Зайниддин Муҳиддинов аз ҷумлаи рӯзноманигорони ҷасур буд, ки мавзуъҳои мубрами рӯзро бо услуби хос масъалагузорӣ мекард. Аслан, касби асосии шодравон омӯзгорӣ буд. Ҳамзамон, дар рӯзномаи «Ҳақиқат»- и ноҳияи Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) аз ҳаёти мардуми деҳот, таълиму тарбия, муносибати волидайн ба таълимгоҳ мақолаҳои таҳлилӣ менавишт.
Ӯ хуб медонист, ки омӯзгорӣ касби пуршараф аст, аммо дарк намуд, ки дардҳои ҷомеаро тавассути қалам иброз намудану роҳҳои ҳалли онҳоро нишон додан ба ҷомеа зарурати бештар дорад. Ниҳоят касбашро иваз карда, рӯзноманигор шуд. Чун чанд сол фаъолият намуд, қаламаш боз ҳам бурротар шуду суханаш ҷиддият пайдо кард. Ҷасорати ӯ дили ҳаннотону бадгӯён, лагандбардоронро ҳар замон меларзонд. Маҳз, ҳамин қавииродагии ӯ дар бисёр ташкилоту корхонаҳои ноҳия як навъ интизоми корро дигар кард. Порахӯриву қаллобӣ барин сифатҳои роҳбаронро бад медид. Аз ин рӯ, дар рӯзнома таъсис додани гӯшаи «Қапқон»-ро зарур шуморид. Ҳар моҳ як маротиба аз амалҳои ношоистаи ашхоси гуногун дар ҳаҷми як саҳифа мавод чоп мешуд. Табиист, ки чунин бархӯрд ба иддае писанд наомад ва ба қавле, сояи ӯро аз девор метарошиданд. Баъдтар, дар «Ҳақиқат» гӯшаҳои нав таъсис ёфтан гирифт. Ҷаҳду талоши Зайниддин Муҳиддинов аз назари роҳбарияти ноҳия пинҳон намонд. Аз ин сабаб, ӯро моҳи майи соли 1994 раиси колхози ба номи Сайфиддин Пӯлодови ноҳия таъйин намуданд.
-15-уми мартро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, чунки зодрӯзи устодам Зайниддин Муҳиддинов ҳаст. Ҳатман он рӯз ба дидорбинии фарзандону пайвандони устод мешитобам, то аз аҳволашон бохабар шавам. Ҳар гоҳ ки дар бораи ӯ андеша мекунам, симои нуронӣ, қомати баланд, салобати ба худ хос, ғаюрӣ ва дар сухани худ устувор будани шодравон Зайниддин Муҳиддинов пеши назар меояд. Он солҳо мактабхон будам. Аз навигариҳои мактабу маориф, ҷамоат, ноҳия хабару мақола менавиштам. Бо умеди он ки ҳар чӣ барвақттар навиштаҳо рӯйи чоп биёянд, ба идора мерафтам. Росташ, ин як баҳонае ҳам буд. Хоҳиши дидори Зайниддин Муҳиддинов, ки кордону дурандеш, хушмуомилаю таҷрибанок буданд, сабаб мегардид, — гуфт зимни суҳбат Ҳотами Ҳомид, рӯзноманигор ва шогирди шодравон.
Устод марди ҳақиқӣ буданд. Сурат ва сирати зебо, қалби пурмеҳри инсонӣ муоширати олӣ бо атрофиён, дониши баланди тахассусӣ дошт. Афсӯс, ки хеле барвақт аз миён рафт. 45 сол дошт, дар авҷи камолот буд. Корҳои зиёдеро ба анҷом расонд, ки шояд каси дигар дар 70-80 сол карда наметавонист.
Солҳои роҳбарии ӯ дар хоҷагӣ ба давраи ҷанги шаҳрвандӣ рост омад. Аз рӯзҳои аввали корияш ҳамеша баҳри ободии диёр талош мекард, то қадри имкон ба мардум кумак расонад. Аз ин рӯ, обрӯю эҳтиромаш дар байни мардум афзуд.
Дар маъракаи интихоби вакили халқ ба Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи интихоботии Гулистон, № 44 дар ноҳияи Ленин соли 1995 ӯ миёни чанд нафар ғолиб шуд. З. Муҳиддинов, ки ба ҳақиқат боварӣ дошт, ҳеҷ тасаввур карда наметавонист, ки рӯзе мерасаду аз дасти чанд нафар кӯрдилони бадтинати мухолиф риштаи ҳаёташ канда мешавад. Диле, ки пур аз меҳри ёру диёр, ободкорӣ, расидан ба ҳадафҳои миллӣ дошт, ба таври абадӣ аз тапидан боз монд.
Малоҳати Зайниддин нахустфарзанди шодравон З. Муҳиддинов ҳаст, ки тамоми хислатҳои неки падар дар он нуҳуфтааст. Баъди гузашти падар тарбияи шаш фарзанди падар ба зимааш шуд. То онҳо соҳибмаълумоту соҳибкасб шаванд, Малоҳат барои онҳо мисли падар заҳмат кашид ва аз ин ифтихор дорад, чун фарзандони падар ҳама дорои маълумоти олӣ дар соҳаҳои гуногуни Ватани азизамон кору фаъолият доранд. Айни ҳол Малоҳати Зайниддин мудири шуъбаи иттилоот ва табъу нашри КВД «Қонуният»- и Вазорати адлия аст.
