Захираҳои инсонӣ -омили муҳими рушди ҷомеа

№6 (4268) 16.01.2021

«Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пур­иқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияи нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисодии рақамӣ сафарбар намояд», — иброз доштанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 декабри соли 2019.

Дар гузашта ҳар шахсе, ки дорои сарват буд, кӯшиш мекард, ки бо роҳу усули гуногун онро зиёд гардонад. Дар ибтидо бештар ба истеҳсолот диққат медоданд. Баъдан, дар натиҷаи мураккаб гаштани муносибатҳои иқтисодӣ роҳбарони корхонаҳоро лозим омад, ки кормандонро барои таҷрибаомӯзӣ ба ташкилоту идораҳои дигар ё ба давлатҳои хориҷӣ фиристанд, то самаранокии кору маҳсулот ба даст ояд. Ин боис гардид, ки шуур ва малакаи кории кормандон зина ба зина боло равад. Қаблан дар мадди аввал истеҳсолотро мегузоштанд, ҳоло инсонро.

Кадрҳо теъдоди асосию штатии ташкилот мебошанд, ки ҳар гуна функсияҳои истеҳсолӣ — хоҷагидориро иҷро менамоянд. Онро бо ибораҳои «ҳайати кормандон», «коллективи меҳнатӣ» низ зикр мекунанд.

Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Т. Ғаниев дар китобаш  «Менеҷмент» навиштааст: «Аз рӯи ақидаи мардуми Ҷопон одамон монанди сангҳои гуногуни табиӣ мебошанд, ки аз онҳо девори пурқувват сохтан мумкин аст. Вазифаи роҳбарон дар он аст, ки ин сангҳоро аз хоку гил тоза ва бо ҳам мувофиқ кунонида, дар болои пойдевори пешина гузоранд, то ин девор боз ҳам бузургтар гардад».

Модели ҷопонии менеҷмент аз андешаи фалсафии «Мо ҳама узви як оилаем» маншаъ мегирад. Аз ин рӯ, вазифаи муҳими менеҷерони ҷопонӣ таъмин намудани шароити хуби меҳнат, ҳавасмандӣ ба меҳнати пурмаҳсул ва якдигарфаҳмӣ дар коргоҳ мебошад. Ширкатҳое, ки ин роҳро пеш гирифтаанд, ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудаанд.

Дар ҷомеаи ҳозира захираҳои инсонӣ барои рушди ояндаи кишвар нақши бузург дошта метавонад. Аз ин лиҳоз, ташкилотҳо (ҳам давлатӣ ва ҳам хусусӣ)-ро зарур аст, ки ба муассисаҳои таълимӣ рафта, шахсони лаёқатмандро ба кор ҷалб карда, барои пешрафти кори ҳайати кормандонашон онҳоро аз ҳисоби ташкилот ба такмили ихтисос фаро гиранд.

Дуруст ба роҳ мондани механизми сиёсати давлатии кадрҳо ба рушди босуботи кишвар оварда мерасонад. Аз ин рӯ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 31 декабри соли 2008 таҳти №582 қабул шудааст, ки сиёсати кадриро дар кишвар ба танзим медарорад.

Механизми татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо маҷмӯи меъёрҳо, принсипҳо, шаклу усул ва воситаҳои ҳуқуқиест, ки самаранокии интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, тарбия, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси онҳоро таъмин менамояд.

Мақому фаъолияти ҳозираи бисёр хадамоти кадрӣ чандон ҷавобгӯи талабот нест. Масъулин дониши назариявӣ ва таҷрибаи кор бо кадрҳоро надоранд. Ваколатҳои хадамот танҳо барои давраи гузариш муайян гардида, оянда ба ҳисоб гирифта нашудааст. Аз ин рӯ, гузаштан ба шаклҳои нави ташкилию сохтории бунёд ва идоракунии ҳайат ба мақсад мувофиқ мебошад.

Ҳоло дар кишвар дар зинаи ибтидоии касбӣ аз рӯйи 97 ихтисос, дар маркази таълими калонсолон — 57 ва дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ — 166, дар маҷмӯъ, аз рӯйи 454 ихтисос кадр омода мешавад.

Ҳамин тавр, сиёсати кадрҳо ва идоракунии ҳайат инкишоф ва истифодаи самарабахши қобилияти касбию шахсии инсонро бо дарназардошти талабот, вазифаҳо, имкониятҳои мақомот ё ташкилоти мушаххас таъмин менамоянд. Идоракунии ҳайат ҳамчун фаъолияти касбӣ метавонад дар як вақт омил ва манбаи муҳими идоракунии ҷомеа, давлат ва ташкилот буда, ба иҷрои вазифаҳои гузошташуда дар ин самт ва барои ноил шудан ба ҳамин ҳадафҳо мусоидат кунад.

Модели идоракунии захираҳои инсонии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба модели идоракунии кадрии ИМА шабоҳат дорад. Масалан, дар ИМА хусусияти назорати кормандон танҳо аз ҷониби роҳбар пешбинӣ карда мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамин гуна тартиби назорат татбиқ мешавад. Назорат ва самаранокии он дар мамлакат бояд такмил дода шавад. Чунончӣ, дар дохили ташкилот барои қабули қарори идоракунӣ аксар роҳбарон назару андешаи кормандони ташкилотро на ҳама вақт ба инобат мегиранд, ки ин амал самаранокии корро коста гардонида, ба кормандон таъсири манфӣ мерасонад.

Дар бораи баъзе аз мушкилоти ҳалталаб дар ташкилотҳои давлативу хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартиби зайл хулосабарорӣ кардан мумкин аст:

1. Ба таври бояду шояд тадқиқ ва ҷустуҷӯ накардани довталабон аз макотиби оливу касбӣ.

2. Соҳибкорон дар фаъолияти кори ташкилоташон бисёртар барои фоида кор мекунанд, на барои рушди зеҳнии кормандон.

3. Ҳарчанд қонунгузорӣ иҷозат намедиҳад, вале аз муҳлати муайяншуда зиёд кор фармудани корманд (ба ҷои 8 соати корӣ 10-12 соат кор кардан) ба хасташавии корманд оварда мерасонад.

4. Паст будани дараҷаи ҳавасмандгардонӣ дар баъзе аз ташкилоту корхонаҳо.

5. Баъзе аз кормандоне, ки собиқаи корӣ доранд, ба кормандони нав донишҳояшонро намеомӯзонанд.

6. Ҷой доштани амалҳои коррупсионӣ дар муносибат бо кадрҳо ва интихобу пешбарии онҳо дар ташкилоту муассисаҳо.

Аз ин лиҳоз, ба мо зарур аст, ки музди маоши кормандонро баланд бардорем, то ин ки корманд ҳавасманд бошад. Дар ин сурат метавонем донишу малакаи кормандонро пурра барои самаранокии кор истифода барем. Барои ҷалби кормандони ботаҷриба аз усули идоракунии Ҷопон, ки дар он ҷо довталабонро дар даврони мактабхониашон сармоягузорӣ мекунанд ва барои ояндаи ташкилот омода месозанд, истифода бурдан низ муфид аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои дорои малакаи баланд зиёданд, аммо як идда бо сабаби мушкилоти молиявӣ аз давом додани таҳсил даст мекашанд, ё ин ки баъди хатми донишгоҳ ба сабаби кам будани музди кор ё набудани ҷойи кор ба хориҷи кишвар мераванд. Таҷриба нишон медиҳад, ки давлатҳо ва кишварҳои дигар ин захираи бузурги инсониро ба нафъи хеш истифода мебаранд.

Дар ниҳоят, тавассути озмун ба кор қабул намудани довталабон барои пурқувват намудани иқтидори кадрӣ дар оянда замина мегузорад. Зеро гузаронидани озмуни шаффоф рақобати солимро байни довталабон ба вуҷуд оварда, имкон медиҳад, ки кадрҳои дар ҳақиқат ҳам лаёқатманд ба кор қабул шаванд.

Муҳаммадюсуф ТОШОВ,

магистранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғизои хушсифат-асоси маҳсулнокии чорво

Кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродови шаҳри Ҳисор серсоҳа буда, дар баробари кишти сабзавот, боғу токпарварӣ, пахтакорӣ ва ғалладонагиҳо, парвариши чорвои калони шохдор ва чорвои майда самти муҳими фаъолияти он ба шумор меравад.

Айни замон фермаи ширию молии хоҷагӣ дорои 800 сар чорвои калони шохдор буда, қисми зиёди он намуд­ҳои беҳтарини зотҳои «сиёҳало» ва «симентал» мебошад. Аз шумораи умумии чорвои калони шохдор  355 сари он ширдеҳанд, ки аз ҳар кадоми онҳо дар давоми сол то 5,5 ҳазор литр шир дӯшида мешавад.

 - Бурди асосии мо сари вақт захира кардани хӯроки серғизо барои чорво мебошад. Роҳбарият ва мутахассисон ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ин боис гардидааст, ки дар фермаи ширию молии хоҷагӣ ҳаҷми зиёди хӯроки чорво, бахусус, барои зимис­тонгузаронии солҳои 2020-2021, захира шавад, — гуфт зимни суҳбат раиси хоҷагӣ Баҳриддин Солиҳов ва афзуд: — Барои  бе мушкилӣ гузаронидани зимистони имсола зиёда аз чор ҳазор тонна хӯроки ширадор, аз ҷумла 600 тонна лаблабуи хӯроки чорво, 2700 тонна хӯроки дурушт, 900 тонна тарбеда ва хошоку коҳу пахол, захира шудааст.

Ҳоло хоҷагӣ дорои 1037 гектар замини обӣ буда, 500 гектари он барои кишти хӯроки чорво, амсоли юнучқа  250 гектар, ҷав — 45, гандум -25, лаблабу-10 ва ҷуворимакка  170 гектар, ҷудо шудааст.

Афзун намудани саршумор ва хушзоткунии чорвои калони шохдор низ дар назар буда, бо харидорӣ кардани зоти «симентал» аз Ҷумҳурии Федеративии Германия (соли 2018) саршумори ин зоти чорво рӯ ба афзоиш аст. Ҳамчунин, дар хоҷагӣ беш аз 1260 сар гӯсфанд парвариш ва ҳар сол саршумори онҳо зиёд мешавад.

Муҳаммад ЗОКИР,

  «Садои мардум»