Бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарои экстремистию террористӣ ва ҷинояткорӣ бо ташаббуси шуъбаи тарбияи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрии устодону донишҷӯён бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир гардид. Дар ин вохӯрӣ сардори ШВКД-1-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, полковники милитсия Нуъмонзода Раҳматулло Ислом ва сардори ШШМ ШВКД-1, подполковники милитсия Абдуллозода Асомуддин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷамъомадро ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид кушода, баргузории ин қабил вохӯриҳоро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ кард. Мавсуф, аз ҷумла зикр намуд, ки раёсати донишкада барои барқарор намудани робитаи доимӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати зеҳниву маънавии наврасону ҷавонон, пешгирӣ намудани сатҳи ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад. Нуъмонзода Раҳматулло Ислом зимни суханронии хеш изҳор дошт, ки ҷавонон, бахусус донишҷӯён, имрӯзҳо аз даврони истиқлолият ва неъматҳои фаровони сулҳу ваҳдат бояд шукргузорӣ намуда, барои таҳсили хуб ва дар оянда мутахассиси варзида гардидан талош варзанд. Инчунин зикр намуд, ки вазъи ҷаҳони имрӯза аз ҳар кадоми мо зиракии сиёсӣ ва идроки баланди масъулиятро талаб менамояд. Ҳар кадоми мо бояд истиқлолияти кишварамонро, агар зарур бошад, бо баҳои ҷон ҳимоя намоем, зеро бо шарофати Истиқлолияти давлатии кишвар ва тинҷию оромӣ аст, ки аз тарафи Ҳукумати мамлакат ба ҷавонон имтиёзҳои зиёд муайян гардидаанд. Ҳамасола тибқи квотаи президентӣ дохил шудани даҳҳо нафар ба муассисаҳои таълимии олӣ ва ба таври ройгон бо таҳсил ва ҷойи зист фаро гирифтани донишҷӯёни ятим ва аз оилаҳои ниёзманд аз ҷумлаи ғамхориҳои Давлату Ҳукумат мебошанд.
- Ин ҳамаро қадр бояд кард ва низ дониста бошед, ки масъулияти ояндаи миллату Давлат ба зиммаи шумо хоҳад буд, — гуфт Р. Нуъмонзода. Дар фарҷом байни ҳозирин ва меҳмонон суолу ҷавоб сурат гирифт.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»