Забон сармояи зеҳнӣ, маънавӣ ва фарҳангии миллат аст

№125 (4545) 07.10.2022

IMG_9934Мусоҳиба бо директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Фарангис Шарифзода бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

 

- Мехоҳам суҳбатро аз вазъи забони давлатӣ шурӯъ кунем. Оё Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва  қоидаҳои имло ба таври лозима риоя мешаванд?

- Вазъи забон дар даврони соҳиб­истиқлолии кишвари азизамон яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад ва ҳар фарди огоҳу хештаншиносро бетараф гузошта наметавонад, зеро забони миллӣ бо  системаи ҷомеа чун ҷузъи узви ягона аст.

Бо итминон метавон гуфт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муассисаҳои давлатӣ комилан риоя мешавад. Бақои миллат ҳамроҳ бо устувору побарҷо мондани забони он аст, аммо на ҳама вақт соҳибони забон ба хавфу хатаре, ки боиси заъфу ноустувории забон мегардад, таваҷҷуҳ мекунанд ва ё ба ин масъала бо дидаи беэътиноӣ менигаранд. Ботаассуф, имрӯз лаҳни нохуши сухан ва гуфтори олуда бо калимоти бегона ба тамоми қишри ҷомеа роҳ ёфта, ба наҳве сурати маъмулӣ гирифтааст ва зарба ба фарҳанги волои мо мезанад. Хусусан, дар кӯчаю бозор дар маҷлису маҳфилҳо, ки табақоти гуногуни ҷомеаро фаро мегирад,  ба лаҳни носуфтаву омехта бо луғоти бегона сухан мегӯянд. Ҳама ин дағалию носуфтагӣ дар гуфтор аз коҳиш ёфтани сатҳи фарҳангии мост ва пеши роҳи ин раванди номатлубро бояд гирифт, зеро ин раванд аввал зарба ба забони миллиамон мезанад.

Тағйиру такмили имло дар ҳар забоне метавонад вуҷуд дошта бошад. Дар забони мо ҳам тартиби мукаммал сохтани меъёрҳои забон идома дорад. Баҳсҳо дар ин замина бисёр аст, вале муҳим он аст, ки мо дар масири дурусту рости пажӯҳишу таҳқиқи забонамон ва имлои он қарор гирифта бошем, яъне такмилу тадвини меъёрҳои забонӣ дар тӯли солҳо бо назардошти шароити таърихӣ, ҷуғрофӣ ва вазъи имрӯзии забон дар қаламрави густариши ин забон таҳия ва эҷод мешавад. Аз ин рӯ, бояд ҳамеша дар ҳоли нигаҳбонӣ ва ҳифзи дас­товардҳои забонамон дар самти таҳқиқу пажӯҳиши он бошем. Чопи китобҳо ва ҳама осори матбуъ дар ҳар давраи таърихӣ бо имлои роиҷ сурат мегирад, ки ҷараёни ислоҳу риояти қоидаҳои имлои он дар ҷомеа идома меёбад.

- Ба андешаи шумо Истиқлолияти давлатӣ то кадом андоза ба рушди забони давлатӣ мусоидат кард?

- Истиқлолияти давлатӣ истиқлолу озодии сиёсиву ҳуқуқӣ ва фарҳангиву забонӣ аст. Он боис шуд, ки дар кишвари мо — Тоҷикистон, Рӯзи забон бо қарори Ҳукумат ва  қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул ва таъин шудааст. Мавқеи забони миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ устувор ва аз банди фишору маҳдудияту тазйиқ раҳо шуд ва тибқи банди 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» «забони давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ»-и кишвар истифода мешавад ва метавон чанд далел аз мавқеву манзалати вай рушди забон дар замони истиқлолиятро қайд кард: Забони тоҷикӣ аз рӯи дараҷаи истеъмол аз поёнтарин зинаи замони шӯравӣ  — аз забони маҳалливу минтақавӣ дар зинаи забони давлатӣ қарор гирифт. Дар моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин омадааст: «1. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. 2. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад».

Бо қудуми мубораки истиқлолият забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуд. Таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат бештар шуда, қонун ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020 таҳти №647)  дар бораи рушду устуворӣ ва дар амал татбиқ кардани забони давлатӣ қабул шуданд.

Дар замони истиқлолият забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар ҳама зинаи таҳсилот — дар муассисаҳои ­миёнаи таҳсилоти умумӣ аз синфи дуюм то синфи 11, дар гурӯҳҳои таълимашон ба забонҳои ғайритоҷикӣ дар ҳаҷми 102 соат ва дар мактабҳои олӣ дар ҳаҷми  72 соат тадрис мешавад. Бо мақсади ба дараҷаи  забони илм расонидани забони тоҷикӣ  ва баҳри дурусту дақиқ  баён кардани матлаби илмӣ   теъдоди зиёди луғатномаҳои тафсирӣ ва соҳавӣ дар сиву як соли Истиқлолияти давлатӣ интишор ёфтанд. Бори аввал Пайкараи миллии забони тоҷикӣ (2019-2021) аз ҷониби мутахассисони варзида бо фарогирии  31 миллион вожа таҳия шуд. Ҷойномҳои Тоҷикис­тон аз ҷониби олимону муҳаққиқон таҷдиди назар шуда, лоиҳаи қонун бо фарогирии ҷойномҳои ҷумҳурӣ таҳия гардид. Комиссияи олии аттестатсионӣ ва шӯроҳои дифои тоҷикӣ таъсис ёфта,  аксари рисолаҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ навишта ва дифоъ мешаванд.

