумҳуриамон гурӯҳҳои алоҳида таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи неруҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ қарор гирифта, ҷумҳуриамонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан ба кашмакашиҳои мусаллаҳона кашиданд. Хушбахтона, табиати сулҳҷӯёнаи тоҷикон ин дафъа низ барои дарки манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат кард. Ҷанги шаҳрвандӣ ба хоҷагии халқ хисороти азим оварда, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор ҳамватанонамон гардид. Вобаста ба ин, дар яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид карда буданд: «Даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».
Дар рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба сифати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам». Гирди як миз овардани гурӯҳҳои ба ҳам мухолиф, муяссар шудан ба сулҳу субот ва ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ кори осон набуд. Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои аввалиндараҷаро муайян карда, барои ҳалли он кӯшиш ба харҷ дод. Сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, дубора эҳё намуд. Лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддасро ҳифз ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда низ ин гавҳари ноёбро пос доранд.
Абдуҷамил ВАЛИЕВ, сардори шуъбаи илмӣ — таҳқиқотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон