Ягона рӯзи тағйирнопазир

№35-36 (4455-4456) 19.03.2022

Маълумоти пураҳамиятро роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ҷашни Наврӯз дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абӯрайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард. 

Ҳаким Умари Хайём дар «Наврӯзнома» роҷеъ ба бунёд гузоштани ҷашни Наврӯз чунин навиштааст: «Сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бадин дақиқа натавонад омадан.Чӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, «Наврӯз» ном ниҳод ва ҷашн оин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд» ва қисаи он чунон аст, ки чун Каюмарс аввал аз мулки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост ки айёми солу моҳро ном ниҳад ва таърих созад, то мардумон онро бидонанд».

Абӯрайҳони Берунӣ дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё, минҷумла, қайд кардааст, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст» ва дар китобаш «Ал — тафҳим» менигорад ки «нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст».

Дар дарбори подшоҳони сосонӣ Наврӯз хеле бошукӯҳ таҷлил мегашт. Намояндагони 23 кишвар (кишварҳое, ки бо Эрон робита доштанд) ба ҳузури шоҳ мерасиданд ва аз тарафи кишвари худ ҳадяҳо тақдим мекарданд. Аз ин туҳфаҳо бахши бузург ба хазинаи кишвар ворид мешуд.

Марселиюс — бозаргони румӣ, ки дар даврони Сосониён ба Эрон сафар карда, шоҳиди таҷлили Нав­рӯз шудааст, дар сафарномаи худ чунин нигоштааст: «Дар аввалин рӯзи ҷашни Наврӯз духтарону занони пойтахт бо либосҳои абрешими обию сабз ва мардон бо ҷомаҳои навдӯхта дар саҳни кох ҷамъ шуда, ба рақс мепардохтанд».

Таҷлили ҷашни Наврӯз дар даврони ҳукуматдории Сомониён бо шукӯҳи хоса идома ёфтааст, ки дар ин бора донишмандон дар сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ ёдовар шудаанд. Шоирони забардасте чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва Дақиқӣ оид ба ҷашни Наврӯз сухан гуфтаанд.

Дар замони шоҳаншоҳии Сосониён 25 рӯз пеш аз ҷашни Наврӯз аз хишт 12 сутун сохта, даруни онҳоро ба хок пур мекарданд, ки рамзи 12 моҳи сол ҳисоб мешуд. Дар дохили сутунҳо гандум, ҷав, нахӯд навъҳои ғалладонаро кошта, аз рӯйи равиши сабзидани онҳо оғози корҳои деҳқонӣ, муваффақиятҳои кишоварзии соли ояндаро пешгӯӣ мекарданд.

Оини дигаре, ки аз қадим омадааст, оштидиҳии қаҳриҳо мебошад. Маъмулан одамони кӯҳансол ташаббус карда, шахсони ба ҳам қаҳриро оштӣ медоданд.

Заррина Қурбонова,

устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