Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазифаҳои мушаххас барои ояндаи кишвар

№7 (4427) 06.01.2022

21 декабри соли 2021 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Роҷеъ ба нуктаҳои он ҳамсуҳбатони мо чунин фикру мулоҳиза баён карданд:

Фирӯз Абдураззоқов, муовини сардори Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ оид ба корҳои сиёсӣ, тарбиявӣ, полковник:

- Пешвои миллат дар Паём аз соли таърихии 2021 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ёдовар шуданд. Яъне, аз тантанаҳо ва созандагиҳо ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ. Зимни таҳлили раванди ташаккули ҷомеа тайи сӣ соли соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат иброз намуданд: «…Рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд. Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд.» Дар ин раванд хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти дохилӣ ва ҳифзи ҳуқуқ низ саҳми шоиста гузоштанд.

Ҳоло шоҳидем, ки вазъи ҷаҳон мураккабу печида ва таҳдиду хатарҳои муосир боз ҳам ошкору шадид гардида истодаанд. Аз ин хотир, Сарвари давлат таъкид карданд, ки бояд аз соҳибдавлату соҳибватан будан доим шукрона кунем, ҳамеша ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошем. Айни ҳол вазъияти ҳамсоякишвари мо – Афғонистон боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст ва табиист, ки он ба амният ва суботу оромии минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон таъсири бевосита дорад. Зеро, тавре дар Паём таъкид гардид, Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр хатти сарҳад дорад, ки 60 фоизи сарҳади умумии минтақаи Осиёи Марказиро бо ин кишвар ташкил медиҳад. Яъне, мушкилоте, ки дар минтақаи зикр­шудаи марзӣ ба вуҷуд меояд, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир мустақиман ва қабл аз ҳама, ба дӯши Тоҷикистон қарор мегирад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон зимни ироаи Паём бори дигар мавқеи мамлакатро баён карда гуфтанд: «Мо ҳамеша ҷонибдори ҳар чӣ зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар қаламрави ин кишвари ҳамсоя мебошем.».

Дар чунин вазъият аз мо – хизматчиёни ҳарбӣ тақозо мешавад, ки баҳри ҳифзи марзу буми кишвар чун ҳарвақта омода бошем ва оромию осудагии доимии Ватанро таъмин намоем. Роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба мо – сарбозони Ватан ғамхориҳои доимӣ зоҳир мекунанд ва тамоми шароитро фароҳам овардаанд. Зимнан, Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки бо дарназардошти торафт мураккаб гардидани вазъияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин, бо мақсади ба таври боэътимод таъмин кардани амнияти давлат ва ҷомеа ба ­масъалаҳои мунтазам беҳтар кардани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон, аз лиҳози техникиву таҷҳизот навсозӣ кардани Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан, Қӯшунҳои сарҳадӣ, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, бо лавозимоту таҷҳизот таъмин кардан, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Дар навбати худ Сарвари давлат пешниҳод карданд, ки аз 1-уми январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад. Ин иқдом ба рӯҳбаландии мо боис гашта, дар оянда низ ба Ватани азиз ва мардуми кишвар содиқона хизмат мекунем.

Ҳикматулло Назиров, доктори илмҳои кишоварзӣ:

- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ, дар баробари таҳлили пурраи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, ҳамчунин, вазифаҳои мушаххаси аҳли ҷомеаро барои рушди минбаъдаи кишвар муайян карданд. Зимни таҳлилу натиҷагирӣ аз фаъолияти пурмаҳсул дар солҳои соҳибистиқлолӣ Сарвари давлат қайд карданд, ки барои расидан ба ҳадафи олӣ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ корҳои зиёд ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла: «Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.»

Дар ин бобат саҳми кормандони соҳаи кишоварзӣ низ калон аст. Барои фаъолияти пурмаҳсули онҳо дар бахши аграрӣ ва рушди соҳаи муҳими хоҷагии халқи мамлакат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ тадбирҳои саривақтӣ ва самарабахш андешида шуд. Чунончӣ, дар Паём таъкид гардид: «… дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он – деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз дар солҳои оғози истиқлолият, яъне дар солҳои бисёр вазнини 1992–1998 Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ кардани гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим намуд.»

Дар натиҷаи таваҷҷуҳи ҳамаҷониба ба соҳа афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, аз 11 миллиарди соли 1992 ба 40 миллиард сомонӣ дар соли 2021 расонида шуд, яъне қариб 4 баробар афзоиш ёфт.

Боғу токпарварӣ аз ҷумлаи бахшҳои муҳиму даромадноки соҳаи кишоварзӣ мебошад. Тавре маълум аст, дастгириҳои давлатӣ ва имтиёзҳои пешниҳодшуда ба рушди соҳаҳои боғу токпарварӣ низ боис гардида, дар замони истиқлолият майдони боғу токзор дар мамлакат 3,6 баробар ва истеҳсоли меваю ангур 4,3 баробар афзоиш ёфт. Агар майдони умумии боғу токзорҳо соли 1991-ум 56 ҳазор гектарро ташкил дода бошад, пас соли 2021 ин нишондиҳанда ба 202 ҳазор гектар расонида шуд, ки ба ҳар чӣ бештар ҷалб кардани мардум ба шуғли доимӣ боис гардид.

