«Забони мо дар марҳилаҳои ҳассоси таърихи халқамон ҳамеша нақши тақдирсоз бозида, аҷдоди бошарафу тамаддунсози моро аз гирдоби ҳаводиси пуртазоди асрҳои миёна то ба имрӯз эмин нигоҳ доштааст. Ин аст, ки мо дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ оид ба эҳё ва густариши забони давлатиамон силсилаи тадбирҳои судмандро амалӣ намудаем».
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 апрели соли 2013
Таъкиду роҳбаладии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон моро водор менамояд, ки дар бораи таъриху забон ва дигар арзишҳои миллӣ таҳлилу тадқиқотҳои зиёде дошта бошем, ки ба воситаи онҳо дар замири ҷавонон худшиносӣ ва худогоҳии миллиро мустаҳкам намоем.
Маълум аст, ки забон аз бузургтарин омилҳоест, ки натанҳо бартарияти инсонро аз дигар махлуқоти олам фарқ мекунонад, балки бузургӣ, ифтихор ва бобарории ҳар як миллату халқиятро муаррифӣ менамояд. Дар бораи таърих, мақом ва бузургии забонҳо тадқиқотҳои хеле гуногун мавҷуд аст. Масалан, дар нимаи дуюми асри ХХ археолог ва этнографи боливиягӣ Дик Грассо дар пойтахти Боливия шаҳри Ла-Пас бо нафароне вохӯрд, ки онҳо хатҳои иероглифиро, ки таърихи 400-сола доштанд, хонда метавонистанд. Сухан дар бораи тамаддуни инкҳо меравад, ки ғасбгарони испанӣ маданияти онҳоро дар асри XV несту нобуд карда буданд. Он нафаронеро, ки Дик Грассо пайдо карда буд, алифбои лотинӣ ва забони испаниро намедонистанд, аммо ба усулҳои авлодии ниёгонашон системаи хати иероглифиро, ки решаҳои он то ба ҳазораи пеш аз аз мелод мерасад, озодона мехонданд.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯз ҳам бо забонҳои хеле қадимаи мурда мутахассисону коршиносон суҳбат карда метавонанд, мехонанд ва таҳлилу баррасӣ менамоянд, аз ҷумла бо забонҳои қадимаи юнонӣ, қадимаи славянӣ, забони қадимаи русӣ ва форсии миёна (паҳлавӣ). Забонҳои номбаршуда дар айни ҳол забонҳои мурда ба ҳисоб мераванд, зеро бо ин забонҳо дар дунё одамон муошират намекунанд. Вале, сарфи назар аз ин, мутахассисон онҳоро меомӯзанд ва хусусиятҳои онҳоро ба мардум пешниҳод менамоянд.
Аз ин бармеояд, ки мафҳуми забон барои дарки миллату ҷомеа муҳимияти махсус дорад, ки онро бо шаклҳои гуногун баррасӣ менамоянд. Масалан, забони модарӣ, забони дӯстӣ ва бародарӣ, забони миллат, забони давлатӣ, забони шеър ва ғайра…
Мо бештар дар мақолаву китобҳо бо чунин мафҳумҳо рӯ ба рӯ мегардем: забони маданияти мо, донишкадаи забонҳо, алоқаи байни забон ва тафаккур, забони аҳли биҳишт, забони илм ва ғайра. Ҳамзамон бо рушди технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ мафҳумҳои забонҳои иттилоотӣ, алгоритмӣ ва техникӣ ба миён омадаанд, ки бе онҳо имрӯз ҷомеаи инсонӣ худро тасаввур карда наметавонад.
Мувофиқи тадқиқотҳои Академияи илмҳои Франсия дар дунё зиёда аз 2796 забон мавҷуд аст, ки онҳо ба ёздаҳ гурӯҳи калон ва понздаҳ гурӯҳи забонҳои хурд тақсим мешаванд. Мардумоне, ки бо ин забонҳо гап мезананд, аз ҳафт то ҳашт ҳазор диалектҳоро истифода мебаранд. Олимони немис тасдиқ менамоянд, ки халқҳои ҷаҳони имрӯза бо чор ҳазор забон суҳбат мекунанд. Дар тадқиқотҳои илмӣ қариб, ки 5600 забонҳои зинда ва мурдаро мавҷуд медонанд. Умуман, дар илмҳои забоншиносию ҷомеашиносӣ дар бораи шумораи умумии забон ва диалектҳои гуногуни мардумони кураи замин баҳсҳои хеле шавқоваре мавҷуд аст, ки диққати ҳаводорони ин мавзӯъро ба худ ҷалб менамояд.
Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 130 забон ба ҳисоб гирифта шуда буд, вале ин маънои онро надошт, ки дар кишвар 130 миллат умр ба сар мебурд. Масалан, черкесу кабардинҳо ин ду халқият, вале як забон доштанд. Мордовҳо, комҳо ва марисҳо се халқият, аммо ду забони адабӣ доштанд. Барои он ки забонро ҳамчун забон ё диалект эътироф намоем, шумораи одамоне, ки бо он ҳарф мезананд, нақши муҳим надорад. Бо забони хитойӣ зиёда аз як миллиард одамон муошират менамоянд, бо забони англисӣ дар тамоми қитъаҳои ҷаҳон қариб ним миллиард одамон гап мезананд ва онро ҳамчун забони модарӣ ва забони муоширати байналмилалӣ истифода мебаранд. Ё ки якчанд миллион дигар бошандагони кураи замин забони русиро меомӯзанд ё медонанд.
Имрӯз барои мардумони мо ноил гардидан ба дастовардҳои илмию фарҳангӣ бе донистани забони русӣ хеле душвор аст. Ҳамин тавр, ҳамаи инҳо забонҳои бузурги ҷаҳонианд, ки бо мурури замон ва хусусиятҳои диалектикӣ инкишоф меёбанд ва ё мавқеашонро аз даст медиҳанд.
Дар баъзе кишварҳои на чандон калони дигар забон ва диалектҳои зиёде мавҷуд аст, ки ҳар кадом ба худ хусусиятҳои гуногун доранд. Чунончӣ, дар Доғистони Федератсияи Роосия тахминан 30 забон мавҷуд аст. Аз ҷумла аварӣ, лезгинӣ, даргинӣ, лакӣ, табосаронӣ (ҳамаи ин забонҳохат доранд), инчунин андийгс, картинӣ, ахвахӣ, багвалинӣ ва ғайра… Дар байни ин забонҳо ҳам равандҳои гуногуни диалектикӣ ба амал меоянд, ки боиси омезиш, рушд ва аз байн рафтани баъзе аз онҳо шуда метавонад.
Дар Тоҷикистони офтобии мо низ забон ва диалектҳои зиёде ҳаст, ба монандӣ яғнобӣ, шуғнонӣ, бартангӣ, сариколӣ, язғуломӣ, ишкошимӣ, мунҷонӣ, вахонӣ, ринӣ, сангличӣ ва ғайра…
Бар замми ин, боз дигар равандҳои тағйирёбандае маълум аст, ки забони гуфтугӯйи одамон аз хотираҳо ба фаромӯшӣ мераванд. Масалан, тоҷикони бумии Ҷумҳурии Халқии Хитой забони тоҷикиро қариб, ки фаромӯш кардаанд. Забони муоширати онҳо дар раванди таълиму тарбия забони уйғурӣ ҳаст ва дар вақти суҳбат вожаҳои зиёди архаистиеро истифода мебаранд, ки онҳо бо мурури замон шакл ва мазмуни дигар гирифтаанд.
Дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ ормуриҳо ва пошоиҳо, ки бо забони форсӣ гап мезананд, худро тоҷик меҳисобанд.
Бояд гуфт, ки этноними тоҷик дар чунин ҳолат бештар бо ду маънӣ истифода бурда мешавад. Якум, ҳамчун умумияти генетикию этнозабонии одамонро, ки забони тоҷикӣ, форсӣ барои онҳо забони модарӣ мебошад. Дувум, мафҳуми «тоҷик» бештар умумияти генетикӣ ва мадании як қатор халқҳои Осиёи Миёнаро ифода менамояд. Барои мисол, мо метавонем инро ба мафҳуми «славян» ё «миллатҳои славянӣ» муқоиса намоем. Яъне, ҳамчун мафҳуми «тоҷик» ва «тоҷиктаборон».
Сарфи назар аз ин омилҳо замони соҳибистиқлолӣ барои рушду пешравии забону анъанаву дигар суннатҳои миллӣ имконоти навро фароҳам намуда, барои устувории хотираи таърихӣ ва аз нав барқарор намудани саҳифаҳои фаромӯшшудаи таърихӣ мусоидат кард.
Дар баробари ин, забони модарии мо тӯли таърихи чанд ҳазорсола бисёр миллату халқият, қавмҳои саҳронишину таҳҷоиро ба ҳам оварда, ба онҳо маданияти гуфтор, рафтор ва кирдори некро омӯхт. Баъзе миллатҳои ҷавон бо ин забон худро ҳамчун миллати алоҳида ташаккул дода тавонистанд. Аз ин рӯ, эҳтиром ва донистани забони давлатӣ ин кушодани пайраҳа барои аз бар намудани дигар арзишҳоест, ки баҳри рушду такомули миллат мусоидат менамоянд.
Гулчеҳра Ҳоҷиматова, доктори илмҳои педагогӣ,профессор, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон