Забони мо тоҷикист ё форсӣ?

№103 (3897) 23.08.2018

Пажӯҳиш намою битарс аз камин,

Сухан ҳар чӣ бошад, ба жарфӣ бубин.

Фирдавсӣ

Форси точикиЗабони тоҷикӣ, ки бо он гузаштагону имрӯзиён осори фаровон ва гаронбаҳову ҷовидона офаридаанд, зиёда аз як аср аст, ки бо ҳамин ном, яъне бо номи аслӣ ва ҳақиқиву таърихӣ дар олами илму адабу фарҳангу сиёсат ҷой боз кардааст. Агарчӣ дар гузашта он асосан ба номҳои форсиву дарӣ ёд мешуд, ин маънои онро надошт ва надорад, ки ҳаққу ҳуқуқи забони тоҷикӣ гуфтани забони модариро билкул аз даст додаем ва бояд имрӯз ҳатман забонро «забони форсӣ» бигӯем. Не, ҳаргиз чунин нест, зеро баъди аз байн рафтани давлати миллии Сомониён ва рӯи кор омадани давлатҳои бегонатабори туркию муғулӣ мо-тоҷикон бо номи мусулмон мезистем, на давлат доштем (қудрати сиёсиву иҷтимоиву иқтисодиву низомӣ дар назар аст, ки барои вуҷуди як давлати миллӣ муҳим аст), на пойтахт.

Дарвоқеъ, шамшер, ки барои мавҷудияти давлат ва миллат нақши муҳим дорад, баъд аз Сомониён дигар дар дасти мо набуд. Мо дигар аҳли шамшери худ-Ҷамшеду Курушу Рустаму Исфандиёру Ҳушангу Яъқуби Лайсу Исмоили Сомониву Мунтасирро надоштем, онҳоро барои ҳамеша аз даст дода будем, танҳо қалам, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Закариёи Розӣ, Берунӣ, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ, Урфӣ, Назирӣ, Толиб, Нозим, Дониш, Шоҳин ва ғайраро  доштем, ки бо забони модарӣ-тоҷикӣ, ки ҳамон форсии дарӣ аст, осори гаронмояву мондагор эҷод мекарданд. Ин байти Нозим, ки бисёр машҳур аст, забони ҳоли миллати бесайф, аммо қаламдори мост:

 Ҷаҳонгирони маъниро макун нисбат ба Искандар,

Ба як мисраъ ду оламро мусаххар метавон кардан.

Мутаассифона, ин қалам дар хидмати аҳли шамшер будааст, аҳли шамшере, ки қудрати сиёсӣ дар дасташон буд, давлат дар дасташон буд, ба номи миллаташон давлатдорӣ менамуданд, яъне давлати шоҳонашон ба номи салотини турк (на тоҷик) ёд мешуданд. Аз ин рӯ, Аҳмади Дониши мусулмон (тоҷик) вақте ба Петербург меравад, ӯ намояндаи давлати тоҷикия, Тоҷикистон, мулуки Аҷам нест, балки намояндаи давлати салотини турк худро муаррифӣ менамояд ва мегӯяд:

 Зи дашти турк меоему аз вазъи адаб дурем,

Ҷунуне гар кунем, эй шаҳриёни ҳусн, маъзурем.

Бадбахтона, имрӯз як гурӯҳи ноогоҳ, бехабар аз таъриху забону миллати худ, «навназарон», гумроҳон огоҳонаву ноогоҳона, аз рӯи ғаразҳои шахсӣ дар дохил ва хориҷи кишвар фитнаангезӣ менамоянд, аз Тоҷикистони тозаистиқлол, ки арзишҳои миллӣ ва инсониро дар мадди аввал мегузорад ва эҳё менамояд, бадгӯӣ мекунанд, иғвогарӣ менамоянд ва бо баҳонаи «адолат» мехоҳанд, ки забони миллии тоҷикиро, ки забони модарии мост, забони форсӣ бигӯянд ва алифбои кириллиро, ки аз мутараққитарин алифбоҳои олам аст, зеро садонокҳояш навишта мешавад, ба алифбои бегона иваз намоянд. Гузашта аз ин, онҳо мехоҳанд, ҳувияти миллии моро ба ҳувияти диниву мазҳабӣ табдил диҳанд, ба ташкили давлату аморату хилофати исломӣ даст ёбанд ва андак-андак номи тоҷик, забони тоҷикӣ ва давлати миллии моро аз байн баранд.

Ин гурӯҳ асосан пасмондагони беҳувиятонанд, ки зери номҳои диниву мазҳабӣ паноҳ бурдаанд, аммо ба он номҳо ҳеҷ гуна иртиботи мустақим надоранд, насабномаву шаҷараномаҳояшон ағлаб ҷаъливу дурӯғинанд. Ба қавли Мавлоно:

 Хештанро бар Алию бар Набӣ

Бастааст андар замона ҳар ғабӣ.

Бинобар ин, онҳо имрӯз аз пайи насабномаву шаҷараномаҳои сохтаву бофтаанд. Худро сайидзода, эшонзода, шаҳришуур, Деҳбедӣ, аз авлоди Хоҷа Аҳрори Валӣ, қозизода, амирзода, бо як сухан, табақаи ашрофу ҳукмрони пешин, ки ағлаб атроку аъробу турку муғул буданд, медонанд ва ба аҳли кишвар муаррифӣ менамоянд. Лиҳозо, насабнома ва шаҷараҳои диниву мазҳабӣ месозанд.

Зимнан бояд гуфт, ки даъвогарон бехабар нестанд, балки як бахши онҳо огоҳона ба ин кор даст мезананд ва андешаҳояшон аз сарчашмаҳои гуногуни хориҷиву дохилӣ об мехӯранд. Ба сухани возеҳтар, гуфтаҳои онҳо дар заминаи гуфтаҳои ҳамфикрону ҳаммактабону ҳамақидаҳои дирӯзу имрӯзаашон тарҳрезӣ мешаванд, рӯи коғаз меоянд, ба эфир мебароянд ва саҳифаҳои рӯзномаву китобу интернету фейсбук ва ғайраро «зебу зинат» мебахшанд. Дар ҳақиқат, ин амалҳои онҳо, нуқтаи назару фитнакориҳояшон заминаи қавӣ доранд ва ба пешвоҳояшон иртибот мегиранд. Вагарна имрӯз кӣ гумон дошт, ки яку якбора масъалаи номи забон ба миён гузошта мешавад ва диққати аҳли ҷомеаро, ки дар пайи устувор кардани пояҳои истиқлолият, эҳёи арзишҳои миллӣ, расму оинҳои ниёкон устуворона гомгузорӣ менамоянд, ба мавзӯе, ки кайҳо боз ҳал шудааст ва ҷои чунучаро надорад, ҷалб менамоянд ва мардумро гумроҳ сохтанианд? Бинобар ин, ҳоло ба бархе аз сарчашмаҳои гумроҳкунандаи дохиливу хориҷӣ ба хонандагон ба иҷмол маълумот медиҳем, то бифаҳманд, ки даъвоҳо, тоҷикситезиҳо аз куҷо маншаъ  мегиранд. Масалан, устод Шакурӣ дар китоби «Забони мо ҳастии мост», ки соли 1991 нашр шудааст, нисбат ба ин истилоҳ ва соири истилоҳот назари мусбат дорад. Лиҳозо, мегӯяд: «Пайдоиши истилоҳоти «Тоҷикистон», «адабиёти тоҷик», «адабиёти форс-тоҷик» расмият ва шуҳрат ёфтани истилоҳи «забони тоҷикӣ» натиҷаи дигаргуниҳои иҷтимоиву сиёсии солҳои бисту сӣ, аз ҷумла натиҷаи таъсиси давлати миллии тоҷикон буд… Ин аст, ки ин истилоҳот ба фармоиши таърихӣ пайдо шудаанд ва дар сарнавишти халқи тоҷик роли таърихӣ бозидаанд. Аз ин рӯ, онҳо барои мо бисёр азизанд ва ба назари дигар миллатҳои эронинажод ҳам имрӯзу минбаъд арзишеро сазоворанд». Аммо ӯ пасон дар китоби «Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист», ки соли 2006 чоп шудааст, баръакси фикри мусбати болои худ, чунин фикри манфӣ ва гумроҳкунандаро баён менамояд: «Истилоҳи «адабиёти тоҷикӣ» дар Осиёи Миёна аз нимаи даҳаи бистуми садаи бистум бо фармоиши таърих арзи вуҷуд кард. Истилоҳи «забони тоҷикӣ» низ аз ҳамон вақт ба тақозои замон ба расмият пазируфта шуд. Пайдоиши истилоҳи «адабиёти форс-тоҷик» низ ба сабабҳои ҷиддии таърихӣ вобастагӣ дошт. Он маҷбурияти таърихӣ, ки боиси ба вуҷуд омадани он истилоҳот шуда буданд, дигар вуҷуд надоранд. Имрӯз вазъи таърихӣ дигар аст ва имконе ба миён омадааст, ки адолати таърихӣ барқарор шавад ва ба номи забону адабиёти тоҷикон баргардем ва  боз забони онҳоро забони форсӣ ва адабиёташонро адабиёти форсӣ биномем».

