Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазифагузорӣ барои ҳалли мушкилот

№92 (4675) 14.07.2023

Коллаж — копияДар ҷаҳони муосир, вобаста ба зиддиятҳои байни кишварҳои олам, низоми муносибату алоқаҳои ҷамъиятӣ вайрон шуда, дар умум равандизиндагӣ пур аз мушкилоти гуногун гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин низоми муносибату алоқаҳои байналмилалӣ вобастагӣ дошта, аз таъсири манфии он берун буда наметавонад.Ин як монеаи ҷиддӣ аст, ки боиси на ҳама вақт ҳадафмандона ва пурра ба анҷом расонидани нақшаю барномаҳои пешбининамуда мегардад.

Бояд донист, ки бе муайян кардани навъи мушкилиҳо, дарк ва таҳлили ҳаматарафаи онҳо, бе ба нақша гирифтани чорабиниҳо ва амал намудан барои ҳалли онҳо ба натиҷаҳои судбахш расидан номумкин аст. Агар нақшабандӣ дар ин самт дуруст ва бо пайдарҳамии мантиқ­ӣ бошад, ҳалли мушкилот ва ислоҳи камбудиҳо осон даст медиҳад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ҳидоят намудан аз ҳар як сохтори давлатӣ ва нафари масъул ҳалли мушкилот ва ислоҳи камбудиҳо талаб карда мешавад. Дар робита бо ин, иҷрои принсипҳои вазифавӣ ва касбии масъулини ҷомеаи ҳуқуқбунёд, ба мисли «риояи интизоми молиявӣ, шаффофияту тобеият ва иҷрои босифати вазифаҳо, истифодабарӣ ва тақсими самараноки захираҳо, беҳтаргардонии мазмуни хизматрасонӣ, дар самтҳои аввалияи ҳаёт ҷорӣ намудани имтиёзҳо, додани кафолату сабукиҳо ба мардум, имкони гирифтани қарзҳои дастрас, дар раванди истифодаи технологияи муосир кам кардани дахолати омили инсонӣ, ҷорӣ намудани технологияи инноватсионӣ дар коргоҳҳо, дастгирии давлатии ташаббусҳои созандаи ҳар як шаҳрванд ва ғайра», ки моҳия­тан ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро ифода мекунанд, дар раванди фаъолияташон талаб карда мешавад.

Вобаста ба риояи ин принсипҳо, дар ­Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­«фаъо­л­гардонии иқтисодии аҳолӣ, афзун намудани пасандози моддиву маблағӣ ва ҳавасмандгардонии шаҳрвандон, мазмунан тағйир додани мазмуни кори иқтисоду молияи ватанӣ, дар заминаи истифода аз захираҳои мавҷудбуда вусъат додани раванди ташкили корхонаҳои саноатии муҷаҳҳаз бо технологияи муосир», вазифагузорӣ шудааст. Ҳамзамон, дар самти рушд додани бахши хусусӣ ва дастгирии соҳибкорон, бо пешниҳоди имтиёзҳои ҳавасмандгардонӣ ва додани сабукиҳо дар сода гардонидани расмиёти иҷозатномадиҳӣ ва қарзгирии маблағ аз бонкҳо, ба вуҷуд овардани фазои сармоягузории мустақим дастур дода шудааст.

Дар сархати сиёсати давлатӣ мунтазам аз ҳадафи олии давлат- таъмин намудани зиндагии арзанда барои ҳар як шаҳрванд сухан меравад. Ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ рушди устувор ва сифатноки ҷомеаро таъмин намуда, имкон медиҳад, ки сатҳу сифати зиндагӣ, даромади пулии аҳолӣ, музди меҳнат, бақияи пасандозҳо, ҳифзи саломатӣ, дарозумрӣ ва коҳиши фавти шаҳрвандон беҳтар гардида, барои «баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ», аз ҳисоби захираҳои дохилӣ корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд шаванд, ки ин боиси пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли навъҳои маҳсулоти дохилӣ мегардад.

Яке аз ҳадафи стратегии давлатамон саноатикунонии босуръат аст, ки он на фақат ба устувории иқтисодиёти миллӣ, балки дар асоси ба роҳ мондани коркарди ашёи хоми ватанӣ, ба ташкили ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани иқтидори содиротӣ замина гузошта, сатҳи камбизоатӣ ва бекориро поин мебарад.

Дар шароити фарқкунандаи ВМКБ, дар ҳолати оғози бештари корҳо дар самти саноатикунонӣ, бо назардошти захираҳо ва имконоти мавҷудбуда, раванди воқеии пешрафти ин минтақаро таъмин намудан воқеӣ мегардад. Аз нигоҳи мо, дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят масъалаҳои ҳаётан муҳимро бо иҷрои корҳои зерин ба анҷом расонидан мумкин аст:

1. Бунёди корхонаҳои хурду миёна барои «истихроҷу коркарди сангҳои бинокорӣ, ороишӣ» ва навъҳои дигари ашёи хом, ки захираашон зиёд аст. Захираҳои кифояи табиии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ҳалли «масъалаи истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва истеҳсоли маҳсулоти дохилии мамлакат»-ро воқеӣ мегардонад.

2. Сохтани корхонаи универсалӣ (бисёрсамта)-и коркарди маҳсулоти боғдорӣ, кишоварзӣ ва растанипарварӣ, ки захираашон дар вилоят кам нест. Иҷрои ин кор минбаъд ба инкишоф ва афзун гардонидани масоҳату маҳсулоти ин соҳаҳо мусоидат мекунад. Дар ин замина, «рушди саноати дорусозӣ» имконпазир гашта, ба маҳсулоти истеҳсолшавандаи ин соҳаҳо дар дохил ва хориҷи кишвар талабот мавҷуд аст. Ҳамзамон, бо иҷрои ин вазифаҳо, маданияти истифодаи самарабахши замину об ва ҳифзи захираҳои об чун сарчашмаи асосии тавлиди «энергияи сабз» ва «омили рушди иқтисоди сабз» ба тарафи мусбат боло меравад.

3. Бо таҳияи барномаи махсуси давлатӣ ташкил ва зиёдтар фаъол гардонидани кор дар самти рушди моҳипарварӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарвар­­ӣ ва дар вилоят ба роҳ мондани коркарди истеҳсоли маҳсулоти ин соҳаҳо.

4. Ташкили кор бо ҷалби воридсозии сармояи хориҷию дохилӣ бо мақсади коркарди обҳои минералии ҳудуди вилоят ва ба роҳ мондани содироти ин намуди маҳсулот.

5. Дар назди чашмаҳои зиёди шифобахш таъсис додани шифохонаҳо, марказҳои табобатӣ ва истироҳатӣ бо анвои муосири хизматрасонӣ.

6. Ҷалби сармояи хориҷӣ барои истихроҷи конҳои маъдан ва дигар канданиҳои фоидаовар.

 7. Бунёди манзилҳои истиқоматӣ барои аҳолӣ, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин масъала таъкид шудааст. Ҳалли ин мушкилот дар шаҳри Хоруғ ва маркази ноҳияҳо, ба ташкили оилаҳои нав, афзоиши аҳолии ин вилоят, ки рӯй ба камшавӣ дорад ва паст намудани шиддати муҳоҷирати зиёд мусоидат намуда, барои рушди устувор замина гузошта мешавад.

8. Вобаста ба талаботи раванди саноатикунонӣ, «рушди сайёҳии табобатӣ, куҳнавардӣ, экологӣ» ва «таълими калонсолон», тайёр намудани мутахассисони ибтидоии касбӣ ва касбии миёна, таъсис додани «Коллеҷи технологии касбу ҳунар»­ дар шаҳри Хоруғ бояд муҳим ва саривақтӣ бошад.

Маълум аст, ки барои саноатикунонии босуръат пешрафти соҳаи энергетика омили калидӣ аст ва рушди ин соҳа дар ВМКБ, имкони амалӣ намудани вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон додашударо зудтар воқеӣ мегардонад. Маориф ва илм дар низоми бузурги ҷамъиятӣ бо тартибу махсусиятҳо, душворию монеаҳои миқёсан васеаш фарқ намуда, таваҷҷуҳ ва дастгирии бештар ва бардавомро металабад. Ҳоло гарчанде ин соҳаи калидии таъминкунандаи пешрафти ҷомеа, дар самти маблағгузорӣ, таҳкими заминаи моддӣ-техникӣ пешрафт дошта бошад ҳам, тибқи таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «корҳои дар ин самт амалигардида ҳоло ҳам басанда нестанд.

Афзоиши аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ зарурати бунёди муассисоти таълимӣ­-тарбиявӣ, бахусус сохти муосир ва мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳониро металабад. Агар соли гузашта «475 ҳазор шаҳрванди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон ва аз оилаҳои камбизоат», аз дастгирии молиявии давлатӣ бархӯрдор шуда бошанд, мантиқан, ин табақаи ниёзманд минбаъд низ дар фарогирӣ ба таҳсили дилхоҳ бояд мушкилот надошта бошанд.

Дастур ва вазифагузориҳо аз Паём моҳияти стратегӣ доранд ва ба андешаи мо, иҷрои корҳо дар ин самт на фақат ба зиммаи омӯзгору мактаб, балки аҳли ҷомеа вогузор шудааст. Вобаста ба ин, ба ҳамаи мо дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин мазмун вазифагузорӣ шудааст:

- «дар шароити нав эҳтиром ба мактабу муаллим бояд боло равад», чунки бе онҳо «шахс, мардум, миллат дар маърифати паст» қарор мегиранд ва «нодонӣ ва ҷаҳолат» заминаи «нооромӣ ва мавҷуд будани хатарҳо» мегардад;

- «сулҳу ваҳдат низ бо ҳидояти омӯзгор « ба даст омада, ба хотири «рушди неруи инсонӣ» ва «боло бурдани саводу маърифати аҳолӣ», соҳаи илму маориф бояд «сармоягузорӣ шавад ва ба омӯзгору хонанда шароити бештару беҳтар фароҳам гардад»;

- «таълимро ба талаботи замон ҷавобгӯ бояд намуд», то ки натиҷааш бо «кашфиёту ихтироот» анҷом ёбад;

- «усулҳои инноватсионии раванди таълим бо истифодаи технологияи муосир» барои «пайванд додани илм бо истеҳсолот» амалӣ карда шавад;

- ба «рушд бахшидани илмҳои муҳандисӣ ва технологӣ» диққати хоса равона карда шавад.

Ҳамин тариқ, ҳар як шаҳрванди кишвар вобаста ба шуғл, касбу кор ва дигар ҳадафҳои баҳрабардорӣ аз зиндагӣ, метавонад нақшаи фаъолияташро ба таври фардӣ, ё гурӯҳӣ, бо тими муассисаву идора ё дар доираи низоми соҳавиаш таҳия намуда, онро ҳамчун иқдомоти созанда амалӣ намояд.

Ғ. Қ. ҒАРИБШОЕВ,

номзади илмҳои фалсафа, дотсент