Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши зан-модар гуфтаанд: «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад». Ин ҳақиқатро мо ҳар рӯз дар симои модарон мушоҳида мекунем. Вақте модар мегӯем, руҳамонро эҳсоси хубе фаро мегирад. Чунки азизу муқаддастар аз ӯ касе нест. Қиматтарин неъмати дунёст, ҳимматбаланд ва бахшояндатарин мавҷуд аст. Мисли замин танҳо ва яктост. Навозиши дастонаш бахшандаи тафреҳу давост.
Зиндагӣ моҳиятан шеър аст, ки бо аллаи модар оғоз мешавад ва бо он хотима меёбад. Дуои модар фарзандро хушбахту шуҳратёр мегардонад.
Агар ободию суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, ободии ҳар хонадон аз маърифат ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Нақши модар дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.
Ривоятест, ки рӯзе як нафар пеши пайғамбар меояд ва мепурсад:
- Эй расули Худо, ба кӣ хушрафторӣ кунам, киро хуб нигоҳ кунаму эҳтиром бинамоям?
Пайғамбар мегӯяд:
- Ба модарат.
Боз мепурсад:
- Баъд ба кӣ?
Пайғамбар боз мегӯянд, ки «ба модарат». Он шахс дафъаи сеюм мепурсад. Пайғамбар «боз ба модарат» мегӯяд.
Вақте дафъаи чорум мепурсад, пайғамбари гиромӣ «ба падарат» мегӯяд.
Бузургии модар боз дар он зоҳир мегардад, ки бузургтарин неъмати дунё — фарзандро ба дунё меорад. Шабу рӯз дар фикри он аст, ки фарзанд бузург, донишманд, ҳунарманд шавад, дар ҷомеа инсони саҳмгузор гардад.
Модари ман омӯзгори фанни химия буданд. Солам ба ҷое расида бошад ҳам, вақте дохили хона мешудам, пеш аз ҳама, модарамро мепурсидам. Гарчанде худ модар, тарбиятгар бошам ҳам, вале ба маслиҳати модарам ниёз доштам. Дар рӯзҳои ид ҳамроҳи модарам ба пухтани озуқ машғул мешудем. Мегуфтам, очаҷон чӣ хел хамири озуқро шӯрам, зеро агар ман онро шӯрам, бемаза ва агар ба гуфтаи шумо тайёр кунам, хеле бомаза мешавад. Модарам маслиҳат медоданду ман хамирро мешӯридам. Вақте додарам Фаридун аз кор меомад, мепурсидам, ки хӯрок мехӯрӣ. Мегуфт:
- Хӯрокро кӣ тайёр кардааст? Агар мегуфтам, ки ман, ҷавоб медод, ки «не, ман бо ҷӯраҳоям хӯрок хӯрдам». Агар мегуфтам, ки «модарам хӯрок пухтааст», ҳатман тановул мекард.
Аз модарам дӯхтани шероз, бофтани тӯр, ҷӯроб, омода кардани ғизою меҳмондориро омӯхтаам. Маҳз бо дуои модар ва дастгириаш ба ин мартаба расидам. Дарси фазилати инсонӣ ва хоксориро аз модарам таълим гирифтам.
Барои ҳар шахс аз даст додани модар фоҷиаи гарон аст. Модарҷон, куҷоӣ, ки сар ба китфат гузораму бо навозиши дастонат хастагиам рафъ шавад ва нерую тавон бигирам. Бо дидани симои нуронию зебоят зиндагӣ бароям рангинтар шавад, бо шунидани ҳарфҳоят ба оламу одам дилгарм гардам…
Ҳар субҳу шом пеши назарам меоӣ, модарҷон. Аммо боре ҳам дар хобам намедароӣ. Шояд аз ман хафа шуда бошӣ. Ғамзада аз хона берун мераваму бо фикри ту ба кор ва аз кор бегоҳӣ ба хона бармегардам, вале дарро ба рӯям намекушоӣ. Намепурсӣ, ки духтарҷон, чаро дер кардӣ, корҳоят хубанд, гушна мондӣ, хӯрок мехӯрӣ? Дигар касе мисли ту меҳрубониям намекунад, аҳволамро намепурсад. Чӣ илоҷ, бояд сабр кунам, сабре, ки аз ту омӯхтаам.
Хонаи охиратат пурнур, ҷоят ҷаннат, руҳат шод, манзили охиратат обод бод, модарҷон!
Нигина САФДАРОВА,
«Садои мардум»