Муносибати ҳизбҳои сиёсӣ бо дин дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими дақиқ пайдо кардааст. Муҳимтарин манбаи ҳуқуқие, ки масъалаи мазкурро ба танзим медарорад, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ як силсила меъёрҳои қатъӣ муайян шудаанд, ки муҳимтаринашон инҳоанд:
- моддаи 8-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми гуногунии ақидатиро пешбинӣ карда, муқаррар мекунад, ки: «Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад»;
- ҳамин моддаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон «Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд…» манъ менамояд;
- моддаи 28-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти «ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбҳои характери демократӣ, динӣ ва атеистӣ дошта»-ро иҷозат дода, айни замон муайян мекунад, ки «Сохтор ва фаъолияти онҳо (яъне, ҳизбҳо — А. Ҳ.) бояд ба меъёрҳои демократӣ мувофиқ бошанд.».
Ҳамин тавр, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дидгоҳи васеъ дошта, дар ин самт барои шаҳрвандон ҳуқуқу озодиҳои васеъро пешбинӣ менамояд. Аммо масъалаҳои муайянтари фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қонунҳои дигари кишвар, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ба танзим дароварда шудааст. Қонуни мазкур хусусияти соҳавӣ дошта, аз масъалаи таъсис то раванди фаъолият ва қатъи фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро танзим менамояд.
Дар масъалаи муносибати ҳизбҳои сиёсӣ ба дин дар ин қонун низ як силсила меъёрҳои мушаххас омадаанд. Аз ҷумла моддаи 4-уми қонун муайян мекунад, ки: «Таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсие, ки мақсад ё амалашон ба зӯран сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкил намудани гурӯҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, маҳаллӣ, иҷтимоӣ ва диниро тарғибу ташвиқ менамоянд, манъ карда мешавад». Дар идома омадааст, ки «ҳизбҳои сиёсӣ ва аъзои он дар фаъолияти сиёсиашон ҳақ надоранд, ки аз ташкилоти динӣ истифода намоянд.».
Ҳамчунин моддаи 13-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» гирифтани ёрии моддӣ барои эҳтиёҷоти ҳизби сиёсиро муайян намуда, аз ҷумла муқаррар кардааст, ки ҳизбҳои сиёсӣ наметавонанд аз «ташкилоти хайрия ва динӣ», аз «ашхоси беном», аз «давлат, шаҳрвандон, корхонаҳо ва ташкилоти хориҷӣ, инчунин корхонаҳое, ки дар онҳо кишварҳои хориҷӣ саҳм доранд» ва аз «ҳизбҳои сиёсие, ки бо ҳизби ёрии молиявӣ расонидашаванда муттаҳид нестанд», ёрии моддӣ дарёфт намоянд. Таваҷҷуҳ ба ин масъалаҳо аҳамияти бисёр ҷиддӣ дорад.
Ҳамин тавр, агар меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дигари кишвар дар назар гирифта шаванд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ шароити васеи ҳуқуқӣ ва амалӣ фароҳам оварда, ҳамчунин марзҳои дақиқи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ нишон дода шудаанд.
Аз тарафи дигар, раванди татбиқи амалии меъёрҳои муайяншуда дар қонунгузории миллӣ нишон медиҳанд, ки дар ин самт ҳанӯз баъзе масъалаҳо ва мушкилоти баҳсталаб мавҷуданд, ки бо гузашти замон хусусияти ҷиддитар пайдо менамоянд. Яке аз чунин масъалаҳо муносибати ҳизбҳои сиёсӣ ба дин ва хусусан фаъолияти ҳизби сиёсии дорои характери динӣ дар кишвар мебошад. Таҳлили чандсолаи фаъолияти ҲНИТ, ки ҳамчун ҳизби сиёсии динӣ амал мекард, нишон дод, ки ин масъала бо мушкили ҷиддии ҳуқуқӣ рӯ ба рӯ гаштааст.
Барои расмият додани фаъолияти ҳизби сиёсии динӣ дар моддаи 28-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ибораи «ҳизби сиёсии характери динидошта» истифода шудааст. Ин банди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити хоси таърихию сиёсӣ қабул шуда, асосан зарурат ва воқеияти сиёсии он замон (солҳои 1998-1999)-ро ифода мекунад. Дар мавриди тарз ва шароити қабул шудани ин моддаи конститутсионӣ, пеш аз ҳама, ёдоварии нуктаҳои зерин зарур аст:
1. Дар он замон зарурати барқарории сулҳ ва оштии миллӣ тақозо мекард, ки ба хотири қатъ шудани низоъҳо фаъолияти ҳизби сиёсии динӣ ба таври умумӣ пазируфта шавад, зеро дар он замон масъалаи сулҳу ваҳдат дар мадди аввал меистод. Бинобар ин, фаъолияти ҳизби сиёсии динӣ на ҳамчун як асли пешрафтаи ҳуқуқӣ, балки пеш аз ҳама, ҳамчун як зарурати сиёсии ҳамон замон ва роҳи поён додан ба хунрезиҳо пазируфта шуда буд.
2. Ибораи «ҳизби сиёсии характери динидошта» низ дар он замон таъриф ва шарҳи дақиқи ҳуқуқӣ наёфта, балки барои ифода намудани ҳаракати сиёсии динии аллакай фаъолияткунанда интихоб шуда буд. Яъне, дар он замон масъалаи сиёсӣ ҳамин буд, ки бояд иҷозати фаъолият доштани ҲНИТ дар қонунгузории кишвар бо ягон роҳе сабт карда мешуд, то роҳбарони он ба сулҳ розӣ мешуданд. Бинобар ин, дар он замон ҳалли фаврии сиёсӣ барои ин масъала интихоб шуда, фурсати баррасии дақиқи ҷанбаҳо ва пайомадҳои ҳуқуқии масъала вуҷуд надошт.
Ҳамин тавр, аз ин ду нукта метавон хулоса намуд, ки бо вуҷуди дар сатҳи конститутсионӣ қабул шудани ибораи «ҳизби сиёсии характери динидошта», мафҳум, маъно ва марзҳои дақиқи ҳуқуқии ин ибора номуайян боқӣ монданд ва то имрӯз ҳам номуайян мебошанд. Албатта, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» баъзе масъалаҳои муносибати ҳизбҳои сиёсӣ бо динро танзим мекунад, ки тибқи он ҳизби сиёсӣ наметавонад аз ташкилоти динӣ истифода намояд. Айни замон ходимони расмии динӣ низ наметавонанд узви ҳизбҳои сиёсӣ бошанд.
Фаъолияти ҲНИТ дар солҳои охир нишон медиҳад, ки дар амал мушаххас намудани марзи мафҳумҳои «ташкилоти динӣ» ва «ҳизби сиёсии характери динидошта» бисёр мушкил мебошад. Маҳз ҳамин хусусияти васеи қонунгузорӣ мавриди суиистифодаи ошкорои ҲНИТ қарор гирифтааст. Масалан, дар таҷрибаи худ ин ҳизб пайваста фаъолиятҳо ва маросими диние, чун мавлуд, ифтор, таълимоти динӣ, озмуни қориён, шаби Қадр, намози ид, мавъиза, амри маъруф ва ғайраро баргузор менамояд, ки ин фаъолиятҳо ба ҳизби сиёсӣ умуман хос нестанд. Илова бар ин, ҳизби сиёсии динӣ дар таблиғоти ҳизбии худ аз мафҳум ва меъёрҳои динӣ васеъ истифода карда, аз дин ва эътиқоди динии мардум ҳамчун сармояи ҷиддии сиёсӣ истифода менамояд. Дар ин фаъолиятҳо таври дақиқ метавон дид, ки марзи байни «ташкилоти динӣ» ва «ҳизби сиёсӣ» аз тарафи ҲНИТ комилан поймол шудааст ва аз байн рафтааст.
Айни замон «ҳизби сиёсии дорои характери динӣ» дар таҷрибаи фаъолияти худ аз ташкилоти хайрия ва шахсиятҳои хайркунандаи дохилӣ ва хориҷӣ кумакҳои ҷиддии молӣ ва моддӣ гирифта, имкониятҳои зарурии фаъолияти худро таъмин намудааст. Масалан, дар солҳои охир намояндагони ин ҳизб аз ташкилотҳои гуногуни хайрия кумакҳо дарёфт намуда, аз ҳисоби ин ташкилотҳо барои таҳсил ва ё гузаштани курсҳои кӯтоҳмуддат ба кишварҳои хориҷӣ мераванд. Шояд аксари ин ташкилотҳо расман ҳизбҳои сиёсӣ набошанд, аммо тавре зикр шуд, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани кумакҳо аз ташкилоти хайрияи хориҷиро низ барои ҳизбҳои сиёсӣ манъ мекунад. Илова бар ин, мафҳуми «ёрии моддӣ» фақат ба маънои дарёфти пули нақд нест, балки вақте як давлати хориҷӣ ва ё як неруи сиёсии хориҷӣ тамоми хароҷоти таҳсил ва истиқомати дарозмуддати намояндагони ҳизби диниро дар хориҷи кишвар таъмин мекунад, инро низ ба тамоми маъно «дарёфти ёрӣ» ҳисобидан мумкин аст. Ё вақте як давлати хориҷӣ ва ё як неруи сиёсии кишвари хориҷӣ фаъолияти нашриёту сомонаҳо ва харҷи баргузории ҷаласаву анҷуманҳои ҳизби диниро дар хориҷи кишвар таъмин мекунад, инро низ «дарёфти ёрӣ» ҳисобидан мумкин аст. Пас, дар ин масъала низ ҲНИТ муқаррароти зикршудаи қонунгузории кишварро пурра поймол кардааст.
Илова бар ин, ҳизби динӣ ҳамчун ташкилоти динӣ аз шахсони алоҳида низ кумак мегирад, ки тибқи анъанаҳои хайрияи исломӣ, номи ин гуна шахсон зикр намешавад. Масалан, эълон мешавад, ки ин ифторро «як бародар» хайр кардааст ва ё «қароргоҳи ҳизбро як бародар таъмир кардааст» ва дар ҳаққи ӯ дуо кунед. Аммо агар ба ин масъала аз назари қонунгузорӣ нигарем, ин афроде, ки номашон ошкор намешавад, метавонанд ба категорияи «ашхоси беном» ворид шаванд. Аммо тавре зикр шуд, моддаи 13-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» гирифтани ёрӣ аз «ашхоси беном»-ро барои ҳизбҳои сиёсӣ қатъиян манъ кардааст.
Ҳамин тавр, ин ҳизб марзи «ҳизби сиёсии динӣ» ва «ташкилоти динӣ»-ро пурра бо ҳам омехта мекунад ва дар мавридҳои зиёд меъёрҳои қонунгузориро поймол месозад. Бинобар ин, яке аз сабақҳо аз давраи фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон ин аст, ки ибораи «ҳизби сиёсии характери динидошта» аз назари ҳуқуқӣ ибораи номукаммал ва тафсирпазир буда, ниёз ба ислоҳ ва такмил дорад. Яъне, фаъолияти ҲНИТ нишон дод, ки худи мавҷудияти иҷозати қонунӣ барои фаъолияти ҳизби динӣ моҳияти худро аз даст додааст ва дар натиҷаи поймолсозии пайвастаи қонун аз тарафи ҲНИТ, заминаи ҳуқуқии мавҷудияти чунин ҳизб пурра аз байн рафтааст. Илова бар ин, ин ҳизб дар тамоми давраи фаъолияти худ аз омили динӣ истифодаи ошкоро ё пинҳонӣ намуда, дар вазъияти бартарӣ доштан аз ҳизбҳои сиёсии дигар қарор дошт. Ин ҳолат ба худи моҳияти низоми бисёрҳизбӣ, ки бояд дар асоси баробарии имкониятҳои ҳизбҳои сиёсӣ сохта шаванд, мухолиф мебошад.
Ҳамин тавр, манфиати кишвар ва ҷомеа дар он аст, ки бо такмили қонунгузорӣ марзи муносибатҳои ҳизби сиёсӣ бо дин дақиқан муайян гашта, минбаъд дар сатҳи қонунгузорӣ имкони истифода ва суиистифодаи ҳизбҳои сиёсӣ аз дин ва фаъолиятҳои хоси ташкилоти динӣ пурра аз байн бурда шавад.
А. Ҳаким, ҳуқуқшинос
Хабарҳо аз кишвар