Ёди неки инсони бузург

№ 22.10.2021

Бисту якуми октябри соли равон дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) бахшида ба 80-солагии профессор Абдусаттор Нуралиев дар мавзӯи «Масъалаҳои илм ва таҳсилоти журналистӣ дар шароити ташаккули рӯзноманигории чандрасонаӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони раёсати ДМТ, факултет ва шуъбаҳои журналистикаи донишгоҳҳои кишвар, воситаҳои ахбори омма ва Ҷамъияти дӯстии халқҳои Тоҷикистону Қазоқистон иштирок доштанд.

Декани факултети журналистикаи ДМТ Абдулмуъмин Қутбиддинов аз фаъолияти зиёда аз 50-солаи пурбори устоди шодравон профессор Абдусаттор Нуралиев ёдовар шуда, рафтор, гуфтор ва кирдори ӯро намунаи олии одамгарӣ арзёбӣ кард.

Профессори кафедраи матбуоти факултети журналистикаи ДМТ Мурод Муродӣ дар мавзӯи «Соҳибэҳтиромӣ аз соҳибкасбӣ дарёфта» баромад намуда, гуфт, ки Абдусаттор Нуралиев яке аз устодони соҳибэҳтиром ва соҳибмактаби журналистика буд. Марҳум Абдусаттор Нуралиев умри пурбаракатро ба таҳқиқи илму таълими шогирдон бахшид. Зикр гардид, ки зери роҳбарии ӯ 26 нафар рисолаи номзадӣ ва се нафар рисолаи докторӣ ҳимоя карданд.

Профессори кафедраи матбуот ва PR-и Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Шариф Муллоев дар мавзӯи «Ёди неки инсони бузург» ва дотсенти кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Дилором Маҳкамова дар мавзӯи «Вазъ ва дурнамои таҳсилоти журналистӣ дар вилояти Хатлон»  суханронӣ карданд.

Дар чорабинӣ, ҳамчунин, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода ва намояндаи Ҷамъияти дӯстии халқҳои Тоҷикистону Қазоқистон К.Қурбонова ибрози ақида намуданд.

Маърӯзачиён баробари ёдоварӣ аз хислатҳои накуи профессор Абдусаттор Нуралиев, дар бораи мушкилоти соҳаи журналистика низ сухан гуфтанд.

Қобили зикр аст, ки профессор Абдусаттор Нуралиев 22 августи соли 1941 дар ноҳияи Қӯшработи вилояти Самарқанд таваллуд шуда, соли 1968 факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Қазоқистонро хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ барои кор ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даъват шуда, то охири умр вазифаҳои гуногунро дар донишгоҳи зикршуда ва Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ба уҳда дошт. Аз ҷумла, солҳои 1993-1996 декани факултети журналистика ва тарҷумонии ДМТ буда, таъсисдиҳандаи кафедраи журналистикаи байналхалқӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, муаллифи 15 асар ва садҳо мақолаи илмиву оммавӣ мебошад.

Профессор А. Нуралиев 20 марти соли 2020 дар шаҳри Душанбе вафот кард.

Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои илм ва таҳсилоти журналистӣ дар шароити рӯзноманигории чандрасонаӣ» бахшида ба 80-солагии профессор Абдусаттор Нуралиев  бо фарогирии 25 маърӯза дар ду бахш давом кард.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»