Мусаллам аст, ки ҳамин гуфтаи нобаҷою ғалати устод Шакурӣ замина ва сабаб гардидааст, ки имрӯз гурӯҳе дар дохил ва хориҷи кишвар даъво намоянд, ки забони мо форсист, на тоҷикӣ. Албатта, ин даъвои онҳо на танҳо заминаҳои дохилӣ, балки хориҷӣ ҳам дорад. Мисли мақолаи Ҷалоли Матинӣ ба номи «Дар бораи форсӣ лангвеҷ», ки соли 1988 дар Амрико, дар маҷаллаи «Эроннома» нашр шудааст. Ба қавли ӯ, «Садриддин Айнӣ нависанда ва шоири маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон китобе навиштааст бо номи «Намунаи адабиёти тоҷик». Вай дар ин китоб шарҳи аҳвол ва намунаҳое аз осори шоирону нависандагонеро, ки, ба заъми вай, ба забони тоҷикӣ шеър суруда ё китоб навиштаанд, овардааст. Бо он ки Айнӣ сахт кӯшидааст, ки шоирони форсизабонро аз Рӯдакӣ ба баъд «тоҷик» биномад ва забонашро «тоҷикӣ», дар мавриде чанд, зоҳиран аз сари саҳв, аз забони тоҷикӣ ба унвони «забони форсӣ» ёд карда ва ин амр ҳокӣ аз он аст, ки тағйири номи «форсӣ» ба «тоҷикӣ» дар Тоҷикис­тон мароҳили нахустинро мепаймудааст…».

Мутаассифона, ин донишманд пай набурдааст, ки устод Айнӣ ҳаргиз «саҳв» ва хато накардааст, балки ӯ тоҷикию форсиро муродифи ҳам медонад. Аз ин рӯ, онро гоҳ тоҷикӣ ва гоҳ форсӣ мегӯяд. Ин гуна корбурди як забон бо се ном (форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ) на танҳо аз ҷониби устод Айнӣ, балки донишмандони дигар, аз ҷумла донишмандони Эрон низ пазируфта шудааст. Шафеъии Кадканӣ гӯяд: «Яке аз ширинтарин китобҳое, ки ин авохир хондам ва баъзе қисматҳои онро борҳо ва борҳо хонадам, хотироти Садриддин Айнӣ аст. Ман ин китобро солҳо қабл дар яке аз китобхонаҳои фарангистон дида будам, вале намедонам чаро дар он аҳволи маро то ин ҳад таҳти таъсир қарор надода буд… Ин китоб дарёест аз иттилооти таърихию иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангию мазҳабии бахше аз Мовароуннаҳр (Ӯзбекистону Тоҷикистони кунунӣ) ва ганҷинаи гаронбаҳое аз истилоҳоту вожагон, истилоҳот ва амсоли забони форсии дарӣ ва тоҷикӣ, ки имрӯз ба бисёре аз калимот ба шиддат ниёзмандем. Қудрати нависандагии муаллиф ва ҳунари тавсифи ӯ дар навъи худ камназир аст ва ёди Абулфазли Байҳақиро дар зеҳни хонанда бедор мекунад».

