Дар ҳама давру замон дониш андӯхтан қуллаи орзуву муроди инсон маҳсуб меёбад, вале, роҳи расидан ба он пурпечутоб ва душворгузар аст. Қуллаи донишро он ҷавононе пурра фатҳ мекунанд, ки ҳамеша аз дастгирии волидайн бархурдор ҳастанд. Танҳо ҷомеае ба пешрафти илму техника ва рушди иқтисодиёт ноил мегардад, ки насли наврасаш рӯ ба илму маърифат оварад.
Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ ба ин хотир буд.
Қабули қонуни номбурда ҷиҳати соҳибмаърифат гардидани насли наврас таконе ҷиддӣ гардид, вале таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки дар ин роҳ ҳоло мушкилоти зиёд мавҷуд аст.
Тавре маълум аст, вазифаи падару модар танҳо ба дунё овардани фарзанд нест, балки тарбияи дурусти фарзанд ва инсони бомаърифат, хушодобу созандаро ба воя расонидан низ мебошад, зеро волидайн барои камолёбии фарзанд на фақат вазифадору масъул, балки ҷавобгаранд.
Бад аст, агар кас тақдири ояндаи фарзанди худро фақат бар дӯши муаллим ё каси дигар ва давлат ҳавола кунад. Хона, кӯча, мактаб ва ҷомеа пояҳои тарбия мебошанд, вале муҳити оила таъсиргузори аввал ва падару модар тавонотарини ин пояҳоянд. Агар падару модар ва шахсони калонсоли оила барои фарзандон намунаи ибрат бошанд, рафтори самимонаю ғамхорона ва ҳамдигарфаҳмӣ дошта бошанд, фарзандон чунин хоҳанд шуд. Бинобар ин, яке аз вазифаҳои муқаддаси волидайн баҳраманд гардонидани фарзанд аз илму дониш ва ахлоқи ҳамида мебошад.
Мутаассифона, дар ҷомеа баъзан вомехӯранд волидайне, ки тарбияи фарзандонро фаромӯш карда, талаботи қонунро ба инобат намегиранд. Кирдорҳои онҳо мо — кормандони судро низ дар ҳайрат мегузорад. Риоя накардани талаботи қонуни мавриди назар боис гардид, ки Суди шаҳри Ваҳдат дар соли 2016 шаш падару модар, аз он ҷумла чор зан ва ду мардро мутобиқи моддаи 164-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нуҳсола) ба ҷазои ҷиноятӣ ва 67 нафарро, ки 33 нафараш зан ва 34 нафараш мард мебошанд, аз рӯи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ сазовор донист.
Чунончӣ, Париноз Исмоилова – сокини шаҳри Ваҳдат, кӯчаи О.Сангмамедов, хонаи 18 аз 13 сентябри соли 2015 то 31 январи соли 2016 ба таълими духтараш Шукрона Икромова, ки бояд дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Ваҳдат мехонд, монеъ шуд ва тибқи қонун ҷазои сазовор гирифт.
Худшиносию худогоҳӣ, ҷаҳонбинии фарзанд дар муҳити оила дар канори падару модар ташаккул меёбад. Саидҷаъфар Неъматов — хонандаи курси 1-уми Литсейи касбии техникии шаҳри Ваҳдат чунин хислатҳои неки инсониро бояд аз падараш Неъматов Абдуғанӣ – сокини деҳаи Қалъачаи деҳоти «Симиганҷ» меомӯхт, вале аз сабаби он ки падар нисбат ба тарбияи фарзанд хунукназарона муносибат мекард, Саидҷаъфар ҳангоми машғулият аз телефони мобилӣ истифода бурда, ба ҷараёни таълим халал ворид менамуд. Ин амал боис гардид, ки падараш А. Неъматов бо қарори суд барои чунин ҳуқуқвайронкунӣ ҷарима пардозад.
Ҳар фарди солимақл ва ватандӯсту ватанпарвар бояд аз Истиқлолияти давлатӣ шукргузорӣ намуда, бо иқдому ташаббусҳои созандаву бунёдкорона дар беҳтар гардонидани сифати таълиму тарбия саҳмгузор бошад, зеро, ба таъкиди Пешвои миллат: «Ояндаи мамлакат аз ҷавонони соҳибмаълумот вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин вориси арзандаи худро пайдо намояд».
Сайфиддин Камолзода, раиси Суди шаҳри Ваҳдат