Забон – василаи тақвияти мафкураи ватанпарастӣ

№13-14 (4275-4276) 02.02.2021

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон давраи нави рушди забони куҳанбунёди тоҷикӣ оғоз гардида, чун забони давлатӣ мақому манзалати баландро соҳиб шуд. Дар партави сиёсати фарҳанг­парваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ таҳти ҳимояи давлат қарор гирифт. Вазифаи ҷамъиятии забони адабии тоҷикӣ густариш ёфта, мақоми давлатии он дар ҳама арса таҳким ёфт. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба рушди забони тоҷикӣ такони тоза бахшид. Дар суханрониҳои Сарвари давлат ва асару мақолаҳои ба масоили забон бахшидашудаашон нақши забон ҳамчун падидаи фарҳанги миллӣ дар тақвияти худшиносии миллӣ, равнақи тафаккур ва шуури миллӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва омили муҳими давлатсозӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ пайваста таъкид мегардад.

Дар асари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат — ҳастии миллат» масъалаҳои мавқеи забони тоҷикӣ дар байни забонҳои эронии хонаводаи ҳиндуаврупоӣ, макони пайдоиши он чун забони адабӣ, таърих ва пайдоиши вожаи «тоҷик» ҳамчун номи халқ, барасси ақидаҳои олимон дар бораи таърих, маъно ва сайри таърихии мафҳуми «тоҷик», осори хаттии ба забони тоҷикӣ таълифшуда, рушди забони тоҷикӣ чун забони адабиёти бадеӣ ва забони илм дар асрҳои миёна, мавқеи байналмилалии забони тоҷикӣ, номҳо ва гунаҳои забони тоҷикӣ дар осори хаттӣ, инкишофу таҳаввули забони тоҷикӣ дар гирудори сиёсӣ ва таҳаввулоти иҷтимоӣ, шоҳкориҳои беназири адабӣ ба ин забон, саҳми адибон ва мутафаккирони бузурги тоҷик дар рушди забон ва услубҳои он, давраи шукуфоии забони тоҷикӣ, такмилу устувор гардидани пойгоҳи луғавӣ ва сохтори дастурии забони тоҷикӣ ба сифати забони адабӣ, забони тоҷикӣ ва муносибати он бо забонҳои дигар, рушди забони адабӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ, саҳми адибону мутафаккирони тоҷик дар равнақу инкишофи забони адабӣ, суфтаю устувор шудани меъёрҳои луғавӣ ва дастурӣ, таъсири ҳаводису муҳити сиёсию иҷтимоӣ ба гус­таришу равнақи забон ва ноҳамвориҳо дар рушди забони тоҷикӣ дар асари дигаргуниҳои мухталифи иҷтимоию фарҳангӣ дар асоси дастовардҳои нави таърихиву забоншиносӣ мавриди таҳлил ва баррасии амиқи илмӣ қарор дода шудааст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ба фаҳму дарки аҳли ҷомеа, махсусан насли ҷавон расонидани таъриху тақдири забони тоҷикӣ, қудрату тавоноии он ҳамчун муқаддасоти миллӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду нумӯи забони тоҷикӣ дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ба тақвияти худшиносии миллӣ, тарбияи рӯҳияи ватанпарастӣ, ифтихори шаҳрвандӣ, бедор намудани ҳисси муҳаббату эҳтиром нисбат ба забон ва омӯзишу аз худ намудани забони тоҷикӣ ва забонҳои дигар, инчунин ба боло рафтани сатҳи худогоҳии маърифатию маънавӣ ва мафкуравии сокинони мамлакат мусоидат мекунад.