Аммо тоҷикситезон ин ҳамаро нодида мегиранд ва ба ҷои забони тоҷикӣ ба кор бурдани танҳо истилоҳи «забони форсӣ»-ро, ки аз сарчашмаҳои мухталиф об мехӯрад ва бо мақсадҳои гуногун ташвиқ ва тарғиб мешавад, пешниҳод мекунанд. Албатта онҳо ҳис намекунанд ва намедонанд, ки Тоҷикистон давлати мустақил аст, тоҷик дорои ҳувияти миллӣ аст ва номи забонаш ба давлату миллати мустақил ихтисос мегирад. Агар дар замони бедавлатӣ, саҳеҳтараш надоштани давлати миллӣ, то ташкилшавии Тоҷикистон (1924, Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон ва соли 1929 Ҷумҳурии мустақил), номи забони модарии мо асосан бо номи форсӣ ва дарӣ ёд мешуд, бо ташкилшавии Тоҷикистон, баъди ҳазор соли бедавлатӣ, тоҷикон (тибқи фармудаи таърих ва ҳақиқату адолати таърихӣ) на танҳо соҳиби давлати миллӣ, балки соҳиби забони миллӣ, ки аз номи давлату миллат берун меояд, низ шуданд. Мустақилияти таърихӣ, соҳиби давлати миллӣ гаштан тақозо мекард, ки номи забони миллат, ки то ин дам бо сабабҳои айнию зеҳнӣ форсӣ ва дарӣ ном бурда мешуд, ба тоҷикӣ, ба номи аслии худ-забони модариамон тоҷикӣ иваз карда шавад, ном бурда шавад ва ҳақиқату адолати таърихӣ барқарор гардад.

Аз ин хотир, бояд бори дигар ин мавзӯъро дар миён наниҳем, яъне ба он барнагардем, зеро он ба фоидаи мо нест, он бар фоидаи бадхоҳони миллат мебошад. Бинобар ин, имрӯз аз нав коҳи куҳнаро бод кардан зарурат надорад. Гузашта аз ин, забони тоҷикӣ номидани забони мо дар асри гузашта  зарурати таърихӣ ва адолати миллию инсонӣ буд, ки анҷом пазируфт ва ин ҷараёни бебозгашт аст, пофишорӣ дар ин роҳ, алалхусус аз ҷониби ҳаммиллатон, беэҳтиромӣ ба Модар-Ватан ва миллату кишвари мустақил ва соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Мо имрӯз кору вазифаҳои дигари аз ин муҳимтарро пешорӯ дорем, ки бояд неру ва вақтро ба онҳо сарф намоем, ба ҳалли онҳо машғул шавем.

Забони форсӣ ё дарӣ номи умумии забони модарии мо-тоҷикону форсҳо ва форсизабонон мебошад, мисли забони туркӣ, ки номи умумии забони халқҳои туркнажод мебошад. Масалан, Ҷомӣ, ки дар асри XV зиндагию эҷод кардааст, забони Навоиро туркӣ, ки номи умумии забони туркнажодон аст, медонад ва мегӯяд:

Ба туркизабон нақше омад аҷаб,

Ки ҷодудамонро бувад муҳри лаб.

