«Аз каронаҳои баҳри Миёназамин то баландиҳои Ҳиндукуш, аз кӯҳсори Қафқоз то халиҷи Форс тӯли чандин аср забони тоҷикӣ барои бисёр халқҳои қитъаи Осиё забони давлатдорӣ ва дипломатӣ будааст».
Бо ин иқтибос аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конференсияи байналмилалии «Мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ» 9 июни соли ҷорӣ дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, кишварҳои хориҷӣ, вазорату идораҳои давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ва шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот баргузор гардид.
- Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад, — изҳор дошт раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода ва таъкид намуд: — Забон дар ҳама давру замон яке аз сарчашмаҳои асосии истиқлолияти миллӣ ва омили муҳими ташаккули миллат мебошад. Дар ин замина ҳанӯз 1100 сол пеш ба сулолаи Сомониён муяссар шуд, ки дар ҳудуди Мовароуннаҳру Хуросон бори нахуст дар таърих давлати мутамарказ ва миллии тоҷиконро бунёд намоянд.
Ташаккул ва паҳншавии босуръати забони тоҷикӣ дар асрҳои IX-X на фақат ба инкишофи халқи тоҷик мусоидат намуд, балки эътибори ин забон гувоҳномаи ҳувияти миллии тоҷикон гардид.
Пас аз суқути сулолаи Сомониён, ҳарчанд халқи тоҷик аз давлатдории худ маҳрум шуд, вале забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мақоми поянда дошт. корҳои ташкилу танзими давлатдорӣ, идораи девону дафтар ва коргузорӣ маҳз бо забони тоҷикӣ сурат мегирифт.
Ҷиҳати танзими истифодаи забони давлатӣ ва муайян намудани вазъи ҳуқуқии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекунад. Боби шашуми он маҳз ба истифодаи забони давлатӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ бахшида шуда, забони гуфтушунидҳо ва мукотибот, забони фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷа, созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ, забони шартномаҳои байналмилалӣ ва забони пазироӣ, гуфтушунид ва нишастҳои матбуотӣ бо намояндагони хориҷӣ дақиқ муайян шудаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷонибдории сиёсати давлатӣ дар бораи забон 30 июни соли 2012 «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» -ро тасдиқ намуд ва яке аз вазифаҳои асосии он робита бо марказҳои илмии ҷаҳон дар масъалаҳои таърихи забони тоҷикӣ ва таҳкими робитаҳои илмӣ бо кишварҳои ҳамзабон мебошад.
Раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ – тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Қарибӣ, профессори Донишгоҳи ҷомеи миллии исломӣ, муовини раиси Бунёди Бедил (Ҳиндустон) Қамар Ғаффор, ректори Донишгоҳи Дунёи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Сайид Махдум Раҳин, намояндаи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» Мансур Парҳезгор (Британияи Кабир) зимни суханронӣ аз мақоми арзанда ва моҳияти забон ёдовар шуда, пешниҳод намуданд, ки доираи омӯзиш ва таълими забони тоҷикиро дар кишварҳои олам бояд васеъ намуд.
Дар ҳамоиши мазкур 13 маърӯзаи илмии мутахассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. «Пешинаи таърихии корбурди забони тоҷикӣ дар мукотиботи байналмилалӣ» (доктори илмҳои филологӣ Мирзо Ҳасани Султон), «Доир ба иқтибоси истилоҳҳои тоҷикӣ — форсӣ дар забони русӣ» (доктори илмҳои филологӣ Тӯхта Ҷӯраев), «Дар бораи баъзе истилоҳоти «Шоҳнома», ки ба забонҳои аврупоӣ иқтибос шудаанд» (доктори илмҳои филологӣ Олимҷон Қосимов), «Густариши забони тоҷикӣ дар сарзаминҳои дур ва наздик» (раиси Департаменти дарии Донишгоҳи Кобул бону Азима Маҷид), «Вазъи дирӯзу имрӯзи забони тоҷикӣ ва форсӣ дар муҳити тоҷикони Чин» (номзадҳои илми филологӣ Шаҳбоз Кабиров ва Хуршед Кабиров) аз ҷумлаи маърӯзаҳои ҷолиб буданд.
Дар интиҳо аз ҷониби иштирокдорон Тавсиянома қабул гардида, баҳри рушду густариши забони тоҷикӣ-форсӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ва мақоми он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳкими омӯзиши забон дар кишварҳои хориҷӣ ва таъсиси марказҳои омӯзиши забони тоҷикӣ-форсӣ дар кишварҳои олам ва ҳамгунсозии истилоҳоти ҳавзаҳои форсизабонон, омӯзиши муқоисавии таърихии забонҳои мардуми эронизабон ва дигар ҳамкориҳо ба нақша гирифта шуд.
Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»