Донишмандони тоҷик онро пурра ба кириллӣ баргардонданд
Кормандони Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Захираи Хоразмшоҳӣ»-ро, ки аз бузургтарин китобҳои тиббии Саид Исмоили Ҷурҷонӣ ба шумор меравад, пурра аз хати форсӣ ба кириллӣ баргардонданд.
«Захираи Хоразмшоҳӣ»-ро мутахассисони соҳа дар таърихи илми тоҷикон нахустин ва барҷастатарину муфассалтарин асари энсиклопедии тиббие муаррифӣ мекунанд, ки ба забони тоҷикӣ-форсӣ таълиф гардидааст. Дар он номи бемориҳо, тарзи муолиҷаи онҳо, доруҳо, растаниҳои тиббӣ ва хӯрокӣ, меваҳо, маъҷунҳо (чизи аз чанд модда таркибёфта) ва амсоли инҳо возеҳ нишон дода шудааст. Ҷурҷонӣ ин асарро, ки аз 65 ҷузъ, 78 гуфтор (мақола) ва 1197 боб иборат буда, 10 китобро фаро мегирад, солҳои 1113-15 дар Хоразм навиштааст. Тавре муаллифи асар дар муқаддима зикр кардааст: «… ки табибро андар ҳеҷ боб ба ҳеҷ китоби дигар ҳоҷат набошад ва ба сабаби бозгаштан ба китобҳои бисёр хотираш пароканда нашавад…».
Бо сабаби ниёзе, ки мардуми минтақа ва Аврупо ба ин китоби пурарзиш доштаанд, қариб бо соири забонҳо китобат шудааст. Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ин китоб, аз ҷумла, ба забонҳои ибрӣ, туркӣ низ тарҷума гашта, чопи сангии он ба забони урду дар Ҳиндустон мавриди истифода будааст.
Чунин китоби арзишманди илмӣ чаро то имрӯз нашр нашуд? Ҳақиқат ин аст, ки ба хотири анҷоми ин кор ҳанӯз охири асри гузашта (соли 1980) донишмандони тоҷик иқдом гирифтанд, ки он натиҷаи дилхоҳ надод. Пас аз дувоздаҳ сол китоби нахустини «Захираи Хоразмшоҳӣ» баргардон шуда ва ба табъ расид, аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки номукаммал ва бидуни муқоиса бо дастнависҳои мавҷудбуда. Аз ин хотир, Маркази мероси хаттӣ иқдом пеш гирифт шакли комили китобро нашр намояд. Ба ин кор кормандони марказ Иззатулло Мирзоев, Баҳриддин Мирзоев, Маҳмудёр Шарифов ҷалб шуда, кор ҳанӯз соли 2018 оғоз гардид. Мутахассисон китобро дар асоси 5 нусхаи муътамади қаламӣ ва 7 нусхаи чопии маҳфуз дар Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргардон намуданд.
- Захираи Хоразмшоҳӣ» ба сабаби муфассалу ҷомеъ будани мавзӯъҳои гуногуни тиббӣ, луғоту таркибот ва истилоҳоти зиёде, ки дар он ба кор рафтааст, яке аз сарчашмаҳои муҳим дар тиббу дорусозӣ, истилоҳоти тиббӣ ва забоншиносӣ аст. Муаллиф ҳини таълифи он беш аз 45 ҳазор истилоҳи тиббиро истифода кардааст. Теъдоде аз вожаҳову калимаҳо, ки мушаххас набуданд ва дар рафти кор мушкилоти зиёд пеш оварданд, бо хатти тоҷикии имрӯза мувофиқ кунонида, дар бахши луғатнома ба шакли навишти хатти форсӣ нишон дода шудаанд. Дар маҷмӯъ, барои ҳар ҷилд луғатнома бо тавзеҳи мухтасар тартиб дода шуда, дар бахши охир феҳристи мафҳумҳои асосӣ (бемориҳо ва доруҳо, гиёҳҳо…) оварда шудааст, — гуфт директори Маркази мероси хаттии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳматкарим Давлатов.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»