- Бо забони давлатӣ номгузорӣ намудани мавзеъ ва маҳаллаҳо иқдомест, ки бевосита аз ҷониби Роҳбари давлат ташвиқ мешавад. Мехоҳем оид ба ин масъала ва номҳои тоҷикии тавсиявӣ барои гузоштан ба кӯдакон, ки низ дар китоби алоҳида ҷамъ оварда шудаанд, назаратонро изҳор намоед. 

- Забон сармояи зеҳнӣ, маънавӣ ва фарҳангии ҳар қавму миллат аст. Ин сармояи бебаҳоро вай дар тӯли ҳазорсолаҳо барои нигоҳ доштани ҳувияташ, захоири  маънавию фарҳангӣ ва таҷрибаи зеҳнияш андӯхта, нигоҳ дошта, дар эҷоди фикрию ҳунариаш афзуда, то ба ин рӯз овардааст ва дифоъ аз асолати он, поку беолоиш нигоҳ доштани он вазифаи ҷонии ҳар фарди ҷомеа аст. Ҷойномҳо баёнгари таърих ва ҷуғрофиёи густариш ва фарҳанги мардуми тоҷиканд, аз ин рӯ интихоби дурусти онҳо шарт ва зарур аст, зеро онҳо дар саҳифаҳои таърихи рӯзгори тоҷикон сабт хоҳанд шуд. Дар таҷдиду баррасии ҷойномҳои Тоҷикистон кормандони институти мо ҳам саҳм гузоштанд ва ин кор аз иқдомҳои беҳтарини кишвар дар устувориву рушди забони миллист.

Забонро пок нигоҳ дош­тан аз ­масъалаҳои муҳими фарҳанги миллист. Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва густариши фазои иттилоотӣ ва равобити байнифарҳангиву забонӣ садди роҳи вуруди сели луғоти бегона шудан кори саҳлу осон нест. Давлат ва идораҳои дахлдор  кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то забон  поку беолоиш нигоҳдорӣ шавад. Забони мо ганҷинаи бебаҳои ҳазорсолаи вожагонро дорост ва мебояд барои фарзанд  номи дурустро бо маънои хуб, бахусус аз вожаҳои асили тоҷикӣ, интихоб кард, зеро номи фард баёнгари мансубияти этникиву фарҳангии  ӯст ва ин масъаларо волидайн бо масъулияти том бояд дарк кунанд.

- Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ яке аз ниҳодҳои асосӣ дар самти тадқиқоти илмии забоншиносӣ мебошад. Дар таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ олимони институт саҳм доранд. Олимон ба ҷуз аз корҳои илмиву тадқиқотӣ дар самти иҷрои масъулиятҳои шаҳрвандӣ, ба мисли тарғибу ташвиқи аҳолӣ барои эҳтироми забони давлатӣ боз кадом корҳоро иҷро мекунанд? 

- Ҳоло кормандони институт ­масъулияти муҳиму ҷиддӣ — дифоъ аз забону адабиёти миллиро бар дӯш доранд. Суҳбату мубоҳисаҳо дар мавриди арзишҳои илмиву фарҳангии забону адабиёти тоҷикӣ аз ҷониби кормандони институт дар воситаҳои ахбори омма мунтазам баргузор мегарданд. Чанд рӯз пеш дар бинои асосии  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ дар мавзӯи «Шеъри Рӯдакӣ: таҳқиқ, тарҷума ва нашри он дар Шарқ ва Ғарб» аз ҷониби ходимони илмии институт баргузор гардид, ки дар он маърӯзаҳои илмии арзишманди олимони маъруфи кишвар шунида шуд. Ба пешвози Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ҷилди якуми китоби «Таърихи адабиёти тоҷикӣ» (аз давраи бостон то ибтидои асри ХХ) ва ҷилди дуюми луғати мураттабсохтаи кормандони мо — «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ»  аз чоп баромад.

- Саҳми Президенти мамлакатро дар баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Хидматҳои  Сарвари давлат дар самти ҳифзу пойдорӣ ва баланд бардош­тани мақому манзалати забони миллӣ беназир мебошанд. Забони миллӣ пойдевори асосӣ дар ташаккули давлати миллист, зеро забони миллат рамзи ҳувияти афроди ҷомеа ва шиносномаи миллат аст. Дар ҷаридаи олам ва саҳифаҳои таърихи давлатдории тоҷикон корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёд­гузори аввалин давлати миллӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ бо хатти заррин сабт  хоҳад шуд. Хусусан, хидматҳои Ҷаноби Олӣ дар самти ҳифзу пойдорӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ беназиранд. Ҳама он корҳои мондагоре, ки аз оғози Истиқлолияти давлатӣ то ба ҳол ба анҷом расидаанд, бешак, хидмати Пешвои миллат аст.

Мусоҳиб

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»