Бӯстон Умарзода, нотариуси давлатии Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, подполковники адлия, мушовири адлия, дараҷаи 2:

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, сохти ояндаи давлатдории тоҷикон, яъне давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян гардид. Баъдан, бо тадриҷ ҷиҳати тақвияти давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот, оромии ҷомеа ва сафарбар намудани мардум ба корҳои созандагию ободонӣ чорабиниҳо амалӣ гардиданд. Бо барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ зарурати қабули Конститутсияи нав ба миён омад, то ки асосҳои бунёдии ҷомеа, шакли идораи давлат ва дигар арзишҳои давлатдорӣ муайян карда шаванд.

Ҳуҷҷати номбурда муҳайё гардидани заминаҳои ҳуқуқӣ, пешрафту тараққиётро дар ҳама соҳаи хоҷагии халқи мамлакат таъмин намуд. Татбиқи амалии қонуну дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, иҷрои қатъии онҳо аз ҳар узви ҷомеа масъулиятшиносиву дарки ватандориро тақозо менамояд. Дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат Пешвои миллат Прокуратураи генералиро вазифадор намуданд, ки назорати риоя ва иҷро гардидани қонунҳоро аз ҷониби вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз мансубият ва шакли моликият, инчунин, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро пурзӯр намояд. Ин дастуру супоришҳо кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартиботро вазифадор месозад, ки бо анҷоми масъулияти баланд ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро таъмин созанд.

Абдураҳмон Аҳмадов, меъмор:

- Зимни пешниҳоди Паёми имсола Сарвари давлат, аз ҷумла сохтмонро яке аз соҳаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум арзёбӣ карданд. Қайд гардид, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоии аҳолии кишвар танҳо дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ се соли охир зиёда аз 25 ҳазор иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Барои чунин бунёдкорию созандагиҳо Сарвари давлат ба мардуми шарафманди кишвар, аз ҷумла ба соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша, сипосу миннатдорӣ баён карданд. Барои ман низ, ки беш аз чил сол дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ кор карда, дар бунёди иншооти таъиноти гуногуни Тоҷикис­тон иштирок намудам ва муаллифи чанд лоиҳаи меъморӣ ҳастам, ин суханон рӯҳбаландкунанда буд.

Дар Паём қайд шуд, ки танҳо соли 2021 дар кишвар дар ҳаҷми 12,2 миллиард сомонӣ корҳои сохтмону васлгарӣ иҷро гардидааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 20 фоиз зиёд мебошад. Дар ин муддат ба маблағи беш аз 3,5 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта, 1,2 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар ба истифода дода шудаанд. Махсусан, пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бо қомат афрохтани биноҳои замонавию баландошёнаи маъмурию иҷтимоӣ, қасру боғҳои фароғату истироҳат зебою гуворотар шудааст. Ҳамчунин, Президенти мамлакат дастур доданд, ки «Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти марбута ҳангоми таҳия ва татбиқи нақшаҳои генералии шаҳрҳо ва шаҳраку деҳоти мамлакат банақшагириву бунёди иншооти иҷтимоиву сайёҳиро бо риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, санъати баланди меъморӣ, истифодаи васеи унсурҳои меъмории милливу замонавӣ, технологияҳои муосир ва масолеҳи сифатноки сохтмон таъмин намоянд». Президенти мамлакат мақомоти соҳаи сохтмон ва меъмориро вазифадор карданд, ки бунёди биноҳои баландошёнаро дар шаҳру навоҳии кишвар ба роҳ монанд.

Одинамоҳ Нурова, омӯзгори фанни забон ва адабиёти МТМУ №36, ноҳияи Рӯдакӣ:

- Дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд: «Мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.» Воқеан, Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди соҳаи маориф аҳамияти аввалиндараҷа дода, дар ин замина барои таълиму тарбияи босифат тамоми шароитро муҳайё месозад. «Дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст. Дар замони соҳиб­истиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд». Ин ва дигар далелу арқом, ки дар Паём ҷой доштанд, мисоли равшани гуфтаҳои болост.

Президенти мамлакат зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ дастур доданд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ихтисосу ҳунарҳое, ки барои бозори меҳнат заруранд, таъсис дода, ҷиҳати бо шуғл таъмин намудани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва занону бонувон тадбирҳои қатъӣ андешида шаванд.

Зимни баррасии мавзӯи саҳми бонувону занон дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ таъкид гардид, ки дар соҳаи маориф беш аз 73 фоизи кормандони соҳаро занону бонувон ташкил мекунанд. Дар ин бобат мо, омӯзгорон бояд вазифаи пурмасъулияти хешро назди ҷомеа хуб дарк карда, баҳри иҷрои вазифаи пурифтихор ва дас­туру супоришҳои Пешвои миллат ҷидду ҷаҳд намоем.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»