Забон яке аз рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта, омили муҳими ваҳдати миллат маҳсуб меёбад. Илова бар ин, падидаи фарҳанги миллист, ки маҳз тавассути он миллат ҳувиятро таҳким бахшида, муаррифӣ месозад ва онро ҳифз менамояд. Ба ибораи дигар, забон ҳастии миллат мебошад. Ба сифати падидаи (феномени) фарҳанги миллӣ забон на танҳо ҷузъи фарҳанг ба ҳисоб меравад, балки вижагиҳои равонию маърифатӣ ва маънавии халқро низ инъикос менамояд. Дар забони ҳар миллат равоншинохтии ҳамон миллат акс ёфтаааст. Аз ин рӯ, забон бузургтарин ёдгории маданӣ ва маънавии миллат мебошад. Маҳз таввасути забон дастовардҳои фарҳангии миллат аз насл ба насл, аз як замон ба замони дигар, аз як давра ба давраи дигар, аз як қарн ба қарни дигар интиқол ёфта, дастраси башарият мегарданд. Забони миллӣ омили муҳими фарҳанг ва рушди он мебошад. Фарҳанги миллӣ аз бузургию шаҳомати миллат гувоҳӣ медиҳад. Забони миллӣ ва фарҳанги миллӣ ду ҷузъи падидаи ҳувиятсозӣ ва давлатсозӣ маҳсуб гардида, ҳифзи асолат ва таҳкими пояҳои онҳо бар мабнои рақобатпазирӣ бо фарҳангу забонҳои дигар вазифаи умдаи давлатист. Илова бар ин, ҳифзу таҳкими забон ва фарҳанги миллӣ ба таҳкиму устуворсозии пояҳои Истиқлолияти давлатӣ мусоидат мекунанд.

Тибқи қарори ЮНЕСКО 21 феврал ҳамчун Рӯзи забони модарӣ эълон шудааст, ки ба хотири ҳифзи забонҳои миллӣ ва забонҳои «хурди» осебпазир аз таъсири забонҳои ҷаҳонӣ мебошад. Ҳоло таъсири забонҳои байналмилалӣ ба забонҳои миллӣ, таъсиру фишори забонҳои «калонтар» ба забонҳои «хурдтар», ҳифзи забонҳои осебпазир аз масоили мубрами байналмилалии фарҳанг шинохта шудааст. Зеро шароити таърихию иҷтимоӣ ва сиёсӣ боиси он гардидааст, ки нуфузу таъсири забонҳои байналмилалӣ ё ҷаҳонӣ торафт меафзояд. Мувофиқи арзёбиҳои мавҷуда, 90 дарсади аҳолии дунё ба 13 забони умда ҳарф мезананд ё 75 дарсади одамон дар ҷаҳон ба 25 забони асосӣ ҳарф мезананд, ки ин аз ҳисоби қариб 6000 забони мавҷудаи ҷаҳон танҳо зиёда аз 1 дарсадро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, ЮНЕСКО бо қарори махсус давлатҳоро вазифадор намудааст, ки баҳри дастгирии забонҳои миллӣ ва соири забонҳои осебпазир тадбирҳои муассир андешанд, ки ба ҳифзу инкишофи забонҳо мусоидат намоянд.

Забони тоҷикӣ ба сифати забони миллии тоҷикон ва забони давлатӣ ва расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст. Маҳз таъсиси Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон имконият дод, ки забони тоҷикӣ моҳияти байналмилалӣ пайдо намуда, барои инкишоф ва густариши он шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Таърихи забони тоҷикӣ дар имтидоди беш аз 4000 сол маълум буда, ба он осори зиёди хаттӣ офарида шудааст. Тавре маълум аст, забони тоҷикӣ ба гурӯҳи эронии хонаводаи ­ҳиндуаврупоии забонҳо мансуб аст ва нисбати соири забонҳои ин гурӯҳ таърихи он бештар омӯхта шудааст. Таърихи забони тоҷикӣ бо таърихи забонҳои дигари ҳиндуаврупоӣ алоқаманд буда, далелҳои он дар пажӯҳишҳои таърихии забонҳои зикршуда мавриди истифода қарор мегиранд.

Маъмулан таърихи забонҳои эрониро бо дарназардошти пайдоиши аввалин осори хаттии боқимонда ба се давра ҷудо мекунанд, ки он ба даврабандии таърихи забони тоҷикӣ ва осори он иртибот дорад. Ба забони тоҷикӣ дар се марҳалаи таърихӣ осори хаттӣ то замони мо расидааст. Ин нукта зимни таҳлили даврабандии таърихи забони тоҷикӣ дар асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат — ҳастии миллат» чунин арзёбӣ гардидааст: «Даврабандии таърихи забонҳои эронӣ беш аз ҳама ба даврабандии таърихи забони тоҷикӣ (форсӣ) ва осори боқимондаи он иртибот дорад. Асосан ба он осори боқимондаи се давра форси бостон — давраи ҳукмронии сулолаҳои Ҳахоманишиён бо осори сангнабиштаҳои хати мехӣ ( асрҳои VI-IV то милод), форси миёна — осори паҳлавӣ ва монавии давраи Сосониён (асрҳои III-IX-X милодӣ) ва форси нав — забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) бо осори алифбои арабиасос (асрхои IX-X то ба ҳол) дохил мешаванд. Осори хаттии бозмондаи дастраси мо аз ҳамдигар аз лиҳози давра, вазъи сиёсию фарҳангӣ фарқ намуда, хусусиятҳои як марҳилаи муайянро ифода мекунанд».