Бибахшид бар форсӣ гавҳарон

Ба лафзи дарӣ дурри назмоварон,

Ки гар будӣ он ҳам ба лафзи дарӣ,

Намондӣ маҷоли сухангустарӣ…

Аммо имрӯз бародарони ӯзбек Навоиро асосгузори адабиёти ӯзбек ва забонашонро забони ӯзбекӣ мегӯянд, на туркӣ. Албатта, онҳо аз ин номгузорӣ чизе бой надодаанд, балки бурд кардаанд, зеро забон (ӯзбекӣ) номи миллат ва кишварашонро ифода менамояд. Аз ин рӯ, ба онҳое, ки имрӯз дониставу надониста ин мавзӯъро дар миён мегузоранд, ҳушдор медиҳем, ки аз ин амали носавобу тафриқаангез даст кӯтоҳ намоянд, зеро эронинажодон имрӯз дар як императории бузург, ки фарогири Хуросону Эрону Мовароуннаҳр буд, зиндагӣ наменамоянд, балки дар давлатҳои мустақил ва ҷуғрофияи муайяни таърихӣ ба сар мебаранд, ки назм ва низоми гуногун доранд. Ба сухани равшантар, имрӯз он императорӣ дигар  вуҷуд надорад, дар сарзаминҳои васеи он давлатҳои гуногун ва мустақил ба вуҷуд омадаанд ва ҳар кадом аз онҳо номи вижа доранд.

Дигар, мо ба ин даъвогарон, ки истилоҳи «забони тоҷикӣ»-ро сохтаи болшевикон мегӯянд, нахуст дастур медиҳем, ки тамоми осори дараҷаи аввали гузаштагонро (аз «Авасто» сар карда, то «Шоҳнома»-ву «Таърихи Табарӣ»-ву «Форснома»-и Ибни Балхиву «Таърихи Чаҳонкушо»-и Ҷувайнӣ ва ғайра, камаш даҳ ҳазор китобро) бояд хонанд, зеро имрӯз мувофиқи назарияи нав як нафар агар даҳ ҳазор китоб мутолиа накарда бошад, наметавонад даъвои донишмандӣ намояд. Дигар, онҳо бояд осори адибону олимони ҷаҳонро бихонанд, баъд метавонанд ба масъалаи миллатшиносӣ, тоҷикшиносӣ, ба вижа масоили забоншиносӣ, ки бояд ба он танҳо мутахассисон, на филологҳо (сухансанҷон), балки забоншиносон (бахусус сарфу наҳвшиносон, лексикологҳо, овошиносон, мутахассисони таърихи забон, забони адабӣ ё меъёрӣ ва ғайра) машғул шаванд, зеро танҳо онҳо ҳуқуқ ва имконияти дар бораи забон дуруст сухан гуфтанро доранду бас. Ҳатто донандагони илми луғат низ наметавонанд дар бораи забон ба дурустӣ  изҳори назар намоянд, зеро илми луғат дигар аст, илми забон дигар. Чӣ расад ба ғайрифилологҳову ғайризабоншиносон.

Гузашта аз ин, гумроҳон, низоъангезон, эҳсосгароён ва аз таъриху илму фарҳанги гузаштаву имрӯзи миллат бехабарро, ки аз рӯи ғаразҳои сиёсиву мазҳабӣ ба ин масъалаи нозуку ҳассос, ки ба ҳаёту мамоти миллат ва кишвар ихтисос мегирад, даст мезананд, ҳушдор медиҳем, ки аз баррасии мавзӯъ, худдорӣ кунанд, мавзӯъҳоеро матраҳ намоянд, ки медонанд ва ихтисосашон аст. Онҳо куҷову баҳси  таърихи забону грамматика куҷо?

Ниҳоят, забони тоҷикӣ, ки забони модарии мо-тоҷикон аст, ҳеҷ гоҳ ба иваз кардани номи умумии он, ки дар пешинзамон роиҷ буд, ниёз надорад. Тоҷик имрӯз соҳиби давлат аст, ки номаш Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, номи забонаш тоҷикист. Беҳтарин ҷавоб ба иғвогарону тафриқаандозон шеъри волои устод Муъмин Қаноат аст, ки дар он барҳақ мегӯяд:

 Форсӣ гӯӣ, дарӣ гӯӣ варо, ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ,

Лафзи шеъру дилбарӣ гӯӣ варо, ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ.

Баҳри ман танҳо забони модарист, ҳамчу шири модар аст,

Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест, чунки меҳри модар аст.

З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам дӯст медорам варо,

Чун навозишҳои гарми модарам дӯст медорам варо.

Ҷамолиддин САИДЗОДА