- Бароям боиси ифтихор аст фарзанди чунин як шахсияте будам, ки барои халқу Ватан хизмат кардаю аз худ хотироти неке гузошт. Дар зиндагӣ кӯшиш дорам ба падарам монанд бошам, борҳо сӯхтаму сохтам, вале ақидаамро дигар накардаам, чун роҳи интихобкардаи падарам танҳо гуфтани сухани ҳақ буду содиқ будан дар роҳи интихобнамуда. Падарам гоҳ — гоҳе чунин мегуфтанд: «Инсон пас аз мустақил шуданаш бист соли аввал барои номаш бояд заҳмат бикашад, баъдан бист соли дигар ном ӯро нон медиҳад». Барои мо фарзандон дар рӯзҳои ҷашну зодрӯз китоб туҳфа мекарданд, ҳатман ба маҷаллаи «Чашма», «Машъал», «Пионери Тоҷикистон» ҳар сол обуна мекарданду дигар рӯзномаҳои давриро низ даста — даста барои хондан меоварданд.
- Варақгардон кардани саҳифаҳои рӯзномаи «Ҳақиқат» маро водор месозад шахсияти падарро бештар омӯзам. Чун номи рӯзнома ҳамеша ба касби худ содиқ буданду луқмаи ҳалол хӯрдаю фарзандонро бо нӯги қалам ба воя расонданӣ буданд. Ҳанӯз, соли 1984 ҳамчун рӯзноманигор ҷиҳати тадбирҳои пурзӯр намудани муборизаи зидди даромади муфт (коррупсия), барои сарфакорона гузарондани тӯйю маросим масъалагузорӣ карда, истифодаи машруботи спиртӣ дар байни ҷавононро маҳкум намуда, бо мақолаю мусоҳибаҳо роҳҳои ҳалли онро пешниҳод кардааст. Лаҳзае аз кору фаъолияти коргоҳи нашри рӯзномаҳо, ки аксаран сармуҳаррир то лаҳзаи охири чоп интизор мемонанд. Танҳо нафаре аз азоби кори рӯзномасозию дизайн ва ҷобаҷогузории матну расмҳо бохабар аст, ки худ дар ин соҳа кор карда бошад. Шабҳои бехобиҳои падар дар утоқи кориаш ва хаста баргаштанашро ба хона ёд меораму ба аҳли қалам аҳсан мегӯям, ки то ҳол аз паси ин кор бармеоянд,- гуфт Малоҳати Зайниддин.
Соли 2020 бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва идораи рӯзномаи «Насими айём» маҳфиле баргузор гардида буд, ки дар ҳузури намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муассисаю ташкилотҳои ноҳия, Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, дӯстону наздикони шодравон Зайниддин Муҳиддинов Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоев суханронӣ ва пешниҳод намуд, ки барои поси хотири Зайниддин Муҳиддинов ба номи ӯ гузоштани таълимгоҳе мантиқӣ ва бамаврид аст. Бовар дорем, ки пешниҳоди зикршуда аз ҷониби сохторҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Воқеан, касби рӯзноманигорӣ дар ҳар давру замон касби пуршарафе буду ҳаст. Аввалан, рӯзноманигор дарди миллатро эҳсос мекунаду бо диди тозаю талошҳояш мехоҳад баҳри рафъи ҳар мушкилот саҳми босазо дошта бошад ва ин заҳматҳо беҷавоб намемонанд. Хоса, таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии рӯзноманигорон ва муҳайё кардани имконияти хуби майдони озоди сухан, таъсиси шабакаҳои нави телевизионию радиоӣ, рӯзномаҳо, мусоидат ба воридоти технологияи ҳозиразамон падидаи неки солҳои истиқлолият ба шумор рафта, рӯзноманигорро вазифадор менамояд, то масъулиятшинос бошад. Таҷрибаи рӯзноманигорони фидоиро, ки барои халқу Ватани худ хизматҳои шоиста анҷом доданд, бояд истифода бурд. Таърих гувоҳ аст, ки ҳеҷ гоҳ амали ношоистае, ки мухолифи давлатдорӣ аст, беҷавоб нахоҳад монд, ҳатто як сатри навишта ҳам метавонад барои ободии кишвар нақш дошта бошад.
Аз он рӯзҳои наҳс 29 сол сипарӣ гашта бошад ҳам, симои марди бузург, омӯзгори асил, рӯзноманигори шинохта ва вакили мардумӣ Зайниддин Муҳиддинов пеши назари пайвандон, шиносу шогирдонаш ҷилвагар мешавад. Воқеан, хизмати чунин мардони воқеии рӯзгор фаромӯшнашаванда аст. Месазад, ки ҳамеша ному пайкори чунин шахсиятҳоро гиромӣ дорем.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»