Забони тоҷикӣ дар ибтидои пайдоиш, пеш аз ҳама, дар минтиқаҳои густариши забонҳои портӣ, бохтарӣ, суғдӣ ва соири забонҳои шарқиэронӣ пайдо шудааст. Намунаҳои аввалини осори забони тоҷикӣ дар қаламрави Балху минтақаҳои ҳамҷавор пайдо шудааст. Оид ба пайдоиш ва шаклгирии забони адабии тоҷикӣ дар асари «Забони миллат — ҳастии миллат омадааст: «Пеш аз ҳама аз тамоми забонҳои эронӣ ба забон тоҷикӣ ба сохтори овоиву дастурӣ ва вожгонии он забонҳои марҳилаи бостон — авестоӣ ва форсии бостон, марҳилаҳои миёна — портӣ, форси миёна, бохтарӣ (кушонӣ) ва суғдӣ таъсири зиёде доранд. Аз ин забонҳо забони порсии бостон ҳамчун забони поягузори забони тоҷикӣ дар аҳди бостон ва забони форси миёна ҳамчун забони поягузори мустақими забони мо дар аҳди миёна ҳисоб мешаванд ва аз рӯи ақидаи маълум забони тоҷикӣ-форсӣ-дарӣ идомаи бевоситаи забонҳои форси бостон ва миёна ба шумор мераванд. Забони портӣ, ки ба гурӯҳи забонҳои ғарбии эронӣ ва бохтариву суғдӣ, ки ба гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ шомиланд, дар такомули забон нақши муҳим доранд.».

Забони адабии тоҷикӣ идомаи забони адабиёти классикӣ мебошад, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номи порсӣ, дарӣ ё порсии дарӣ ёд мешавад ва осори зиёди хаттӣ бо он офарида шудааст. Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум мешавад, забони тоҷикӣ пеш аз татбиқи алифбои арабӣ барои ин забон собиқаи тахминан ҳаштсадсолаи истифодаи расмӣ доштааст. Марҳилаи дуюм осори хаттии бо хати арабӣ таълифёфта мебошад, ки номгӯи он ба ҳазорҳо мерасад. Забони тоҷикӣ ва гунаҳои он дар гузашта дорои густариши васеи ҷуғрофӣ буда, наздик будани шеваи нигориши ин осор бо забони тоҷикии мардуми Мовароуннаҳрро борҳо пажӯҳишгарон таъкид кардаанд. Оғози рушди қудрату неру ва дурахшу ҷилои забони тоҷикӣ ба давраи Сомониён рост меояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ватани пайдоишу макони рушду нумӯи забони форсии классикӣ маҳсуб ёфтани Хуросону Мовароуннаҳр таъкид намуда, барҳақ ёдоварӣ кардаанд: «Зикри ин матлаб муҳим аст, ки аксари шоирони аҳди сомонӣ зодаю парвардаи Хуросону Мовароуннаҳр мебошанд ва дар ашъорашон вожагону калимоти ин манотиқ бештар истифода гардидаанд. Аз ин рӯ, фаҳмиши маънии асли баъзе аз ин вожагону калимот барои шоирони форсигӯи ғарби Эронзамин чун Қатрони Табрезӣ мушкилот пеш овардааст, чунон ки Қатрон дар ин амр аз Носири Хусрави Қубодиёнӣ мадад ҷустааст.».

Забон падидаи иҷтимоӣ ва фарҳангист, ки дар асари таҳаввулоти иҷтимоӣ ба тағйироту дигаргуниҳо дучор меояд ва ин омили айниии (объективии) рушду инкишофи забонҳост. Забон ба истилоҳ табиати шахшуда ва тағйирнопазир надошта, дар асари таҳаввулоти берунӣ қонуниятҳои дохилии он низ метавонанд дигаргун шаванд. Дар дунё забоне нест, ки ба қавле танҳо дар деги худаш ҷӯшад. Хоҳ нахоҳ забон аз забони дигар вожаҳо, унсурҳои дастуриро вом мегирад (иқтибос мекунад). Забони тоҷикӣ низ аз ин конуниятҳои инкишофи забонҳо истисно нест. Пайдоиши забонҳои нав, дигаргун шудани номи забонҳои мавҷуда, пайдоиши номи нави забонҳо бо дарназардошти таҳаввулоти иҷтимоию сиёсӣ амри воқеист. Бо чанд ном маълум будани забони тоҷикӣ (дарӣ, порсӣ, форсӣ, порсии дарӣ, форсии дарӣ) низ ба омилҳои иҷтимоӣ вобаста аст. Бояд ёдовар шуд, ки номи забон аз ҷониби соҳибони он муайян мегардад. Аз тарафи дигар олимону донишмандон ин ё он номро бо дарназардошти асосҳои илмиву фарҳангӣ ва сиёсӣ хоси забон медонанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ин масъларо дар асари «Забони миллат — ҳастии миллат» чунин арзёбӣ намудаанд: «Зуҳури номвожаи Тоҷикистон ва таркиби «забони тоҷикӣ» дар ибтидои садаи XX сабабҳои хоси сиёсӣ ва далелҳои дурусти объективӣ низ дошт. Аввал он ки ҳангоми таъсиси номи ҷумҳуриҳои нав ва забони онҳо аз номи миллат ва қавму қабилаҳои сокини онҳо гирифта шуд, ба мисли Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон. Бинобар ин, Тоҷикистон ва забони тоҷикӣ низ мутобиқи ин меъёр буд».

Аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақвияти Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нақши бузурге бозид. Ин санади сарнавиштсоз давлати тозабунёди Тоҷикистонро чун давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона муаррифӣ сохта, мавқеи байналмилалии кишварро таҳким бахшид. Дар Конститутсияи ҳар кишвар муайян намудани номи забони расмӣ ва давлатӣ аз ҷумлаи масъалаҳои меҳварист. Номи забони расмию давлатии Тоҷикистон бо иттифоқи раъйи аксарияти мутлақи мардуми Тоҷикистон — забони тоҷикӣ пазируфта шуд. Пазируфта шудани номи забон ба меъёрҳои илмию фарҳангӣ ҷавобгӯ буда, аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ низ эътироф гардид. «Назар ба воқеиятҳои ҷорӣ, ба андешаи мо, номи расмии забони давлатии мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон «забони тоҷикӣ» ба тамоми меъёру талаботи илмӣ ҷавобгӯ буда, ҷанбаҳои сиёсӣ ва равонии масъаларо низ дар бар гирифтааст. Он ба монанди аксарияти забонҳои дунё баёнгари номи миллат, яъне тоҷикон ва кишвари онҳо Тоҷикис­тон мебошад.», — таъкид намудаанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари «Забони миллат — ҳастии миллат».

Қобили зикр аст, ки яке аз умдатарин омилҳои рушди босуботи мамлакат ваҳдату якпорчагии мардум мебошад. Ғояи миллии ваҳдат торафт ба умқи дарку фаҳми ҷомеа таъсир мерасонад. Дар тарғибу ташвиқи он нақши забони миллӣ басо бузург аст, зеро забони ягонаи адабӣ намояндагони ҳама забон, гӯишҳо ва лаҳҷаҳои Тоҷикистонро муттаҳид месозад. Забони тоҷикӣ ба забони муоширати байналхалқӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил меёбад. Дар асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид таъкид шудааст: «…Дар тамоми ин давраи таърихӣ, ҳатто дар сахттарин солҳои ҷанги дохилӣ яке аз манфиатҳое, ки тамоми гурӯҳу табақоти ҷомеаро, сарфи назар аз тамоюлоту сахтгириҳои иҷтимоию сиёсӣ, ба ҳам мепайваст, масъалаи забон буд. Ин ягона мавриде буд, ки ҳизбу ҳаракатҳои мухталиф нисбат ба он ҳамфикру ҳамақида буда, манфиати миллиро аз ормонҳои гурӯҳӣ ва ҳадафҳои зудгузари ҳизбиву идеологии худ болотар мегузоштанд.» (с.11 – 12).

Ҳамин тавр, метавон хулоса кард, ки ҳоло нақши забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун василаи мафкураи созандаи давлатӣ дар устуворсозии ҷанбаҳои фарҳангию маънавии ҷомеа, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва таъинсозии ҳувияти миллӣ, инчунин тақвияти нуфузи байналмилалии Тоҷикистон аз ҳар вақти дигар басо чашмрас ва ҳадафманд ба назар мерасад.

Назрӣ ОФАРИДАЕВ,

доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев