…Касе намеомад. На аз шуъбаи маориф ва на аз ҳукумати ноҳия. Он солҳо (солҳои 1993-2000-ум) дар минтақаи Ваҳдат, бахусус Роҳатӣ, вазъ бағоят мураккаб ва хатарзо буд. Ҳама аз дастаҳои мусаллаҳ тарс доштанд. Вазъи мактабҳо табиист, ки хеле вазнин буд.
Ҳаводиси фалокатбор ба таълиму тарбия латма ворид кард. Тадриҷан дастрас нашудани моҳона омӯзгоронро ба бунбаст дучор кард. Лаҳзаҳои мушкил фаро расид. Зарурати гузаронидани ислоҳоти пулӣ ба миён омад. Аммо ин амали саҳлу сода набуд. Дар ёди ҳама ҳаст, ки дар ибтидо рубли русӣ ба кишвар ворид гардид. Ба омӯзгорон дар радифи дигар кормандони бахши буҷавӣ андаке маош доданд. Бо ин маблағ колову маҳсулоти зиёд ва ғизо харидан имкон надошт. Он шабу рӯз аслан такопӯи мардум баҳри дарёфти нон равона гардида буд. Дар чунин вазъи навмедкунанда нахустин маротиба иддае аз омӯзгорони дурандеш даст ба тиҷорат заданд. Дар заминаи эҳтиёҷу ниёзмандӣ афкоре дар мағзи онҳо зуҳур кард, ки бо пули ночиз набояд якбора харид кард. Ба ибораи Ҷӯрақули муаллим, ки қаблан ба ғайр аз муаллимӣ (вай бо синфҳои поёнӣ машғулият мегузаронд) дӯконча кушода, ба хонандагон чалпак мефурӯхт, муаллимон ба «остонаи иқтисоди бозорӣ» қадам гузоштанд. Рӯзҳои истироҳат як идда муаллимон баҳри фаҳмидани нархи маҳсулоти ғизоӣ, минҷумла, гандум ва биринҷу равған, роҳи Ҳисори Шодмонро пеш гирифтанд. Аз бозори марказии ноҳия онҳо биринҷ оварданд ва рӯзи якшанбеи ҳафтаи дигар ба бозори минтақа бароварданд. Савдо барор ва ба қавли марҳум Давлатшо Раҳматов, «биринҷ-бизнес» авҷи тоза гирифт. Ҳар ҳафта як рӯз муаллимони тоҷир ба Ҳисор, Регар, баъдтар Деҳнави Ӯзбекистон баҳри хариди биринҷу равған сафар мекарданд. Аз ҳисоби савдои нав зиндагиро пеш мебурданд. Аммо…
Солҳои баъдӣ бархе аз муаллимон озими Россия гардиданд. Қисме ба ваҷҳи маоши кам ва онро ҳам сари вақт дастрас накардан даст аз пешаи омӯзгорӣ «шуста», ба савдо машғул шуданд. Вале гурӯҳе, ки сарсупурдаи касб ба шумор мерафтанд, по аз остонаи дабистон дур намонданд. Дар хотирам мондааст, ки моҳи сентябр талабагон ба мактаб омаданду қисме аз синфҳо бе муаллим монд. Ба вижа, хонандагони синфҳои поёнӣ дар ҳасрати муаллим буданд. Ин ҳол ду ҳафта идома ёфт.
Боре хонандагонро ҷавоб доданӣ шудем, ки духтару писараке бо чеҳраи ғамзада ва нигоҳи маъюс хитоб карданд:
- Муаллим, шумо моро дарс намедиҳед? Агар хонандагони синфро ҳам сабақ надиҳед, ақаллан ҳар дуи моро ҳамроҳи талабагони синфатон… Чашмони пурашки писару духтаракро дидаму дар ҷоям такон хӯрдам. Чӣ бояд кард?
- Майлаш, — онҳоро дилпур кардам. — Имрӯз равед, пагоҳ барои шумо муаллим меёбем.
Ҳамон рӯз амаки Рустам, ки дар ҳамсоягии мактаб зиндагӣ мекард, хоҳиш кард, ки писараш Мирзоро, ки дар синфи 4 «в» бояд таҳсил кунад, дарс диҳам.
Нисфирӯзӣ дар дафтари муаллимон перомуни ин масъала фикри хешро ба директору муовинаш иброз доштем. Директор гуфт:
- Дар синфи 4 «а» Малахов дарс мегӯед, синфи 4 «б»-ро муаллим Ёров Нарзулло таълим медиҳад, синфи 4 «в» муаллим надорад. Чанд омӯзгоре, ки дар мактаб ҳастанд, дар дигар синфҳо банданд. Ана ҳамин хел муаммо, — оҳ кашид сарвари дабистон ва маъюсона аз тиреза ба берун нигарист.
- Як пешниҳод дорам, — роҳи ҳалли мушкилиро дарёфтанӣ шуд муовини директор Меҳриддин Назаров. Илоҷ ҳамин ки роҳбарии ин синфро ба зиммаи директор вомегузорем.
Директори мактаб Маҳмуд Убайдов хеле ба андеша рафт.
Вақте мебинам, ки хонандагон бо садои занг ба синф ворид мешаванду хонандагони синфи 4 «в» навмед дар берун мемонанд, обу адо мешавам.
Фардо хонандагони синфи 4 «в» хурсанд ба мактаб ҳозир шуданд.
- Мо омадем, муаллим, — хитоб карданд онҳо. Имрӯз дарс мехонем?
- Албатта, — рӯҳбаланд кардам хонандагонро.
- Кӣ дарс медиҳад? — ба пурсиш гузаштанд чанд нафар.
- Ҳамин ки дарс сар шуд мебинед, — фаҳмондам ба онҳо.
- Медонам, кӣ ба мо дарс медиҳад, — хандида, гуфт духтараки дирӯза, ки Ҳилола ном дошт.
- Кӣ? — таҳпурсӣ кардам ман.
- Шумо, — табассум дар лаб гуфт номбурда.
- Шуморо дарс намедиҳам.
- Чаро муаллим? Боз гуфтанд, ки шумо дарс медиҳед, — қадре норозӣ посух дод Ҳилола ва ба ҳамсинфонаш нигарист.
Занг садо доду ҳама ба синфҳо даромаданд. Дигар хонандагонеро дучор намеомадам, ки дар талаби дарсу омӯзгор интизорӣ мекашиданд.
Вақт тирвор мегузашт.
Тадриҷан дастрасии нон ба он андоза вазнин гардид, ки қисми зиёди муаллимон дар назди корхонаи нонбарорӣ, ба истилоҳи мардум «Хлебзавод»-и шаҳри Душанбе, дар интизории чанд дона хлеб шабро саҳар мекарданд.
Маъмурияти мактаб ба қарор омад, ки боғи мактабро муваққатан ба омӯзгорон тақсим карда диҳад, то гандум коранд. Муаллимон заминҳоро каланд карда, гандум кориданд. Хонандагонеро медидем, ки баҳри аз чанголи гуруснагӣ раҳо ёфтани хонадонашон аз гандумпая хӯша ҷамъ меоварданд. Миёнаи тирамоҳ колхоз як тракторро ба мактаб фиристод, ки бордонаш пур аз гандум буд, Муаллимон шодмонӣ доштанд.
- Бар сари фарзанди одам ҳар чӣ ояд, бигзарад, — пандомез мегуфт муаллимаи собиқадор Башорат Қурбонова (хонаи охираташ обод бод!). Мо дар бинои кӯҳансохт ба сабақомӯзӣ машғул будем. Тирамоҳ аз боми синфхонаҳо борон ба фарш мерехт. Бухорӣ умуман вуҷуд надошт.
Бо гузашти солҳо ва барқарориву эҳёи сулҳу оромӣ дар кишвар, вазъ тағйир ёфт ва соли 2003 бинои замонавии мактаб ба истифода дода шуд. Он лаҳза чеҳраҳои нурбори омӯзгорон Нарзулло Ёров, Башорат Қурбонова, Раҷабгул Саидова, Муҳайё Назарова, Вера Синитсина, Муътабар Бобохонова, Бобобек Раҷабов, Додарбек Раҳимов, Насриддин Давлатов, Зулфия Абдураззоқова, Лутфия Ҳаётова, Баракатулло Сафовуддинов, Давлатшо Раҳматов, Ҳасан Убайдов, Меҳриддин Назаров, Маҳмуд Убайдовро ба мушоҳида гирифта, мехостам фарёд кашам, ки:
- Эй мардум! Бингаред, ба ононе, ки ба маънои комилу пуррааш қаҳрамонанд, ҷонфидову содиқи марзу хоки Ватананд. Онҳо аз зумраи шахсоне ҳастанд, ки рӯзҳои пуразобро пушти сар карданд.
Мактабро тарк накарданд, аз муқовимат бо зиндагӣ хаста нагардиданд, наҳаросиданд, неруро ба суди фарзандони сокинони деҳ истифода карданд.
…01.09.2012. Духтарчаи зебову зардинамӯе, ки ба синфи якум қадам мондааст, занг мезанад, занги оғози соли таҳсили навро. Ин занг ба хотирам солҳои ҷанги шаҳрвандиро овард. Аз кадом гӯша овози Ҳилола, ки дар синфи 4 «в» мехонд, ба гӯшам расид:
- Муаллим, шумо моро дарс намедиҳед?
Шодӣ РАҶАБЗОД,
нависанда